ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 2 августи соли 2023, № 355, ш. Душанбе

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 2 августи соли 2023, № 355, ш. Душанбе

04 август 2023, Ҷумъа
1 136
0
Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли 
бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 (мавқеъҳои молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) манъ карда шавад.
2. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат, барасмиятдарории гумрукӣ ва бақайдгирии воситаҳои нақлиёти воридшавандаро мутобиқи қарори мазкур таъмин намояд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2018, № 41 «Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2005 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
4. Қарори мазкур пас аз ду моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
 
 
ШАРҲИ ҚАРОРИ  ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
«Дар бораи манъ намудани  воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷдиди парки нақлиётӣ, беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани ҳаҷми партовҳо, зарур шумурд, ки воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди ҷумҳурӣ манъ шавад.
Дар ин робита, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2023, № 355 «Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.
Муқаррароти қарор нисбат ба автомобилҳои барои интиқоли мусофирон, автомобилҳои сабукрав, автомобилҳо барои интиқоли борҳо ва автомобилҳои таъиноти махсусдошта татбиқ мегардад.
Айни замон дар мамлакат теъдоди зиёди воситаҳои нақлиёти куҳна дар истифода қарор доранд, ки манбаи асосии партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳаво ба шумор мераванд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳаво, асосан, аз ҳисоби истифодаи нақлиёти автомобилии куҳна хориҷ мешавад. Инчунин, аксарияти садамаҳои нақлиётӣ тавассути нақлиёти автомобилии куҳна рӯй дода истодааст.
Бо дарназардошти маълумоти дарҷгардида, қабули санади мазкур муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Санаи нашр: 04.08.2023 №: 157
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив