ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҷаҳон дар як сатр

Ҷаҳон дар як сатр

21 июн 2023, Чоршанбе
10
0
ТАСС. Муовини намояндаи Дабири кулли СММ Фарҳон Ҳақ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки сафари намояндагони мамлакатҳои Африқо ба Москва ва Киев дар роҳи ба ҳам наздик шудани тарафҳо иқдоми муҳими мусбат гардид.   
 
Синхуа. Сардори Шурои давлатии Чин Ли Сян 19 июн бо  сафари расмӣ вориди Олмон шуд, ки дар он ҷо даври ҳафтуми машваратҳои байниҳукуматии ду кишвар баргузор мешаванд.
Ли Сян гуфт, ки Пекин омодааст бо Берлин ҳамкорӣ намояд, то зарфиятҳои ҳамкорӣ ва пешрафт ба марҳалаи нави рушди равобити дуҷонибаро омӯзад.
 
RGRU. «Дар асоси тавофуқ ва хоҳиши ду кишвар барои таҳкими равобити дуҷониба Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи барқарор кардани равобити дипломатӣ бо ифтитоҳи Сафорати Қатар дар Абу-Даби ва консулгарӣ дар Дубай ва, инчунин, Сафорати Амороти Муттаҳидаи Араб дар Доҳа эълон медоранд», – 19 июн иқтибос меорад ТАСС аз изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Қатар.
 
SNG. TODAY. Россия, Чин ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея тасмим доранд, дар кишвари Приморск як парки тиҷоратӣ ва саноатӣ бунёд кунанд. Татбиқи лоиҳаи азимро губернатор Олег Кожемяко зимни мулоқот бо котиби якуми кумитаи Ҳизби коммунистии вилояти худмухтори Янбяни Корея  Ху Сзяфу эълон кард. 
Санаи нашр: 20.06.2023 №: 127
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив