ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУБОТИ СИЁСӢ.  АЗ ИТТИҲОД ТО ҲАМБАСТАГӢ

СУБОТИ СИЁСӢ.  АЗ ИТТИҲОД ТО ҲАМБАСТАГӢ

19 июн 2023, Душанбе
22
0
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат санади муҳими сиёсӣ, ҳуҷҷати раҳнамову меҳварӣ буда, ба рушди устувор ва пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҳамчун барномаи таконбахш аст. Боиси хушнудӣ ва сарбаландист, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте ироа гардида буд, ки ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим аз ҷониби СММ қабул гашт, ки дар таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши мунир дорад.
Мусаллам аст, ки таъмини ҳаёти осоишта ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳадафҳои калидии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Маҳз тадбирандешии саривақтӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат буд, ки шароити зиндагии мардуми мо сол ба сол беҳтару хубтар мегардад. Паёми навбатии Сарвари давлат ба ҳар як сокини кишвар итминон бахшид, ки ин раванд минбаъд низ идома ёфта, халқи сарбаланди тоҷикро зиндагии боз ҳам шоистатар дар пеш аст. Пешвои муаззами миллат дар робита ба ин масъала таъкид карданд, ки барои роҳандозии амалкарди муносиб дар ин самт Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо диди фарогиру шинохти амиқи равандҳои замони муосир ба вазъи ноороми ҷаҳон таваҷҷуҳ намуда, бори дигар ҳушдор доданд, ки таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паёмадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳо шиддат гирифта, оғози марҳалаи «ҷанги сард» муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни давлатҳоро халалдор кард. Гузашта аз ин дар Паём таъкид гардид, ки  гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо корбурд аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо истифода аз роҳу василаҳои мухталиф барои гумроҳсозии  ҷавонони ноогоҳ ва ҷалби онҳо ба сафҳои худ пайваста талош мекунанд.
Дар ҳақиқат, тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, чунин раванди номатлуб дар чанд соли охир ба мушоҳида расида, ҳаёти чандин нафарро доғдору аз байн бурдааст, ки дар ин миён шаҳрвандони Тоҷикистон низ истисно нестанд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат бо таваҷҷуҳ ба ин масъала ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш доданд, ки дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд. 
Дарвоқеъ, амалӣ намудани супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар ин самт бояд дастури кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст бошад, зеро амал кардан дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат кафолати оромии ҷомеа, пешрафти зиндагии шоистаи ҳар яки мо дар фазои осудаи Ватани азиз аст. Хушбахтона то имрӯз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ бо ҷалби дигар ниҳодҳо ҷиҳати пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ҷиддан амал намуда, дар самти таъмини амнияти давлату сокинон чораҳои саривақтӣ меандешанд. Вале, бо вуҷуди талошҳои самаровар, ҳанӯз ҳам ҷиҳати тақвияти мубориза бо ҷараёнҳои номатлуб тадбирҳои иловагию амалӣ тақозо мешаванд. Аз ин ҷост, ки Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём дастур доданд: «Ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад». Тавре маълум аст, вобаста ба иҷрои ин дастури Сарвари давлат ва татбиқи нишондодҳои Паём корҳои муайян анҷом шуда, Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис ва ба фаъолият шуруъ намудааст, ки ин тадбири муҳим ба ҳамонҳангии фаъолияти ниҳодҳои марбутаи давлатӣ дар амри мубориза бо зуҳуроти номатлуб, ҳифзи суботи сиёсӣ ва пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб мусоидат менамояд.
 
Ғ. ДАМОНЗОДА,
мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсуси 
Суди Олии иқтисодӣ
Санаи нашр: 13.06.2023 №: 123
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив