МАОРИФ. ЧАРО АЗ ПАШША ФИЛ МЕСОЗЕМУ «ФИЛ»-ҲОИ ВОҚЕИРО НОДИДА МЕГИРЕМ?!
![]()
![]()
Аслан, айби мо, журналистон, аст, ки бе тайёрии комил ва гоҳо бе дарки рисолату асолати ин ё он вазорату идора рӯ ба рӯи масъулон даъвои суол мекунем, хоса дар нишастҳои матбуотӣ. Фарзи мисол, агар ҳамкасбони мо аз мушкилиҳои калидии соҳаи илму маориф беҳтар огоҳ мебуданд, дар як сол як бор чанд сомонӣ кумак кардани волидайнро ба мактабу чанд сӯмаке барои обуна додани омӯзгоронро аз масъалаҳои меҳварии боиси нигаронии ҷиддӣ қарор намедоданд.
Агар навбати савол ба ман ҳам мерасид, шояд мепурсидам, ки чаро дастикам ду даҳсолаи охир, бо вуҷуди «татбиқи босамар»-и барномаҳои беҳисоби давлатӣ, ҳалли мушкил вобаста ба нарасидани ҳамагӣ 2 - 3 ҳазор омӯзгор дар қаламрави кишвар аз як Паёми Пешвои муаззами миллат то Паёми дигарашон таъхир мехӯрад? Ё даъво мекардам, ки чаро Президенти кишвар бо пардохти ҳамагӣ чанд миллион сомонӣ аз Фонди худ ва роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд садҳо ҳазор хонандагонро гирди китоб ҷалб намуда, соҳибминбар ва муаллимони онҳоро соҳибэҳтиром созанд, вале Вазорат бо соҳибии миллиардҳо сомонӣ аз буҷети давлатӣ ва миллионҳо доллар сармояи хориҷӣ дар ин самт ҳамчунон ноуҳдабаро боқӣ мемонад?
Ба ҳар ҳол саволҳои сатҳӣ ва ноогоҳонаи мо буд, ки масъулони вазорат нишасти навбатиро ҳам чун ҳама нишастҳои қаблӣ ғолибан ба масъалаи «пулҷамъкунии ғайримақсаднок» оғозу анҷом бахшиданд.
– Ҳеҷ кас ҳақ надорад аз хонанда пул талаб кунад ва омӯзгор ҳам ғайр аз рӯзномаи соҳавӣ маҷбур нест ба нашрияҳои дигар обуна шавад, – ба ҳамин мазмун аз гуфтаҳои вазир ҷамъбаст шуд ин нишасти деринтизори матбуотӣ низ.
СИМОИ МУБОРАКИ МУАЛЛИМРО ПОК НИГАҲ ДОРЕМ!
Ман ҳайронам, аз 10 ҳазор падар ё модар шояд 1 нафаре, ки ғолибан ягон дирам барои мактаб надодааст, ҷое даъво мекунад, ки фалонӣ барои фарзанди ман пул талаб кард. Магар ҳамин як айби комилан ҷузъиро месазад, ки тавассути нишастҳоямон бо ҳузури вазир ба рӯи олам паҳн кунем? Обрӯи вазорат ку бахайр, чаро дар бораи нуфузи давлат дар самти иҷтимоӣ андеша накарда, худамон дар даҳони рақибони сиёсӣ ба қавле, луқмаро хоида мемонем?!
Фарзи мисол, «гармӣ»-и баҳс дар вазорат ҳанӯз сард нашуда буд, ки радиои «Озодӣ» чун ҳамеша аз таги нохун чирк мекофтагӣ барин, ин фили аз пашша сохтаи мову шуморо ба намоиш гузоштан хост ва дар ҳамин мавзуъ барномаи вижа омодаву пахш намуд. Ман шахсан ин гузоришро қисман тамошо кардам. Бале, баъзеҳо тасдиқ карданд, ки соле як ё ду бор барои анҷоми коре аз номи фарзандонашон ба мактаб чанд сомоние медиҳанд. Вале ғайриинтизори худи таҳиягарони барнома, қариб ягон нафар аз онҳо ин масъаларо ниҳоят зиёновару нигаронкунанда напиндошт ва ҳатто, сахт норозӣ ҳам набуданд.
Аз барои инсоф, дар муҳите, ки як соҳибкори бонангу номус бо як даъвати Пешвои муаззам бо арзиши миллионҳо сомонӣ барои кӯдакони ин миллат мактабу боғчаву табобатхона месозад, магар рафтори ношоистаи як нафар дар кадом як гӯшае метавонад мавзуи меҳварӣ, ҳатто, доимии нишастҳои вазиру вазорат бошад ва ин ҳам кам не ғам не, балки се даҳсолаи охир!!!
Имрӯз, ҳатто, дар маҳалҳо гурӯҳ-гурӯҳ ҳамсинфони акнун болои кор рафта, аз пеши худ долони мактабҳояшонро таъмиру тамйиз месозанду рӯзноманигорони мо овозаи 30 - 50 сомонии додаву надодаи кадом як нафари даъвочию иғвоангезро то гӯши фалак кашидан доранд. Ҳам ҳамкасбони мо ва ҳам масъулони Вазорати маориф ва илм бехабар аз онанд, ки оммавигардонии як камбуди ночизи гузаранда, лагад ба обрӯи муҳимтарин соҳаи иҷтимоӣ ва муҳимтар аз ин ба нуфузи Ҳукумат метавонад зада бошад, Ҳукумате, ки аз рӯзи аввали фаъолият дони ёфтаашро ба осёби ин вазорат мерезад, то дастархони омӯзгор дастикам бӯи нони гарм кунад.
Ва ҳам дилам сӯхт, вақте баъд аз ҳамин нишасти вазорат ва дар оташ равған рехтанҳои «Озодӣ» як омӯзгорзан ба шиква гуфт: «Аз муаллим порахӯру талбанда насозед. Омӯзгори имрӯз аз дую ним то панҷ ҳазор маош мегирад, наход ба чанд сомонии шогирд ва он ҳам дар як сол як бор то ин ҳад муҳтоҷ бошад…?». Бо шумо мувофиқам муаллими азиз, даҳ сол пеш ин зуҳуроти ношоиста қариб ки одат шуда буду дар ҳақиқат имиҷсӯз менамуд, вале имрӯз ба қавле, чун зоғхабар танҳо гоҳ-гоҳе, аниқтараш аз нишасте то нишасти дигари худи вазорат ба гӯш мерасаду халос, яъне тавре болотар низ ишора шуд, ин дарди гузаранда ки ҳаст, бояд оромонаву хамӯш решакан карда шавад, на бепардаву пурсадову обрӯрез…
«ОМӮЗГОР» ВА «ҶУМҲУРИЯТ» АНДЕШАЕ ЧАНД ВОБАСТА БА СУДУ ЗИЁНИ ОБУНА БАРОИ МУАЛЛИМ
Масъалаи дигаре, ки низ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад аз мушкилиҳои калидии соҳа, хоса худи омӯзгорон бошад, вале ба шарофати ҳамкасбони мову «муроот»-и масъулони вазорат, чун ҳамешагӣ, баҳси гарм барангехт, обунашавии омӯзгорон ба рӯзномаҳои даврӣ буд. Таъкид шуд, ки дигар тибқи қонун обуна барои омӯзгорон, ғайр аз нашрияҳои соҳавӣ, маҷбурӣ нест.
Наход ба пиндори масъулони вазорат обуна шудан ба «Омӯзгор», фарз кардем, нисбат ба «Ҷумҳурият» самаровартар ё дастикам камхароҷот бошад? Маҳз ҳамин андеша маро чун муаллиме, ки собиқаи беш аз 30-сола ва Аълочии соҳа унвон дорам, водор сохт, то даст ба гардани қалам монам ва пажӯҳиши кӯчаке атрофи ин масъала низ анҷом диҳам.
Таҳлилҳои сарироҳиям собит сохтанд, ки дар ҳақиқат теъдоди назарраси обуначиёни рӯзномаи «Ҷумҳурият» муаллимонанд. Вале танҳо дар ноҳияи Шуғнон як нафар омӯзгори омӯзишгоҳ соле ду маротиба ба миқдори 110-сомонигӣ махсус барои обунаи ин нашрия медодаасту халос, боқӣ омӯзгороне, ки пурсида шуданд, ба таври умумӣ аз 200 то 400 сомонӣ дар маъракаи обуна барои тамоми нашрияҳои даврӣ, новобаста аз соҳавию ғайрисоҳавӣ буданашон, хароҷот доштаанд.
Ҳарчанд аз 35 - 40 ҳазор музди меҳнати солона ба ҳисоби миёна харҷи 250 сомонӣ барои обуна чандон «зарбаи миёншикан» нест, ман комилан мувофиқам, ки бояд интихоби нашрия ихтиёрӣ бошад. Вале саволи меҳварӣ ин аст, ки муаллим бо пардохти ин маблағ, фарзи мисол, аз «Ҷумҳурият» чӣ мегирад? Тавре таҳлилҳо собит сохтанд, давоми панҷ соли охир ин нашрия дар бораи бурду бохти соҳаи маориф 472 (наздики 100 адад дар як сол!) мақола ба табъ расондааст, ки муаллифи 292-тои онҳо худи омӯзгоронанд. Яъне, «Ҷумҳурият» бар ивази обуна ба омӯзгор минбар додааст, ки хостаҳояшро ба гӯши аудиторияи беш аз 50-ҳазорнафара расонда бошад. Қисми зиёди муаллифони мо маҳз бо назардошти нашри мақолаҳои пурмуҳтавояшон дар ин нашрияи бонуфуз соҳиби категорияҳои баландтар мегарданд, ки ҳам ба ҳавасмандияшон меафзояду ҳам ба баракати маошашон. Ин аст, ки аз теъдоди қариб 100 нафар омӯзгори пурсидашуда, сар карда аз пойтахти кишвар то Бадахшону Суғду Хатлону ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сад дарсад аз ҳамкорияшон бо нашрия изҳори ризоят карданд, на баръакс. Ҳатто, миннатдорӣ намуданд, ки аз маводи «Ҷумҳурият» бо мақсади тарғиби худшиносии милливу таҳкими ҳисси ватандӯстӣ миёни ҳазорон наврасони навхат дар дарсҳо ба таври васеъ истифода мекунанд. Таъкидан, такрор мекунам, ки ғайри ҳамагӣ як нафар касе нагуфт, ки махсус барои кадом як рӯзномаи ғайрисоҳавӣ маблағ дода бошад.
Ин ва даҳҳо далелҳои собитшуда гувоҳи онанд, ки тавре масъалаи якум аз ҷониби худи волидайн мушкили калидии соҳа эътироф нашуд, масъалаи «обунаи маҷбурӣ» ҳам кайҳо боз мавқеи меҳварии худро аз даст додааст.
Гузашта аз ин, шояд кам касоне огоҳ бошанд, вале «Ҷумҳурият» ягона нашрияест, ки ҳадафаш бо дастури муассисоне, ки дорад, тарғиби тафаккури миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихиву даврони соҳибистиқлолист на ба даст овардани фоида. Бо ин далел, ки имрӯз ин рӯзнома бо арзиши ҳамагӣ 95 дирам фурӯхта мешавад. Дар ҳоле ки хароҷоти як нусхааш бо назардошти нашр ва дастрас намудан бештар аз 1 сомониро ташкил медиҳад. Яъне, «Ҷумҳурият» арзонтар аз арзише фурӯхта мешавад, ки хароҷот дорад ва арзонтарин нашрия шояд дар минтақа ва берун аз он ҳам бошад.
Акнун, аз ҳамин дидгоҳ сухане чанд атрофи нашрияҳои соҳавӣ дар мисоли «Омӯзгор». Аввалан ин нашрия на рӯзнома, балки ҳафтанома буда, соле ҳамагӣ 52 нусха аз чоп мебарояд, вале бо арзиши нисбатан хеле баланд, аниқтараш бо 185 сомонӣ ба омӯзгорон «ихтиёрӣ» фурӯхта мешавад. Яъне, агар муаллим рӯзномаи воқеиро имкони ҳамарӯза бо 95 дирам хондан дошта бошад, нашрияи соҳавияшро қариб 3 сомониву 60 дирам (!) бояд, ки бихарад. Ин чунин маъно дорад, ки бар хилофи ҳадафи муассисони рӯзномаи «Ҷумҳурият» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади муассисони «Омӯзгор», аввалтар аз ҳама, тиҷорат аст, на камолоти идеологиву маърифатии кормандонашу на чизи дигар. В-арна ба суди муаллим, яъне бо арзиши аслияш ва бо нархи имтиёзнок фурӯхтани «Омӯзгор» магар буҷети вазоратро касод мекунад?!
Гузашта аз ин, «Ҷумҳурият» минбари садсолаи Тоҷикистон ҳамчун давлат аст ва ҳамин муддат барои тарғибу ташвиқи сиёсати роҳбарони давлатсозаш рисолат дорад. Имрӯз ҳам қариб тамоми шумораҳои он зери шиори «Зинда бод Тоҷикистон» ва «Ҷовидонӣ бод давлатдории миллии тоҷикон» ба дасти хонанда расида, хидматҳои фарзонафарзанди миллат, муассиси худ, Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмонро бозтоб менамояд. Аз тарғибгарони асосии дастовардҳои замони истиқлол, аз ҷумла дар соҳаи маорифу илм маҳсуб ёфта, ба таври доимӣ ба садҳо нафар муаллим минбар медиҳад. Худи омӯзгорон қариб сад дарсад аз ҳамкорияшон бо нашрияи рақами №1 на танҳо розӣ, балки миннатпазиранд. Берун аз мактаби миёна низ дар панҷ соли охир беш аз чил нафар донишҷӯву унвонҷӯ танҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо такя ба маводи ин рӯзнома рисолаҳои дипломиву номзадӣ ҳимоя кардаву чун олим ба камол расидаанд.
Дар ин муддат дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ «Ҷумҳурият» барои се рисолаи магистрӣ ва даҳҳо рисолаҳои дипломӣ сарчашмаи пажӯҳиш маҳсуб ёфтааст.
Ин ва даҳҳо далелҳои дигар баёнгари он аст, ки имрӯз ҳамкориҳо байни рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва кулли омӯзгорони кишвар барои ҳар ду ҷониб мутақобилан судманд аст. Ҳар ду ҷониб, ба қавле, танҳо бурд мекунанду халос, касе аз ҷонибе даъво надорад… Пас, саволи матраҳ ин аст, ки чаро «обуна ба «Ҷумҳурият»» бояд аз мавзуъҳои доимӣ ва баҳсбарангези нишастҳои Вазорати маориф ва илм боқӣ монда бошад?!». Чаро бо 3 сомониву 60 дирам рӯзнома харидани муаллим «ҳатмӣ» ҷомаи қонун пӯшаду бо пардохти 95 дирам дастрас намудани рӯзномаи миллӣ «маҷбурӣ» шарҳ дода шавад?!
Акнун худ қазоват кунед, муаллим аз обуна ба кадоме аз ин нашрияҳо бештар бурд мекунад: «Омӯзгор» ё «Ҷумҳурият».
Ва умуман, барои як Вазорат доштани 6 нашрияи соҳавӣ («Омӯзгор», «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон», «Русский язык и литература в школах Таджикистана», «Субҳи умед» ва «Масъалаҳои методикаи таълим»), ки маблағи обунаи умумияшон бештар аз 1000 сомониро ташкил медиҳад дар муҳите, ки худи масъулон омӯзгорро аз зери «азоби алим»-и обуна ба нашрияҳои ғайрисоҳавӣ «раҳо» кардан мехоҳанд, магар зарур аст?!
Ман шубҳа дорам, ки ҳадафи ҳамаи ин ҳафтаномаву моҳномаву гоҳномаҳои Вазорати маориф ва илм танҳо баланд бардоштани нуфузи омӯзгору таъмини камолоти касбии онҳо бошад. Шумо чӣ?
Хуллас, ҳадаф ҳеҷ гоҳ ин набуду нест, ки мо дар бораи проблемаҳои ин ё он соҳа хомӯширо ихтиёр кунем. Вале дар як сол, вақте ҳамагӣ ду бор имкони суҳбати озоду рӯ ба рӯ ба кулли масъулон дорем, дасти кам мебояд, ки проблемаҳои ҷузъиро аз ҷиддиву меҳварӣ фарқ карда бошем. Худ қазоват кунед, магар аз 1000 волидайн 30-50 сомонӣ додани яке ҳам аз байн равад, оё номи Вазорати маориф ва илм аз рӯйхати фасодзадатарин сохторҳои кишвар ақаллан зинае чанд поин мефурояд?! Ва ё обуна нашудани муаллим ба нашрияҳои ғайрисоҳавӣ оё метавонад садҳо курсиҳои холиро дар муассисаҳои олии таълимӣ пур карда бошад ва ё қодир аст, ки аз ҷиноятпешагии рӯзафзуни ноболиғон (барои маълумот соли 2024 - 674, соли 2025 – 715 ҷиноят!) дар мактабҳои миёна ҷилавгирӣ кунад….?!
Ё шумо андешаи дигар доред?
Санаи нашр: 03.04.2026 №: 61