«СИҲОҲУ-Л-ФУРС»: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ, ФАРДО
Забони навиштаҳо ва гуфтугӯҳо, тавре бармеояд, имрӯз басо харобу маҳдуд мебошад. Аз он сатҳи дониш ва дарк накардани маънои аслии вожаҳо, мавқеи истифодабарияшон равшану возеҳ мегардад. Ба ҷуз ин, баъзе аз калимаҳо фаромӯш шудаанду истифода намешаванд. Дар натиҷа, муҳаққиқон онҳоро ноилоҷ ба вожаҳои архаистӣ ворид мекунанд, ки, албатта, набояд чунин бошад. Вазифаи аҳли зиё, хосса ин муҳаққиқон аст, ки барои истифода бурдану роиҷ гардиданашон тадбирҳои заруриро биандешанд.
Суҳбати хабарнигори рӯзномаамон бо устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абубадуллоҳи Рӯдакӣ, номзади илми филология Ғоиб Мирзоев дар ин хусус мебошад. Маврид ба зикр аст, ки мавсуф луғати Сиҳоҳу-л-фурс»-и Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷувониро ба хатти кириллӣ баргардон карданд ва ҳамзамон, бо пешгуфтор дар хусуси муаллифи он, кори мондагораш ва қимати ин асар дар ҳама даврон маълумоти муфассал додаанд.
– Устод, мехоҳам суҳбатро аз «Сиҳоҳу-л-фурс» оғоз бубахшед. Чӣ заруратеро барои таҳияи он эҳсос кардед? Хосса, дар синну соле, ки шумо доштед, яъне ба ҳаштод наздик ва анҷоми ин кор, албатта, пур душвор мебошаду на ҳар кас ба чунин иқдом рӯ меорад.
– Дар мавриди луғати мазкур бисёр меандешам. Мехостам, ки онро барои шаҳрвандони кишвар таҳия ва бо теъдоди зиёд нашр бикунанду дастрас бинамоянд.
– Аммо на чунон шуд, ки мехостед...
– Оре. Фикр мекунам, ки ин луғат нисбат ба дигар луғатҳо барои мо муҳимтар мебошад. Луғат дар чоряки аввали асри 14 таълиф ва нашр гардидааст.
– Яъне, ин баъди луғати Абумансур Алӣ ибни Аҳмад ал-Асадӣ ат-Тӯсӣ ба вуҷуд омад. Бешак, муаллиф зарурати таълифи луғаташро бояд таъкид карда бошад.
– Пешиниён ин усул ва сабабҳои таълифашонро зикр мекарданду моҳияташонро баён медоштанд. Худи Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ дар сарсухани китобаш меорад: «Аввал касе, ки ба тартиби луғати фурс машғул шуд ва онро ба китобат муқайяд гардонид, ҳаким Қатрони Армавӣ буд. Аммо ӯ беш аз сесад луғат зикр кард». Пас аз ин номи Асадии Тӯсиро бо эҳтироми хос ёдовар мешавад. Ӯро ҳакими фозили комил медонаду мехонад. Аммо дар навбати худ боз аз он интиқоди малеҳ мекунад ва ҳам менависад «...ихтилофи нусах падид меомад ва ба сабаби он ки тартибе ҷамъ набуд, луғати бисёре мебоист».
– Асадии Тӯсӣ ҷиҳати тасҳеҳи вожаҳо аз ашъори шоироне мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Дақиқӣ, Фаррухӣ ва дигарон истифода намудааст.
– Муаллифи «Сиҳоҳу-л-фурс» ҳам ин тарзи тасҳеҳро истифода мекунад. Дар ин хусус ишорат ҳам менамояд. Дар луғат мо намунаи ашъори шоирони пешин ва хосса, шоирони баъдӣ, аз қабили Амир Муизӣ, Адиб Собир, Масъуди Саъди Салммон, Анварӣ, Заҳириддин Форёбӣ, Хоқонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Камолиддин Исмоил, Саъдии Шерозӣ, Фахриддини Ироқиро вомехӯрем, ки аз онҳо истифода мекунад. Ҳамчунин, ба намунаи ашъори падари муаллифи луғат низ ошно мешавем.
– Бешак, ба навиштани луғат дар рӯзгори пешин на ҳар кас иқдом меварзид. Чаро?
– Чунки барои навиштани он дониши фаррох, хотираи қавӣ лозим мебошад. Тавре аз маълумотҳо бармеояд, Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷавонӣ дар донистани забонҳои арабӣ, форсӣ-тоҷикӣ забардаст будааст. Инчунин, шеър мегуфтаст. Умуман, хонадонаш, гузаштагонаш низ аз аҳли фарҳанганд ва мавқеу манзалати хос доштанд.
Луғати таълифкардаи ӯ иборат аз 25 боб, 431 фасл буда, 2300 вожаро фаро мегирад. Ҳамчунин, бо боварӣ иддао мекунад, ки «ноқидони соҳиби басират, ки ба ҳулияи инсоф ва адолат мутаҳаллӣ бошанд, маълум кунанд, ки дар ин фан мисли ин китоб насохтаанд». Дар ин маврид хусусиятҳои луғаташро, тафовути онро аз дигар луғатҳо ёдовар мешавад.
– Фикр мекунам, ки дар баробари омӯзиш он ниёз ба таҳқиқу пажӯҳиши хос дорад.
– Албатта, таҳқиқу пажӯҳиш васеъ бояд ба роҳ монда шавад, зеро ба соҳаҳои гуногун маводи фаровони омӯзишӣ дода метавонад. Дар луғат ба пораҳои шеърие ҳам вомехӯрем, ки имрӯз онҳоро ба шоирони маъруф нисбат медиҳанд. Инчунин, байтҳоеро ҳам зикр менамояд, ки ҳолиё дар китоби ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷой дода нашудаанд. Ба ҷуз ин, ба вижаҳои тоҷикие дучор меоем, ки дар забони гуфтугӯии мардум то ҳанӯз боқӣ мондаанд ва, мутаассифона, дар қомусҳову фарҳангҳои тафсирӣ онҳоро ҷой накардаанд.
– Мехоҳам, ки яке аз ин вожаҳоро мисол биёред.
– Масалан, вожаи «ких».
– Оре, он ба маънии чизи чиркину музир фаҳмида мешавад ва ба кӯдакон мегӯянд, то онҳоро ба сӯи даҳон набаранд.
– Ба ҷуз ин маънои дигар ҳам дорад. Биёед назар кунем ба «фасли коф» ва ин калима. Дар саҳифаи 80-и китоби таҳияшуда ҷой дорад: ких ба касри коф сурате зишт бошад, ки тифлонро бад-он тарсонанд. Маъруфӣ гуфт, байт:
Оям чун ких, ба гӯшае биншинам,
Хунат бихӯрам, агар туро бад бинам.
Ба ин байт таваҷҷуҳ бикунед, ягон вожаи он арабӣ нест, ҳама тоҷикианд. Муаллиф вожаи мазкурро боз чунин тасҳеҳ менамояд: Ва дар вилояти Озарбойҷон чун хоҳанд, ки атфол, (яъне тифлон)-ро аз хӯрдани таъоме, ки эшонро музир аст, манъ кунанд, гӯянд: «ких аст».
Мавриди истифода қарор додани ин гуна калимаҳои тоҷикӣ, ки дар луғат омадаанд, имрӯз бисёр зарур аст. Инчунин, ашъори шоирони пешинро бе шарҳу тасҳеҳи вожаҳои он рӯзгор фаҳмидан на танҳо душвор, балки номумкин мебошад.
Ман ба як қисмати пурсиши аввали Шумо посух нагуфтам. Зарурати таҳияву баргардонии луғатҳои тафсириро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ва дигар мулоқоту вохӯриҳояшон таъкид карда буданд. Аз ин рӯ, хостам дар канор нанишинам. Ин ҳама маро илҳом бахшид ва низ неру, то «Сиҳоҳу-л-фурс»-ро, ки дар ҳақиқат, коре душвор аст, таҳия бикунем ва ба нашр бирасонем.
– Аммо теъдоди нашри асар бисёр кам аст.
– Дуруст аст. Сесад нусха, теъдоди ками кам ба шумор меравад, аммо ман онро аз ҳисоби маблағи худ ба нашр расондам ва қариб ҳамаи он ройгон ба ҳаводорони ин луғат тақдим гардид. Бисёре аз муҳаққиқон пурсиданд, ки онро чӣ гуна пайдо намоянд. Ба ин хотир, дар андешаи нашри дувуми луғат ҳастам. Албатта, барои анҷоми ин кор боз ҳам аз маоши омӯзгориям бояд захира намоям. Ман аз теъдоди зиёди нашри ин луғат, ки барои ниҳодҳои дахлдор кори душвор нест ва аз он нафъ ҳам ба даст оварда метавонанд, чизе хостор нестам, ҷуз ин ки ба василаи мазкур сатҳи маърифати шаҳрвандонамон ба болотар биравад. Инчунин, қудрати забони моро, имкониятҳои васеи онро дарк бинамоянд ва дарёбанд, ки шоирони пешини мо бо истифодаи ин вожаҳои тоҷикӣ чӣ гуна ашъори баландмазмунро гуфтаанд. Махсусан, насли наврасро дар руҳияи милливу миллатсозӣ, бояд тарбия намоем. Ин яке аз вазифаҳои асосии мо – аҳли зиё аст.
Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
P.S. «Сиҳоҳу-л-фурс» бо хати кириллӣ соли 2021 аз тариқи нашриёти «Паёми ошно» бо теъдоди 300 нусха, андозаи 60х84 1/16; 25, 37 ҷузъи чопии шартӣ ба табъ расидааст. Таҳиягари он Ғоиб Мирзоев соли 1944 таваллуд шуда, соли 1969 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва соли 1977 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти забоншиносии Академияи илмҳои ИҶШС (Санкт-Петербург)-ро хатм кардааст. Дар вазифаҳои гуногуни ин Донишгоҳ фаъолият кардааст. Китобҳои илмияш дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Хидматҳояш бо унвонҳои Аълочии маорифи Тоҷикистон (соли 2012) ва Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 2015) қадр шудаанд. Алҳол ба донишҷӯёни ин Донишгоҳ дарс мегӯяд.