АШТ. АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТО МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА

23 октябр 2026, Ҷумъа
0


Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, 21-уми сентябр дар шаҳраки Шайдон неругоҳи барқи офтобиро бо иқтидори 250 мегаватт мавриди истифода қарор доданд. Дар масоҳати 793 гектар ҷойгир шудани чунин маҷмааи бузурги энергетикӣ худ аз худ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар самти истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба марҳалаи нав ворид мешавад.


АЗ ҚАЙРОҚҚУМ ТО АШТ: ТАҒЙИРИ СИМОИ ЭНЕРГЕТИКИИ СУҒД
Солҳо НБО «Қайроққум» яке аз сутунҳои асосии низоми энергетикии вилояти Суғд ба ҳисоб мерафт. Неругоҳи барқи офтобии Ашт бо иқтидори 250 мегаватт ба яке аз муҳимтарин иншооти нави энергетикии вилояти Суғд табдил ёфт. Иқтидори он аз иқтидори имрӯзаи НБО «Қайроққум», ки пас аз таҷдид ба 174 мегаватт расонда шудааст, 76 мегаватт ё тақрибан 44 дарсад бештар мебошад. Бо ин нишондиҳанда неругоҳи барқи офтобии Ашт бузургтарин неругоҳи тавлидкунандаи барқ аз рӯйи иқтидори насбшуда дар вилояти Суғд ба шумор меравад ва қадами ҷиддӣ дар роҳи густариши «энергетикаи сабз» дар минтақа мебошад.


ЭНЕРГИЯИ ОФТОБ – ИМКОНИ НАВИ РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА
Яке аз бартариҳои неругоҳҳои барқи офтобӣ ин аст, ки муҳлати сохтмон ва ба истифода додани онҳо дар муқоиса бо бисёре аз иншооти бузурги анъанавии энергетикӣ метавонад нисбатан кӯтоҳ бошад. Мисоли неругоҳи барқи офтобии Ашт ин имкониятро хеле равшан нишон медиҳад: корҳои сохтмонӣ моҳи ноябри соли 2025 оғоз ёфта, неругоҳ дар муддати кӯтоҳ ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, барои пайвастани неругоҳ ба низоми ягонаи энергетикии кишвар хатти ҳавоии дузанҷираи 220-киловолта ба дарозии 9,8 километр сохта шуда, дар масири он 36 поя насб гардид. Ин нишон медиҳад, ки сухан танҳо дар бораи гузоштани панелҳои офтобӣ нест, балки оид ба ташкили як маҷмааи мукаммали энергетикӣ меравад.
Ба гуфтаи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Фарҳод Каримзода, неругоҳҳои барқи офтобӣ аз лиҳози технологӣ низ чанд бартарӣ доранд. Онҳо барои истеҳсоли неруи барқ ба сӯзишвории истихроҷшаванда ниёз надоранд, ҳангоми кор садои назаррас ба вуҷуд намеоранд ва метавонанд бо дигар манбаъҳои энергетикӣ дар як низоми ягона истифода шаванд. Панелҳои фотоэлектрикӣ нури Офтобро тавассути эффекти фотоэлектрикӣ ба неруи барқ табдил медиҳанд.


НЕРУИ БАРҚ АЗ ЗАМИНИ ҒАЙРИКИШОВАРЗӢ
Яке аз ҷанбаҳои ҷолиби лоиҳа ҷойгиршавии неругоҳ дар замини ғайри қобили кишт мебошад. Ин имкон медиҳад, ки барои истеҳсоли барқ аз Офтоб заминҳои кишоварзии қобили истифода аз гардиши иқтисодӣ берун карда нашаванд.
Муовини раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Икромӣ ба ин ақида аст, ки айни замон панелҳои офтобӣ дар заминҳои хушку камҳосил метавонанд микромуҳити маҳаллиро тағйир диҳанд: сояи онҳо ба нигоҳ доштани намӣ мусоидат карда, метавонад ба пайдоиши шароити мусоидтар барои баъзе намудҳои гиёҳҳо дар зери панелҳо таъсир расонад. Аз ин рӯ, масъалаи истифодаи замин дар чунин лоиҳаҳо метавонад на танҳо аз нуқтаи назари энергетикӣ, балки аз ҷиҳати идоракунии оқилонаи захираҳои замин низ баррасӣ шавад.
Неругоҳи барқи офтобии Ашт метавонад оғози марҳалаи васеътари рушди энергетикаи офтобӣ дар Суғд бошад. Президенти кишвар дастур доданд, ки соли 2027 дар вилояти Суғд боз неругоҳҳои фотоэлектрикӣ бо иқтидори умумии 700 мегаватт ба истифода дода шаванд. Ҳамчунин, барои тақвияти устувории низоми энергетикии вилоят бунёди дастгоҳҳои захиракунандаи энергия бо иқтидори на кам аз 200 мегаватт-соат пешбинӣ шудааст. Ин иқдомҳо муҳиманд, зеро энергияи офтобӣ хусусияти тағйирёбанда дорад: истеҳсоли неру дар рӯз бештар ва шабона қатъ мешавад. Аз ин рӯ, пайвастани неругоҳҳои барқи офтобӣ бо системаҳои захиракунандаи энергия метавонад имкони истифодаи самараноки неруи истеҳсолшударо васеъ кунад.


АШТ – РАМЗИ САМТИ НАВИ ЭНЕРГЕТИКА
Неругоҳи барқи офтобии Ашт дар як замон чанд вазифаро иҷро мекунад: иқтидори истеҳсоли барқро зиёд менамояд, манбаи нави энергияи барқароршавандаро ба низоми энергетикии Суғд ворид месозад, инфрасохтори интиқоли барқро тақвият медиҳад ва барои ташкили ҷойҳои кори нав замина фароҳам меорад. Бо оғози фаъолияти он 50 мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуд. Муҳимтар аз ҳама, иншооти нав нишон медиҳад, ки имкониятҳои энергетикии Суғд танҳо бо захираҳои обӣ маҳдуд нестанд.
Бо иқтидори 250 мегаватт Ашт имрӯз дар сафи пеши энергетикаи вилояти Суғд қарор мегирад. Офтоби фаровони ин минтақа акнун на танҳо рӯшноӣ мебахшад, балки ба манбаи истеҳсоли барқ, рушди иқтисодӣ ва таҳкими заминаи энергетикии вилоят табдил меёбад.


Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 23.10.2026 №: 205