ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ БЕСОБИҚАИ БАДАХШОН

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ БЕСОБИҚАИ БАДАХШОН

09 октябр 2024, Чоршанбе
24
0

 
Таърих гувоҳ аст, ки ориёиён ҳанӯз се ҳазор сол пеш дорои анъанаҳои давлатсозию давлатдорӣ буданд ва метавон чандин давлатҳои хурду калонро ном бурд, ки дар қаламрави тамаддуни ориёӣ вуҷуд доштанд. Яке аз аввалин давлати умумиориёӣ империяи бузурги Ҳахоманишиён шинохта мешавад, ки дар сарчашмаи давлатдории он Куруши Кабир меистод. Нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар, ки таърихи 2500-сола дорад, маҳз таҳти роҳбарии Куруши Кабир таҳия шудааст. Минбаъд ҳам, низому шеваи давлатдории миллии мо ба хазинаи назария ва амалияи давлатдории умумибашарӣ неъматҳои бебаҳо ворид намуд. 
Мутаассифона, охири асри Х аҷдоди мо қурбони дасисаву бозиҳои ноҷавонмардонаи аҷнабиён ва хиёнати дарбориён гардида, зимоми давлатдориро аз даст доданд. Аммо маҳз андеша, тафаккур ва шуури миллӣ имконият фароҳам овард, ки дар чунин ҳолат ҳам аҷдоди мо забон, фарҳанг, урфу одат, анъана, арзишу эътиқоди созандаи худро то асри ХХ нигоҳ дошта тавонистанд. Дар ибтидои асри  ХХ ҳам тоҷикон ба мухолифату муқобилияти шадиди  ҷараёнҳои миллатгарою нажодпараст ва иртиҷоии динӣ, ки мехостанд мавҷудияти миллати  бузурге ба номи тоҷикро дар Осиёи Миёна инкор созанд, рӯ ба рӯ шуданд. Вале ба шарофати муборизаҳои шадиди қаҳрамонони миллат Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва садҳо миллатдӯстони бомаърифат Тоҷикистон мақоми ҷумҳуриро касб намуд. Дар арафаи қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати неруҳои миллатдӯсту ватанпараст ба забони миллиамон мақоми давлатӣ  дода шуд. Аммо, мутаассифона, баъзе неруҳои дохилию хориҷӣ ҷиҳати роҳандозии  манфиатҳои муғризонаи худ аз ин суиистифода карда, маҷрои ҳаракати озодихоҳиро ба самти низоъ равона намуда, дар як муддати кӯтоҳ ҷанги фарогири таҳмилиро роҳандозӣ сохтанд. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон ҳам чун дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Истиқлолиятро Тоҷикистон ба осонӣ ба даст овард, вале дар ҳифзи он мушкилиҳо пеш омаданд. Дар ин давра дар мамлакат сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида, гуруснагиву нодорӣ, дар ин замина, норозигиҳо доман паҳн карданд. Дар мамлакат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Алангаи он боиси ҳалокати ҳазорҳо нафар фарзандон ва гуреза шудани зиёда аз як миллиону панҷсад ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон гардида, хисороти зиёди моддию молиявӣ ба бор овард. Дар ҳамин ҳол Иҷлосияи XVI таърихию тақдирсози Шурои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид ва дар асоси қарорҳои муҳими қабулнамудаи он Ҳукумати конститутсионӣ интихоб ва шохаҳои ҳокимият барқарор шуданд. Дар ҳамин Иҷлосия вакилони мардумӣ нафареро Роҳбари кишвар интихоб намуданд, ки даврон маҳз ба чунин шахсият ниёз дошт. Ҷавон, вале кордону ботаҷриба, ғаюр, вале ботадбир, нотарсу меҳнатқарин, аз ҳама муҳим ватандӯсти ҳақиқӣ. То ҳадде, ки борҳо ҷони ҷавони худро барои оромиву ободии кишвар ва осудагии мардумаш дар хатар гузошт. Ин кас Эмомалӣ Раҳмони ҳамагӣ 40-сола, вале дар кӯраи хизмати давлатӣ обутобёфта мебошад, ки нақши ӯ дар таърих, балки тақдири давлату миллат хеле бориз аст. Дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат Роҳбар ва миллат Пешворо ёфтанд, ки қавлашон бо амалашон тавъам мебошад. Маҳз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон тавонист истиқлолияти худро аз гирдоби хатари ҳаводиси айём наҷот диҳад. Ба туфайли ин шахсияти таърихӣ Тоҷикистонро имрӯз аксарияти мамолики дунё ба расмият мешиносанд ва ба Сарвари он чун сиёсатмадори барҷастаи сатҳи байналмилалӣ арҷ мегузоранд. 
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ пешравиҳои зиёде рӯйи кор омаданд. Бо дастур, дастгирӣ ва иштироки Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 1994 дар ноҳияи Шуғнон агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Помир-1” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин на танҳо дар беҳбуд бахшидани сатҳи некуаҳволии мардум саҳми бориз гузошт, балки дар миқёси мамлакат ҳам он замон як рӯйдоди таърихӣ маҳсуб меёфт. Ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани вилоят ва бо энергияи барқӣ пурра таъмин намудани он тадбирҳои судманд андешида шуда, айни замон ду лоиҳаи бузурги давлатӣ – бунёди роҳи байналмилалӣ ба масофаи 92 километр аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон ба маблағи 2,5 млрд сомонӣ ва сохтмони НБО “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа ба маблағи зиёда аз 700 млн сомонӣ идома дорад.
Илова бар ин, дар ин самтҳо бо супориши роҳбарияти олии мамлакат корҳои лоиҳакашӣ ва асосноккунии таҷдиди роҳи магистралии автомобилӣ аз даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон ва НБО “Санобод” дар ноҳияи Рӯшон давом доранд.
Баҳри таъмини бехатарии озуқаворӣ марказҳои логистикии Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят таъсис ёфта, бо вусъати кор дар соҳаи кишоварзӣ, яъне беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, соҳилмустаҳкамкунӣ, таъсис ва барқарор намудани боғҳою гармхонаҳо ва ғайра чораҳои муассир андешида мешаванд. Дар ин росто, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ кушода мешаванд. Умуман, то соли 2026 дар вилоят зиёда аз 92 иншооти саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
 Танҳо дар як соли охир дар вилоят корҳои зиёд анҷом пазируфта, зиёда аз 500 иншоот сохта, ба истифода дода шуд. 
Дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ соли гузашта дар ноҳияи Мурғоб неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 600 кВт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. Барои амалисозии ин лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд беш аз 1 миллиону 379 ҳазор доллари ИМА равона гардид. 
Дар маҷмуъ, дар вилоят танҳо дар самти роҳсозӣ айни ҳол амалисозии  13  лоиҳаи  сармоягузории давлатӣ ба маблағи  зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад. Айни ҳол кор дар сохтмони қитъаи роҳи Бердибекобод – Колхозободи ноҳияи Шуғнон, ки бар асари сел соли 2015 тамоман хароб шуда буд, босуръат идома дорад. Мувофиқи лоиҳа, дар ин роҳ сохтмони 1 пул, долони зиддитармавӣ бо дарозии 550 метр ва 4 км роҳ ба нақша гирифта шудааст. 
Дар арафаи солгарди истиқлоли давлатӣ имсол дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят боз даҳҳо иншооти нави саноатӣ, ҳамчунин, муассисаҳои маориф, тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Дар доираи ҷашнгирии ин санаи муҳими сиёсӣ соли равон 15 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва 30 бунгоҳи тиббӣ навсозӣ мешавад.
Итминони комил дорем, ки минбаъд низ бадахшониёни меҳнатписанду шукргузор тамоми имконияти зеҳнию эҷодии худро баҳри боз ҳам равнақ додани ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят равона сохта, то таҷлили бошукӯҳ аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Бадахшонро ба дарвозаи воқеии тиллоии Ватани маҳбубамон табдил хоҳанд дод.

Мирзонабот Алишер ХУДОБЕРДӢ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Санаи нашр: 09.10.2024 №: 197
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив