ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГӮШТИНИ МИЛЛӢ

ГӮШТИНИ МИЛЛӢ

21 июн 2023, Чоршанбе
16
0
Аввалин Чемпионати Осиё дар Душанбе
Бори аввал пас аз мақоми байналмилалӣ касб кардани гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” (соли 2022) аз рӯи ин намуди варзиш Чемпионати Осиё баргузор мегардад. Дар ин чорабинии бошукӯҳи варзишӣ, ки 27 июн бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мегузарад, паҳлавонони беш аз 30 давлат ширкат мекунанд. 
Дар ин бора аз Федератсияи гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” хабар доданд. 
Макони баргузории Чемпионат Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе интихоб шудааст. 
Бар пояи маълумоти масъулон, ғолибон 5 ҳазор доллари ИМА ва барандагони зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан 3 ва 1,5 ҳазор долларӣ ба даст меоранд. 
Қарор аст, ки моҳи сентябр бахшида ба Ҷашни Истиқлоли давлатӣ Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ баргузор гардад. 
 
 
 
ФУТБОЛ
Пирӯзии Тоҷикистон бар Ҳонгконг
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар бозии рафиқонаи дуюм (19 июн, «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода) бар тими Ҳонгконг пирӯз шуд.
Тибқи иттилои ФФТ, бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид. Аз ҳайати мунтахаби мо Амадонӣ Камолов ва Шаҳром Самиев гол заданд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии якум мусовӣ (1:1) хотима ёфта буд.
 
 
 
ҶОМИ ОСИЁ-2023 
Наврасони мо имкони баромадан аз гурӯҳро нигоҳ медоранд
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 (Таиланд) аз дастаи Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
– Қатъи назар аз шикаст, шогирдони Раҳматулло Фузайлов имкони баромадан аз гурӯҳро нигоҳ медоранд. Барои роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 лозим меояд, ки бар тими Австралия пирӯз шавад. Ин рақобат 22 июн баргузор мешавад, – омадааст дар хабари ФФТ.
Бояд гуфт, ки дар даври аввал футболбозони мо бо мунтахаби Чин мусовӣ (1:1) бозӣ карданд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 20.06.2023 №: 127
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив