ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Гузоштани санги асоси сохтмони бинои Маркази ҷавонон
19-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварда, нахуст, бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Маркази ҷавонон оғози расмӣ бахшиданд.
Барои сохтмони бинои ҳафтошёнаи марказ бо таҳхона, дар маркази ноҳия 18 садяк замин ҷудо гардидааст. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории Маркази ҷавонон, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, иттифоқи ҷавонон ва як толори хурд барои суҳбату вохӯриҳо сохта мешавад. Дар умум, шумораи ҳуҷраҳои кории бино 20-торо ташкил менамояд, ки оянда дар онҳо шароити муосири корӣ фароҳам хоҳад омад.
Марказҳои омӯзишиву тайёрии касбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, китобхона, гӯшаи варзиш дар ошёнаҳои аз 3-юм то 5-ум ва меҳмонхона бошад, дар ошёнаҳои 6-7-ум ҷой мегиранд. Иншооти мазкур дар доираи дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон сохта шуда, дар он ба маҳфилҳои «Пайравони Пешвои миллат», «Эҷодкорони ҷавон» ва ризокорон низ ҷой дода мешавад.
Қобили тазаккур аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз бо таваҷҷуҳу дастгириҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафт шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон биноҳои маркази ҷавонон аз нав сохта шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардид. Иншооти соҳаи ҷавонон ва варзиш то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бо истифода аз масолеҳи баландсифати ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ, ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта хоҳад шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо лоиҳаи бинои Маркази ҷавонон ба масъулон ва бинокорон барои босифат анҷом додани корҳои бунёдӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони бахши ҷавонони сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ суҳбат ороста, онҳоро ба кори фаъол бо наврасону ҷавонон ва саҳм гузоштан дар тарбияи ватандӯстию худшиносии онҳо ҳидоят намуданд.
Гузоштани санги асоси сохтмони бинои
МД «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии Данғара»
19-уми сентябр бо гузоштани санги асос аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сохтмони бинои сеошёнаи Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии Данғара» оғоз ёфт.
Тибқи лоиҳа, бинои театр аз чор толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат хоҳад буд, ки дар умум дорои 1 ҳазору 700 ҷойи нишаст бояд шаванд. Толори асосӣ дар ошёнаи якум ҷой гирифта, 1 ҳазору 100 ҷойи нишаст хоҳад дошт. Дар ошёнаи дуюм ду ва дар ошёнаи сеюм бошад, як толори дигари намоишӣ сохта хоҳад шуд.
Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баландии толори асосӣ 18 метр шуда, он, ҳамчунин, дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлуӣ, саҳнаи пушт, ҳуҷраҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи байналмилалӣ хоҳад буд. Барои дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани мутахассисони риштаи овозхонӣ, коргардонӣ ва навозандагӣ дар ошёнаи сеюм 11 синфхонаи таълимӣ таъсис дода мешавад. Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ, толори мусиқӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷой хоҳанд гирифт. Дар таҳхонаи бино осорхонаи санъат, коргоҳи дӯзандагӣ, анбори нигоҳдории либос ва созҳои мусиқӣ, нуқтаи либосивазкунӣ ва дигар ҳуҷраҳои техникӣ сохта мешаванд. Дар рафти сохтмон беш аз 150 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд. Тибқи лоиҳа, саҳни бинои театр сабзу хуррам гардонда шуда, таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт ва фаввораҳо бунёд мегарданд. Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара бо услуби хоси меъмории миллӣ эъмор шуда, ба талаботи муосири театрсозии ҷаҳонӣ мутобиқ хоҳад буд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бинои нав шинос гардида, ба бинокорону дигар масъулон барои дар муҳлати муайян бо сатҳу сифати баланд ба сомон расондани корҳои бунёдӣ ва ба аҳли фарҳанги ноҳия фароҳам овардани шароити созгори кору эҷод супоришҳои мушаххас доданд.
Гузоштани санги асоси бинои МТМУ
дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоева
19-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоева, баъд аз шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои оғози корҳои сохтмонии он санги асос гузоштанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассиса барои 3100 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз ҳисоби сокинони ноҳия, аз ҷумла соҳибкорони ватандӯст, то соли таҳсили 2026-2027 бунёд мегардад. Масоҳати қитъаи замини мактаби бунёдшаванда 1,57 гектарро ташкил дода, масоҳати умумии иншооти сохташаванда 8 ҳазору 40 метри мураббаъро дар бар мегирад. Таълимгоҳ аз чор ошёна ва синфхонаҳои фаннию озмоишгоҳҳо иборат хоҳад буд. Ҳамчунин, дар Муассиса бунёди толори варзиш ва маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст дар назар дошта шудааст, ки мувофиқ ба стандартҳои муосир сохта мешаванд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо лоиҳаи мактаб, ба бинокорон ва ташаббускорони ин иқдоми наҷиб барои бо сифати баланд ба сомон расондани корҳои сохтмонӣ ва назорати сифати маҳсулоти истифодашаванда дастурҳои мушаххас доданд.
Соҳибкорони ноҳия барои дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат дар самти соҳибкорию бахши хусусӣ изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки барои рушд ва пешрафти Тоҷикистони азиз пайваста саҳми шоистаи худро мегузоранд.
Гузоштани санги асоси бинои МТМУ
дар деҳаи Рахшонзамин
19-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корез барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ санги асос гузоштанд.
Иқдоми бунёди бинои нави соҳаи маориф, ки барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад, дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони ноҳия ва аҳолии деҳоти мазкур рӯйи даст гирифта шудааст.
Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз ду ошёна, панҷ бино, 36 синфхонаи таълимӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзиш ва иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки корҳои сохтмониро дар иншоот бо сифати баланд иҷро намуда, то моҳи сентябри соли 2026 онро ба истифода диҳанд.
Соҳибкорон ба Роҳбари давлат ваъда доданд, ки корҳои сохтмониро бо ҷалби беҳтарин меъморону шаҳрсозон вусъат бахшида, кӯшиш менамоянд, ки бинои нави таълимиро дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Боздид аз рафти корҳои сохтмонии марҳалаи дуюми
корхонаи «Муосир» дар деҳаи Ғиҷовак
19-уми сентябр дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинг Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонии марҳалаи дуюми корхонаи муштараки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муосир» шинос шуданд.
Дар ин ҷо, нахуст, ба Роҳбари давлат лоиҳаи марҳалаи навбатии корхонаи саноатӣ муаррифӣ гардид. Дар марҳалаи дуюм, тибқи лоиҳа, бунёду баистифодадиҳии 10 бинои истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуда, бо ин ҳаҷми истеҳсол ва номгӯи маҳсулоти корхона давра ба давра афзоиш дода мешавад.
Марҳалаи навбатии лоиҳаи бунёди корхонаи мазкур бо ҷалби сармоягузории Тоҷикистону Чин амалӣ шуда, баъди ба истифода додани он 50 нафар бо кор таъмин мегардад.
Ёдовар мешавем, ки марҳалаи аввали корхонаи муштараки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муосир» соли 2018 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ифтитоҳ гардид. Иншооти соҳаи саноат дар доираи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ, ҷиҳати амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, бунёд ёфта, ҳоло фаъолияти назарраси истеҳсолӣ дорад. Айни замон, дар марҳалаи якуми корхонаи мазкур зиёда аз 100 нафар, ки 80 фоизи онро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд, фаъолият намуда, маҳсулоти корхона, асосан, дар соҳаи роҳсозӣ, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ ва кандани нақбҳо истифода бурда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмон ва ҷиҳозондани ҳар ду марҳалаи ин корхонаи муштараки саноатӣ бо ҷалби беш аз 220 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ сурат гирифта, дар он зиёда аз 150 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мегардад.
Ашёи хом барои истеҳсоли номгӯи гуногуни маҳсулоти саноатӣ аз дохил ва хориҷи кишвар дастрас шуда, маҳсулоти ниҳоӣ, дар баробари таъмини талаботи дохилӣ, ба баъзе аз кишварҳои хориҷ содир мегардад. Дар корхонаи мазкур беш аз 20 намуд таҷҳизоти муосир насб шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 20 ҳазор тонна маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми сармоягузоронро барои таъсиси марҳалаи навбатии ин корхонаи саноатӣ намунаи ҳамкорӣ дар самти рушди истеҳсолот ва коркарди ашёи хоми ватанӣ дар дохил муҳим арзёбӣ намуда, масъулони соҳаро дастур доданд, ки корҳои сохтмониро бо ҷалби сокинони маҳаллӣ бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.
Ифтитоҳи МТМУ №24 дар деҳаи Алиҷон
19-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24-ро дар деҳаи Алиҷон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи нави дуошёнаи таълимӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ дар муҳлати ҳашт моҳ бунёд ёфта, дар он 2160 хонанда дар ду баст таҳсил хоҳад кард.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои тозабунёди дуошёна дар масоҳати 1,75 гектар қомат афрохта, дорои 36 синфхонаи таълимӣ, толори варзиш, маҷлисгоҳ бо 198 курсӣ, китобхона, ошхона бо 95 ҷойи нишаст, майдончаи варзиш ва иншооти ёрирасон мебошад. Ҳафт синфхонаи мактаб барои фанҳои муайян, аз ҷумла таълими меҳнати писарон ва духтарон алоҳида, кор бо компютер ва дарсҳои химия, физика ва биология, муҷаҳҳаз шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди чунин мактаби замонавӣ, ки бо анҷоми ин тадбир мушкилоти норасоии синфхонаҳо дар деҳаи Алиҷон бартараф гардид, муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки имкониятҳои мавҷудаи ин даргоҳи илму маърифат бояд самаранок истифода гардад, то насли имрӯзу оянда дар руҳияи ватандустӣ ба камол расад. Барои таъмини гармӣ дар бино, иншооти алоҳида бунёд шуд, ки бо ангишт фаъолият менамояд ва тавассути он синфхонаҳои таълимӣ дар фасли тирамоҳу зимистон гарм нигоҳ дошта мешаванд. Дар Муассиса 26 омӯзгор фаъолият менамояд, ки барои онҳо тамоми шароитҳо муҳайёст.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф биноҳои наву замонавии дорои шароити муосир бунёд шудааст ва ин тадбир ба боз ҳам беҳтар шудани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд. Дар шафати бино майдончаи муосири варзиш бунёд гашт. Дар доираи тадбирҳои ободонӣ, гирду атрофи бинои Муассиса бо шинондани дарахтони сояафкан ва сабзкорӣ зебову назаррабо гардидааст.
Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳибкорони ноҳияи Данғара боз азм доранд, ки тадбирҳои бунёдкориро дар дигар деҳаҳо ба сомон расонанд.
Ифтитоҳи бинои Муассисаи томактабии «Ворисон»
дар деҳаи Алиҷон
19-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, пас аз ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и деҳаи Алиҷон, бинои Муассисаи томактабии «Ворисон»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати зиёда аз 1 гектар бунёд ёфт.
Тавре иттилоъ дода шуд, кӯдакистони мазкур пас аз дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар мавриди бунёди муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи деҳот ва маҳалҳо, дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби соҳибкорони ташаббускори ноҳия бо сифати баланд ва шароити замонавӣ эъмор гардид.
Дар иншооти навбунёди таълимӣ 150 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 10 мураббия ва ёрдамчиёни мураббияҳо, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалб шудаанд. Шумораи кормандон дар Муассиса 22 нафарро ташкил медиҳад. Бино дорои 17 хуҷраи барҳавои машғулиятгузаронӣ, аз ҷумла 5 ҳуҷраи хобу истироҳат, ошхона бо 25 ҷойи нишаст ва иншооти ёрирасон буда, ҳар кадоми он бо таҷҳизоти зарурӣ ва аёниятҳо муҷаҳҳаз мебошад. Дар синфхонаҳои машғулиятгузаронӣ, бо мақсади ташаккулу инкишофи зеҳнии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, шароиту имкониятҳои мусоид мавҷуд аст. Бинои кӯдакистон бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст буда, ҳуҷраҳои зарурӣ бо оби гарм таъминанд.
Дар Муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои бедор сохтани завқи эстетикии дӯстрӯякон, толори мусиқӣ низ фаъолият менамояд.
Зимни боздид аз шароити кӯдакистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, ба соҳибкорони меҳандӯсти ноҳия барои пайравӣ ба сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Саҳни бинои Муассисаи томактабии «Ворисон» бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишию ҳамешасабз оро ёфта, даромадгоҳи он бо пештоқи ҷолибу назаррабо, ки аз ҷониби меъморон бо завқу салиқаи баланд зинат дода шуда, барои бедор сохтани ҳисси зебоипарастии дӯстрӯякон муассир аст. Ҳамзамон, дар саҳни бино ду айвончаи тобистона барои гузарондани машғулиятҳои тарбиятгирандагон сохта шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбати самимӣ, омӯзгорону масъулонро барои ба роҳ мондани таълими босифат, ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир ба хонандагон, тарбияи кӯдакон дар руҳияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ ҷой додани эҳтирому садоқат ба обу хоки аҷдодӣ дар қалби кӯчаки онҳо дастуру хидоятҳо доданд.
Ифтитоҳи роҳи мошингарди Ҳусеншайх – Хуррамзамин
19-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳи мошингарди Ҳусеншайх – Хуррамзамини ноҳияи Данғараро ба истифода доданд.
Дарозии роҳ 18,5 километр ва паҳноияш 6,2 метрро ташкил намуда, аз хизматрасонии он сокинони деҳаҳои Ҳусеншайх, Лоларух, Булёни Боло, Навобод, Зулол ва Хуррамзамин истифода мебаранд. Ин роҳ барои сокинони чанде аз деҳаҳои ноҳияи Темурмалик ҳам, ки бо он пайвастанд, сабукӣ меорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардондани чораҳои пайвасткунандаи шабакаи рушдёфтаи нақлиётиро аз ҷониби соҳибкорон барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар ин самт, талқини ҳисси зебоипарастӣ ва беҳшавии зиндагии мардум муҳим арзёбӣ карда, ба бунёдгузорони роҳ сипосу миннатдорӣ баён доштанд. Навсозии роҳ баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ моҳи феврали соли 2024 оғоз ёфта, аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бо мақсади иҷрои даъватҳои Роҳбари давлат барои саҳмгузорӣ дар ободии диёр сохта шуд. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани роҳ, сокинони ҳашт деҳа ё тақрибан 20 ҳазор аҳолӣ барои рафтуомад имконияти бемонеа пайдо намуданд. Ҳамчунин, дар роҳ се пули нав бунёд ёфта, 15 лӯлаи оҳанубетонӣ насб гашт. Дар ҷойҳои аҳолинишин ҷӯйборҳои обгузар гузошта шуда, роҳҳои пиёдагард эъмор гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки вазъи роҳ аз деҳаи Ҳусеншайхи деҳоти Корез то деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шариф нигаронкунанда буд ва ҳамарӯза ронандагону мусофирон аз ҳашт деҳаи ноҳияи Данғара ин роҳро бо машаққат тай менамуданд. Азму иродаи қавӣ, муттаҳидӣ дар атрофи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат ва иродаи мустаҳками соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Данғара дар ободии диёр ба бунёди ҳамин гуна роҳи ҷавобгӯ ба талабот мусоидат кард.
Насби истгоҳҳои замонавӣ, рангубори манзилҳои истиқоматӣ ва шинондани гулу буттаҳои ороишию сояафкан дар шафати роҳи Ҳусеншайх – Хуррамзамин аз омодагии комил ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва маърифати баланди зебоипарастӣ шаҳодат медиҳад. Инчунин, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара роҳи деҳаи Сафобахш бо дарозии наздики 4 километр мавриди истифода қарор гирифт. Ин тадбири муҳим аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ анҷом ёфта, равшаннамоии роҳ низ таъмин шуд.
Натиҷаи тадбирҳои ободонӣ дар самти бунёду навсозии роҳу пулҳо нишон медиҳад, ки имрӯз намояндагони бахши хусусӣ ва сокинони ноҳияи Данғара иҷрои даъватҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободии диёр ба таври намунавӣ иҷро мекунанд. Дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара аз ҷониби соҳибкорони ноҳия 6 пули мошингузар бунёд шуда, 143 километр роҳ асфалтпӯш ва зиёда аз 310 километр сангфарш гардид.
Имрӯзҳо соҳибкорону сокинони ноҳияи Данғара бо ташаббускорӣ тавассути саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ намунаи ибрат нишон дода, ободии Тоҷикистон, ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва таъмини саодати рӯзафзуни зиндагиро мароми хеш қарор додаанд. Дар доираи нақша-чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара бунёду навсозии роҳҳо идома дошта, дар ин муддат аз ҷониби соҳибкорон бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ наздики 70 километр роҳ мумфарш ва 60 километр сангфарш шуд.
Боздид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Саодатшо”
19-уми сентябр дар деҳаи Лоларухи ноҳияи Данғара Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо парвариши сабзавоту полизӣ дар хоҷагии деҳқонии “Саодатшо” шинос шуданд.
Майдони хоҷагӣ 40 гектарро ташкил дода, истеҳсоли ғалладона, сабзавот, полизиҳо ва хӯроки чорво самтҳои асосии фаъолияти аҳли заҳмати онро ташкил медиҳад. Аз майдони умумии хоҷагӣ 25 гектараш обӣ мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматкашонро ба истифодаи васеи имкониятҳои табиӣ барои истеҳсоли неъматҳои моддӣ, баланд бардоштани самаранокии замин ва гирифтани чанд ҳосил аз як қитъа ҳидоят намуданд. Тавре зикр гардид, соли дуюм аст, ки кишоварзон, баъди обёрӣ шудани заминҳои ин мавзеъ, ба зироаткорӣ машғуланд. Обёрии пиёз ба таври қатрагӣ ба роҳ монда шуда, фароҳам овардани шароити мусоид ҳосилнокиро баланд бардошт. Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои кишоварзони ноҳия муаррифӣ шуд. Истифодаи муфид аз боду ҳавои имсола, васеъкунии имкониятҳои истеҳсолӣ аз ҳисоби заминҳои нав ва гирифтани чанд ҳосил аз як қитъа боиси афзоиши нишондодҳои истеҳсолӣ дар соли ҷорӣ гардид. Имсол кишоварзони ноҳияи Данғара дар майдони 26 886 гектар ғалладона, 1027 гектар картошка, 1617 гектар сабзавот, 1539 гектар полизӣ, 5018 гектар пахта ва дигар намуди зироат киштанд. Заҳмати пайваста, риояи агротехникаи кишту парвариш ва дар истеҳсолот афзалият додан ба истифодаи технологияи муосир афзоиши нишондодҳои истеҳсолиро таъмин намудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои кишоварзони ноҳия баҳои баланд дода, масъулони соҳа ва меҳнаткашонро ба истифодаи имкониятҳои табиӣ, баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ ва захираи маводи ғизоӣ барои ду соли оянда вазифадор намуданд. Сармашқи фаъолият қарор додани дастуру супоришҳои Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки тавассути васеъкунии майдони кишт аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, гирифтани чанд ҳосил аз як қитъа ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ афзоиши нишондодҳои истеҳсолӣ дар ноҳияи Данғара таъмин шавад.
Имрӯзҳо кишоварзони ноҳияи Данғара дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, содироти маҳсулот ба дигар давлатҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми намоён мегузоранд. Аз ноҳияи Данғара ба дигар давлатҳо ҳазорҳо тонна маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ содир шуд.
Соли 2023 маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон 35,3 миллиард сомониро ташкил намуда буд, ки аз ин 2 миллиарду 550 миллион сомонӣ ё 7,2 фоиз ба ноҳияи Данғара рост меояд. Дар ҳашт моҳи соли 2024 маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Данғара ба 1,7 миллиард сомонӣ расид, ки дар вилоят баландтарин нишондод ба ҳисоб меравад.
Ифтитоҳи МТМУ №15
19-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Булёни Болои деҳоти ба номи Исмат Шарифов бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот тибқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бо тарҳи муосир бунёд шуд. Муассиса дорои 36 синфхонаи муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш, китобхона, толори баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бо 198 ҷойи нишаст, ошхона, толори варзиш ва иншооти ёрирасон буда, барои 2160 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои муосири МТМУ №15 барои дар шароити замонавӣ ба таҳсил фаро гирифтани хонандагони деҳаи Булёни Болои деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара заминаи мусоид фароҳам омад.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз бе илму навоварӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Синфхонаҳои химия, биология, физика, география, математика ва асосҳои кор бо компютер дар ин таълимгоҳ бо муҳимтарин технология ва дигар воситаҳои муосир муҷаҳҳаз буда, ин тадбир барои ҷалби насли наврас ба илмҳои дақиқ нақши муассир мегузорад.
Таъсис ва ҷиҳозондани синфхонаҳои таълими меҳнат бо муҳимтарин дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ имкон медиҳад, ки хонандагон, дар баробари омӯзиши илмҳои замони муосир, аз нозукиҳои ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат бархӯрдор гарданд. Дар ин синфхонаҳо ҳайати омӯзгорони соҳибтахассус бо истифода аз шароиту имконоти фароҳамшуда коркарди чӯбу оҳан ва дигар ҳунарҳо, аз ҷумла нақшу нигор ва гулдӯзиро ба шогирдон меомӯзонанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди шиносоӣ бо шароити хуби таълиму тадрис дар иншооти нави соҳаи маориф, ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ барои бунёди ин иншоот баҳои баланд дода, чунин ташаббусҳоро дар самти таҳкиму тақвияти заминаи моддӣ-техникии маорифи навини миллӣ муассир арзёбӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф давоми бештар аз се даҳсолаи охир дар марказ ва деҳоти ноҳияи Данғара 77 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 11 иншоот, бо саҳму иқдоми соҳибкорону шахсони ватандӯст мавриди истифода қарор гирифт. Тибқи маълумот, айни замон дар 88 муассисаи таълимии ноҳияи Данғара наздики 52 ҳазор хонанда дар шароити муосир таҳсил менамояд.
Ифтитоҳи Муассисаи таълимии томактабии №8
19-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Булёни Болои деҳоти ба номи Исмат Шарифов ба фаъолияти Муассисаи таълимии томактабии №8 ба номи “Хушбахт” расман оғоз бахшиданд.
Иншоот дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар доираи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бунёд шуд.
Бинои боғча бо тарҳи миллию муосир сохта шуда, дар деҳоти ба номи Исмат Шарифов нахустин муассисаи томактабӣ маҳсуб меёбад. Кӯдакистон барои 100 нафар пешбинӣ шуда, раванди таълим дар он бо ҷалби 10 мураббияи соҳибтахассус бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳуҷраҳои истироҳат ва машғулияти тарбиятгирандагон бо рахти хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногун мутобиқ ба шавқу завқи дунёи рангини кӯдакон муҷаҳҳаз гаштаанд. Саҳни биноро гулҳои ороишӣ зинат дода, арғунчак ва дигар воситаҳои истироҳативу фароғатии пешбинишуда барои дӯстрӯякон ба муҳити ин мавзеъ зебоии дигар мебахшанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар боғча, барои дар деҳот муҳайё намудани чунин имконот ба соҳибкорон изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии наврасон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки вусъати чунин амалҳои ватандӯстона метавонад дар самти иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар хусуси фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ нақши бориз гузорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулон даъват намуданд, ки таълиму тарбияро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, кӯдаконро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳад ва барои дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, таъмини шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар кишвар Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 тасдиқ гардидааст. Тибқи ин Барнома бунёди 264 муассисаи томактабии хусусӣ дар кишвар пешбинӣ мегардад.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86
дар деҳаи Навобод
19-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара, дар деҳаи Навободи деҳоти Исмат Шарифов бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86-ро, ки барои 720 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур яке аз бандҳои нақшаи тарҳрезишуда ба истиқболи сазовори Ҷашни миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шумор рафта, дар 0,4 гектар замин доман густурдааст. Бинои тозабунёд аз як ошёна ва 12 синфхонаи таълимӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпешаи деҳа бунёд гардид. Дар назди Муассиса барои гузарондани машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва дифои ҳарбӣ майдончаи муосири варзиш сохта шуд. Дар маҷмуъ, масоҳати иншооти бунёдгардида 1100 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Барои амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ ва Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, дар Муассиса озмоишгоҳу синфхонаҳои фаннӣ бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳазанд.
Барои бе мушкилӣ гузарондани фасли сармо дар Муассиса хатти барқи алоҳида насб гардида, бино бо шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст мебошад. Саҳн ва атрофи мактаб сафолакпӯшу сабзкорӣ шуда, қомат афрохтани он намои деҳаро шукӯҳи тоза мебахшад. Қобили зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи мазкур моҳи марти соли 2024 оғоз гардида, онро бинокорони маҳаллӣ бо истифода аз маҳсулоти корхонаҳои саноатии ватанӣ бунёд карданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ ба соҳибкорон ва аҳолии деҳаи Навобод барои чунин ҳиммати ҷавонмардона изҳори миннатдорӣ намуда, иқдоми мазкурро намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин хонданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар баробари бунёди Муассиса, аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолии деҳа роҳҳои ҳудуди маҳалла дар масоҳати 4000 метри мураббаъ асфалтпӯш ва дар масофаи 4 километр чароғон гашт, ки аз деҳаи Навобод то деҳаи Булёни Боло тул мекашад.
Қобили зикр аст, ки дар деҳаи Навобод 184 хоҷагӣ умр ба сар мебарад. Аз соли 1965 то ин дам набудани мактаб боиси он мегардид, ки кӯдакони деҳа барои таҳсил се километр роҳро тай намуда, ба ҳамсоядеҳа – Булёни Боло раванд. Набудани роҳи ҳамвору ба талабот ҷавобгӯ низ боиси нигаронии сокинон гардида буд.
Баъди ифтитоҳи мактаби нав ва муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти хониш, мушкилоти чандинсолаи бошандагони деҳа бартараф шуд. Аҳли маорифи ноҳияи Данғара ба Сарвару роҳнамои худ ҷиҳати дастгирии ҳамешагии кормандони илму маориф ва муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ изҳори сипос намуданд. Таъкид гардид, ки омӯзгоронро зарур аст, то дар таълиму тарбияи фарзандони мардум ва дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба камол расондани онҳо саҳми муносиб гузоранд, зеро Тоҷикистон давлати ҷавон аст ва ба кадрҳои соҳибтахассус ниёз дорад.
Ифтитоҳи МТМУ № 11 дар деҳаи Булёни Поён
19-уми сентябр дар деҳаи Булёни Поёни деҳоти Исмат Шарифов Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассиса дар доираи дастуру ҳидоятҳои роҳнамунсози Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар масоҳати 1,23 гектар бунёд ёфта, туҳфаи арзандае ба сокинони ин деҳа дар оғози соли нави таҳсил арзёбӣ гардид. Иншооти мазкур дуошёна буда, барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад. Бояд гуфт, ки аҳолии деҳаи мазкур 4500 нафарро ташкил дода, қаблан хонандагон дар бинои куҳнаву хурде, ки солҳои 30-юми асри гузашта бунёд ёфта буд, таҳсил мекарданд. Бо зиёд шудани аҳолӣ зарурати сохтмони муассисаи наву замонавӣ ба вуҷуд омад, ки инак бо иқдоми неки соҳибкорон амалӣ гашт. 36 синфхона ва ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоти таълимӣ ва шароити мусоид барои омӯзгорон ва хонандагон ҷиҳозонда шудаанд, ки минбаъд кӯдакону наврасони деҳаи мазкур бо истифода аз ин имконоти муосир, дониши худро такмил медиҳанд.
Роҳбари давлат иқдоми соҳибкорони маҳаллиро дар самти бунёди муассисаҳои таълимӣ, муҳим арзёбӣ намуда, онро амали ибратбахш ва шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд. Дар МТМУ № 11 китобхона ҳам мавҷуд аст, ки дорои адабиёти бадеӣ ва таълимӣ буда, дар қироатхонаи он дар як вақт наздики 40 нафар метавонад адабиёти дилхоҳашро мутолаа намояд. Синфхонаҳои фаннии физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, география, забони русӣ, математика ва таълими меҳнати писаронаву духтарона бо асбобҳои аёнӣ ва озмоишгоҳу дигар ҷиҳози зарурӣ таъмин буда, барои дар сатҳи баланд гузарондани машғулиятҳо мусоидат менамояд. Маҷлисгоҳи Муассиса, ки дорои 198 ҷойи нишаст аст, барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ пешбинӣ шудааст.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар иншооти мазкур толори варзиш барои бозиҳои волейбол, баскетбол ва футбол низ вуҷуд дорад, ки дорои ҳуҷраҳои ивази либос, мураббӣ ва анбор барои нигоҳдории асбобҳои варзиш мебошад. Ҳамчунин, дар саҳни бино се майдончаи дигари варзиш барои футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд аст. Системаи гармидиҳии мутамарказ бо истифода аз ангишт имкон медиҳад, ки синфхонаҳо дар фасли зимистон гарм бошанд. Саҳни ҳавлии он сабзкорӣ ва сафолакпӯш шуда, роҳи мактаб ва дигар роҳҳои ҳамшафати он асфалтпӯш гардид. Корҳои сохтмонӣ дар Муассиса моҳи марти соли 2024 оғоз ёфта, дар муддати шаш моҳ бо сатҳу сифати баланд бо истифода аз масолеҳи сохтмонии босифати маҳаллӣ ба сомон расид. Атрофи иншоот панҷарабандӣ буда, бо камераҳои назоратӣ ҷиҳозонда шудааст.
Бояд таъкид сохт, ки дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба соҳибкорон, алалхусус пешниҳоди имтиёзҳо ва татбиқи барномаҳои шарикии давлат бо бахши хусусӣ, соҳибкоронро барои саҳмгузорӣ дар ободии Ватан дилгарм намудааст. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар ноҳияи Данғара давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорон муассисаҳои зиёди таълимӣ ва томактабӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Танҳо дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия беш аз 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва боғчаи бачагона бунёд ёфт. Ҳамчунин, баҳри татбиқи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия 37 муассисаи нави таълимӣ дар назар буда, то имрӯз 16-тои он ифтитоҳ шуд. Танҳо дар доираи сафари кории имрӯза дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкорони ватандӯст боз шаш муассисаи нави таълимӣ ва се муассисаи томактабӣ мавриди амал қарор гирифт.
Маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми авлавиятнок дошта, сол ба сол маблағгузорӣ ба он меафзояд. Натиҷаи ҳамин ғамхориҳо ва таваҷҷуҳ буд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби медал мешаванд, бамаротиб афзоиш меёбад.
Ифтитоҳи Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон»
19-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон»-ро дар деҳаи Булёни Поён ба истифода доданд.
Кӯдакистон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон бо кормандони соҳаи маориф ва илм, ки рӯзи якуми сентябри соли равон сурат гирифта буд, бо иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар муддати як моҳ эъмор гардид. Бинои Муассиса якошёна буда, дорои се синфхонаи таълимӣ ва се ҳуҷраи хоб барои ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 100 нафар фарзандони сокинони деҳаҳои Дурахшон-1 ва Булёни Поён пешбинӣ шудааст. Иншоот аз ошхона бо 25 ҷойи нишаст, хонаҳои машғулиятгузаронӣ, толори мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон иборат мебошад. Таълиму тарбия дар Муассиса бо забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, ба кӯдакон забонҳои хориҷӣ низ омӯзонда мешаванд. Кӯдакистон ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Сарвари давлат баҳри баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия нақши муҳим мебозад.
Лозим ба таъкид аст, ки соҳибкорону дигар ашхоси ватандӯсти ноҳияи Данғара иқдому ташаббусҳои созандаи Роҳбари давлатро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои саривақтӣ меандешанд. Ҳамин аст, ки тайи муддати кӯтоҳ дар ҳудуди ноҳия, баробари дигар иншооти ҳаётан муҳим, чор кӯдакистон ба истифода дода шуд ва то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ боз якчанд муассисаи дигари томактабӣ бунёд мешаванд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои Муассиса, таъсиси чунин кӯдакистонҳоро дар деҳот омили муҳими ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон арзёбӣ карданд.
Санаи нашр: 19.09.2024 №: 181-182
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)