«ҲАЗОР ТАШАККУР БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ!» НОМАИ СИПОСИ ҶАВОНИ ҲАЖДАҲСОЛА АЗ ВАҲДАТ ВА АСОСГУЗОРИ ОН
Ба навиштани ин матлаб як навори ҷонгудозе аз аҳволи бисёр бади мардуми Афғонистон сабаб шуд. Дар навор модари миёнасол бо 5 фарзандаш дар кулбаи сангин мезист ва фақат мегирист. Оилаи онҳо бо сабаби ноамнии марказҳои шаҳру навоҳӣ ба кӯҳистон кӯч баста, аммо ба мушкилоти дигари иҷтимоӣ, бебарқиву гуруснагӣ мувоҷеҳ шудаанд.
Модари ночор аз он фиғон дошт, ки зимистони рафта, аз сабаби бебарқӣ, бидуни ҳезуму ангишт, бидуни як бурда нон ду духтари яке 3-сола ва дигаре 5-соларо талаф дод. Падари хонавода бо ашки шашқатор мегуфт: «Аз он ки мисли дигарон духтараконамро барои чанд доллар мефурӯшаму барои ояндааш як умр месӯзам, беҳтар аст, ки дар оғӯши худам бошанду ҷон диҳанд».
Ин навор дар ҳоле ҳуши маро бурд, ки ба хатми муассисаи таълимӣ омодагӣ мегирифтем. Барои худ либос интихоб карда, интизори занги камолот будем. Худ аз худ рӯзгори хуши худу ҳоли тоқатшикани онҳоро муқоиса кардам. Модарам, ки як умр омӯзгор аст, аз ин таъсирот пай бурда гуфт: «Духтарам, ҳамин гулғунчаҳои баҳорнадида, агар аз гуруснагӣ намемурданд, шояд мисли туву ҳамсабақони ту иштирокдори олимпиадаҳо, ғолиби даҳҳо озмуну ҳамоишҳо мешуданд, дар дил ҳазорон ормон доштанд. Он бечораҳо ҳам мехостанд по ба остонаи мактаб гузоранд, дар фазои ором бозӣ кунанд, ба серӣ нону ширинӣ хӯранд, аммо бадбахтии бузурге бо номи ҷанг нагузошт, то орзуву ормонҳои гулгулкафанон ҷомаи амал пӯшанд. Барои ин ҳама осоишу беғамие, ки шумо доред, аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд сипосгузор буд. Ҳамин мард сулҳ овард, ҳазорон мусофирони аз Ватан иҷборан дуршударо ба сарзамини хеш хонд ва истиқлоли комилро нигаҳ дошт. Ба ҳамин Афғонистоне, ки бештар аз чил сол боз ҷанг аст, Президент борҳо сафар карда, ҷон дар хатар гузошта, сулҳро мисли гавҳари ноёб ба Тоҷикистон оварданд».
Дар ҳақиқат, ҳазор ташаккур ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мо ҳукми бобоӣ доранду баҳри набераҳо Тоҷикистонро мисли боғ зебову саришта нигаҳ доштанд. Аз тамошои навор, аз гуфтаҳои модарам бармеояд, ки ин ҳама муҳити хубу хуш аз қадим чунин рангу наво надоштааст, балки онро бо ҳазорон ҷонфидоиву азхудгузаштанҳо барои оромиши мо – насли нав сохтаанд. Мо фикр мекардем, ки ин шаҳри дилоро аз замоне ки будааст, гӯё чунин ороставу пероста будаст. Вале, дар асл, онро гузаштагони мо, азизони мо бо хуни дил парвардаанд. Шукр, ки моро Сарвари мо танҳо намегузоранд ва дар ғами мо ҳастанд.
Фараҳноз СУЛАЙМОНЗОДА,
хонандаи Гимназияи
хусусии «Кафолат»
Санаи нашр: 13.06.2023 №: 123
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)