ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Мулоқоти Си Ҷинпин бо Энтони Блинкен 

Мулоқоти Си Ҷинпин бо Энтони Блинкен 

21 июн 2023, Чоршанбе
20
0
Синхуа. Раиси Ҷумҳурии Мардумии  Чин Си Ҷинпин бо Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар Пекин мулоқот анҷом дод.
Си Ҷинпин гуфт, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз вазъи кунунии муносибатҳои Чину ИМА нигарон аст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ намехоҳад шоҳиди низоъ ё муқовимат миёни Чину Амрико бошад ва ё тарафи яке аз ин кишварҳоро интихоб намояд. Онҳо интизоранд, ки ду кишвар бо ҳамдигар дар ҳамзистии осоишта, дӯстӣ ва ҳамкорӣ рушд кунанд. 
Раҳбари Чин таъкид намуд, ки рақобати қудратҳо ба тамоюлҳои давру замон мувофиқат намекунад ва илова бар ин, ба ҳалли мушкилоти худи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва чолишҳое, ки ҷаҳон мувоҷеҳ ҳастанд, ёрӣ  намерасонад. Чин манфиатҳои ИМА-ро эҳтиром менамояд ва  ба ҳамин монанд, ИМА бояд Чинро эҳтиром кунад ва ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии он осеб нарасонад.
 
 
 
Президенти Африқои Ҷанубӣ 10 банди нақшаи сулҳи Африқо барои ҳалли низоъ дар Украинаро ном бурд
CentralAsia (CA). Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамафоса дар як нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Президенти Украина Владимир Зеленский 10 ҷузъи асосии нақшаи сулҳи кишварҳои Африқоро номбар кард.
Даҳ ҷузъи ҳалли низоъ. Бар асоси иқтибосҳои Сирил Рамафоса аз расонаҳои Украина:
низоъ бояд бо роҳи осоишта ҳал карда шавад;
гуфтушуниди сулҳ бояд ҳарчи зудтар оғоз ёбад;
аз ҳар ду тараф паст кардани шиддати вазъият зарур аст;
соҳибихтиёрии давлатҳо ва халқхо бояд мувофиқи Оинномаи СММ таъмин карда шавад;
кафолати амният барои ҳамаи кишварҳо зарур аст;
интиқоли ғалла ва нуриҳои маъданӣ аз ҳар ду мамлакат таъмин карда шавад;
расондани ёрии башардӯстона ба осебдидагон;
масъалаи иваз намудани асирон ва баргардондани кӯдакон бояд ҳал карда шавад;
«барқарорсозии баъдиҷангӣ» бояд таъмин гардад;
ҳамкории зич бо мамлакатҳои Африқо.
 
 
 
Эрон ҳамкориҳоро бо Осиёи Марказӣ амиқтар мекунад
Sputnik. Бино ба хабаргузории Эрон «Tasnim», президентони ҷумҳуриҳои Эрон ва Ӯзбекистон Иброҳим Раисӣ ва Шавкат Мирзиёев дар мавриди ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун ба мувофиқа расиданд. 
Дар ҷараёни сафари расмии Мирзиёев ба Теҳрон музокироти сарварони давлатҳо сурат гирифт.
"Дар ин маросим баёнияи муштарак ва 10 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун миёни Эрон ва Ӯзбекистон ба имзо расид", –  навиштааст «Tasnim».
Зикр мешавад, ки ҳуҷҷатҳо ба соҳаҳои шарикӣ, аз қабили тиҷорат, нақлиёт, транзит, суғурта, технологияҳои инноватсионӣ ва кишоварзӣ дахл доранд.
Дар ҳуҷҷатҳои имзошуда, ҳамчунин, бандҳо дар бораи эҳтимоли таъсиси минтақаҳои озоди тиҷоратии муштарак мавҷуданд.
 
 
 
Созишнома байни Россия ва Тоҷикистон  
ТАСС. Бастани тавофуқнома миёни Россия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар заминаи амнияти байналмилалии иттилоотӣ  наздикӣ ё мувофиқати назари Москва ва Душанберо нишон медиҳад. Дар ин бора дар паёми Вазорати корҳои хориҷии Россия гуфта мешавад.
Рӯзи душанбе вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳуҷҷати дахлдорро имзо карданд. Ҳуҷҷат хусусияти стратегии шарикии Россия ва Тоҷикистонро тасдиқ мекунад, наздикӣ ё мувофиқати бархӯрдҳоро ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ нишон медиҳад. 
Санаи нашр: 20.06.2023 №: 127
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив