ОЛМОН. ИШТИРОКИ СИРОҶИДДИН ИКРОМӢ ДАР ЧОРАБИНИИ “ТАВАҶҶУҲИ МУҲИМ ДАР УСТУВОРИИ МОЛИЯВӢ...”
Бо даъвати директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) Питер Зимонс, раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ дар чорабинии «Таваҷҷуҳи муҳим дар устувории молиявӣ: ҷиҳати омӯхтани таҷрибаи бонкҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон», аз ҷумла Dekabank, Helaba, Wibank, DeutschSparkassen ва Raisan дар самти устувории рушд ESG (экология, рушди иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ), ки дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид, иштирок намуд.
Як нукта боиси зикр аст, ки дар чорабинии мазкур роҳбарони бонкҳои амонатгузории аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) аз кишварҳои қитъаи Аврупо, Амрикои Ҷанубӣ, Африқо ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок карда, дастовардҳои молиявии худро рӯнамоӣ намуданд.
Дар ҳошияи баргузории чорабинии «Таваҷҷуҳи муҳим дар устувории молиявӣ», раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) Питер Зимонс мулоқоти судманди дуҷониба анҷом дод.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба бо бонкҳои аъзои Институти мазкур, аз ҷумла мусоидат намудан ба кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои кишварҳои қитъаи Аврупо, ба роҳ мондани маблағгузории савдо байни бонкҳо ва баргузор кардани чорабиниҳои муштарак бо иштироки намояндагони бонкҳои кишварҳои қитъаи Аврупо, Амрикои Ҷанубӣ, Африқо ва Осиёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) Питер Зимонс зикр намуд, ки Институт тибқи нақша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз чорабиниҳои худро дар мавзуъҳои муҳими бонкдории муосир, баргузор хоҳад кард.
“Амонатбонк” аз соли 2004 узви Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана буда, то имрӯз бо он дар самтҳои гуногун ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Зиёда аз 6700 бонки амонатгузор ва чаканаи дунё узви Институти мазкур буда, бештари масъалаҳо вобаста ба танзиму ҳамкориҳои байналхалқӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисони бонкҳои аъзо ин ҷо баррасӣ мешаванд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.06.2023 №: 123
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)