ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАРДОШТ АЗ ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН

БАРДОШТ АЗ ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН

05 ноябр 2024, Сешанбе
29
0

 

Бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Норак Фестивал-намоиши анорпарварон таҷлил карда шуд, ки дар он хоҷагиҳои анорпарвар аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни анорро пешниҳод намуданд. 

Дар чорабинӣ муовини якуми вазири кишоварзӣ Нуралӣ Асозода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Президенти АИКТ Амонулло Салимзода, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Усмон Маҳмадёрзода, намояндагони як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.  
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш тарғиби рушди анорпарварӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, табодули таҷриба ва татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот мебошад. Баргузории Фестивали анорпарварон барои табодули таҷриба ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ имконияти хуб фароҳам овард. Дар ин рӯз аз тарафи олимони соҳаи кишоварзӣ барои парвариш ва интихоби навъҳои серҳосили ниҳоли анор ба боғпарварон тавсияҳои муфид пешниҳод гардид.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, дар ҷумҳурӣ 2722 гектар боғи анор аст, ки аз ин 1359 гектар боғи ҳосилдеҳ мебошад. Хоҷагидорон соли гузашта наздик ба 5000 тонна анор ҷамъ оварданд. 
Дар Фестивал-намоиши анорпарварон хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида, ки дар рушди соҳаи анорпарварӣ  ва баргузории чорабинии мазкур саҳми арзанда гузоштаанд бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз шуданд.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорат Лоиқ Тӯйчизода иттилоъ дод.

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.11.2024 №: 219-220
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив