ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСФАРА.  ЗАҲМАТИ КИШОВАРЗОН НАМУНАИ ИБРАТ АСТ

ИСФАРА.  ЗАҲМАТИ КИШОВАРЗОН НАМУНАИ ИБРАТ АСТ

30 июл 2024, Сешанбе
122
0
 
Кооперативи тиҷоратии «Навгилем»-и шаҳри Исфара ба нақша гирифтааст, ки дар майдони 70 гектар кишти такрорӣ гузаронда, ду-се ҳосил рӯёнад. 


Зимни шиносоии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти кишоварзони шаҳр иттилоъ доданд, ки Кооперативи тиҷоратии «Навгилем» дорои 270 гектар замини корам ва 540 гектар боғ буда, хоҷагидорон бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда мегузоранд. Кооператив дар майдони 120 гектар гандум коридааст, ки ҳоло ҷамъоварии он оғоз гардидааст. Кишоварзон дар 50 гектари дигар ҷуворимакка, 5 гектар помидор, 30 гектар картошка ва дар заминҳои боқимонда лаблабую зироатҳои хӯроки чорво кишт кардаанд. Кооперативи мазкур, инчунин, ба шабакаи зотпарварии ҷумҳурӣ шомил буда, қариб 500 сар чорвои сиёҳало парвариш мекунад.
Кооперативи тиҷоратии «Чоркӯҳ», ки дар шаҳри Исфара фаъолият дорад, яке аз хоҷагиҳои тухмипарвар буда, дорои 700 гектар замин аст. Кишоварзони кооператив соли равон дар майдони 100 гектар гандум кишт намуданд, ки айни ҳол ҷамъоварии ҳосил идома дорад. Гандуми истеҳсолшуда, ҳамчун тухмӣ истифода гардида, дигар шаҳру ноҳияҳо бо он таъмин мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори рӯзнома сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов хабар дод. 
Ба маълумоти ӯ, ҷиҳати истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Исфара корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта, сохтмону барқарорсозии иншооти гуногун идома дорад. Аз ҷумла, дар деҳоти Навгилеми шаҳр бо ташаббуси соҳибкорон 3,7 километр роҳ асфалтпӯш мешавад. Паҳноии роҳ 6 метр буда, дар назар аст, ки дар марҳалаи дуюм боз 4 километр роҳ мумфарш гардад. Инчунин, дар деҳоти Чоркӯҳи шаҳр корҳои барқароркунии пули мошингузар бомаром идома доранд. 
Музаффар Юнусов гуфт, ки пул 10-уми июли соли равон бар асари омадани сел хароб гардида буд  ва ҳоло бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону саховатмандон барқарор гардида истодааст.
 
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.07.2024 №: 142-143
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив