ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТИРГОН. ЭҲЁИ ДИГАРБОРАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ТИРГОН. ЭҲЁИ ДИГАРБОРАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

21 июн 2023, Чоршанбе
94
0
Ҷашни Тиргон дар қатори дигар ҷашнҳои бузурги миллии мо ҷойгоҳи хоссае дошт ва имрӯз ҳам дорад. Тавре гуфта шудааст, ин Ҷашн дар рӯзи 13-уми тирмоҳ, ки онро дар солшумории порсӣ “тиррӯз” меноманд, баргузор мешавад. Вале қайд гардидааст, ки дар муқоиса бо Наврӯзу Меҳргон дар бораи Тиргон маълумот кам мавҷуд аст, пас аз асрҳои XIV-XV бошад, роҷеъ ба баргузории Ҷашни мазкур  дар китобҳои таърихию адабӣ хабаре оварда нашудааст.
Агар Ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврӯз иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас, Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони орёӣ аст, ки мутобиқи тақвими григорианӣ рӯзи баргузориашро 1 июл ҳисобидаанд. Дар солшумории ниёгони мо рӯзҳову  моҳҳо номҳои худро доштанд ва як қатор ҷашнҳои зиёде низ доштем.
Дар таърих  санади Тиргон “рӯзи камон кашидани Ораш” эътироф шудааст. Ҳамчунин, Ҷашни Тиргон ба ривояти Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” рӯзи бузургдошти нависандагон дар  Эрони бостон будааст. Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ ба мо маълум гардид, дар Ҷашни Тиргон амалҳои гуногун, аз қабили “обпошӣ”, “фоли кӯза”, “дастбанди тиру  бод” иҷро  мешудааст. Дар ин Ҷашн мардумони мо даруну беруни хонаро об пошида мерӯфтанд ва либоси тоза ба бар мекарданд. Сипас, аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли дастпона мебофтанд ва “Тиру бод” меномиданд. Баъди даҳ рӯз дар рӯзи бод онро кушода ба бод медоданд. Дар ин рӯз мардумони эронӣ аз хонаҳои худ баромада, хурсандиҳо мекарданд, ба якдигар об мепошиданд, ки то ҳол он дар бархе минтақаҳои эронинишин идома дорад, фақат бо баъзе тағйирот.
Гуфта мешавад, ки дар Мозандарон ҳоло ҳам расми “Сенздаҳ шаби тирмоҳ” мавҷуд мебошад, ки идомаи Ҷашни Тиргон аст. Мардум шоми сенздаҳуми тирмоҳ пас аз шустушӯи хонаву дар ва обтанӣ суфраи идона мекушоянд. Дар он меваю шириниҳо ва хӯришҳои гуногун мегузоранд. Пас аз тановули хӯрок бо аҳли хонавода бо девони Хоҷа Ҳофиз фол мекушоянд. Бачаҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда, дар кӯчаҳо суруду таронахонӣ мекунанд. Аз хонаҳо ба онҳо ба ин хотир, меваю ширинӣ медиҳанд.
Аслан, Ҷашни Тиргон ба фарорасии фасли тобистон, рӯзҳои 21-22 моҳи июн рост меояд, ки дар ин рӯз Офтоб ба қуллаи баландтарини худ  расида,   рӯзи аз ҳама дарозтарин ҳисобида мешавад. Гармиҳои тобистон акнун шуруъ мегарданд. Гуфта мешавад, ки дар ин рӯзҳо ҷав, гандум ва ангури пешпазак ҳосил медиҳанд. Тут, гелос, зардолу ва дигар намуди меваҷот мепазанд. Мо бар он итминон мебандем, ки дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада Тиргон ва дигар ҷашнҳои фаромӯшшуда эҳё гардида ва дар сатҳи хуб таҷлил карда шаванд!
Мо бояд ин ҷашнҳоро ба ягон дин мансуб надониста, ҳамчун ҷашнҳои  миллии хеш таҷлил намоем. Чуноне ки  Президенти кишвар гуфтаанд: “Ин оинҳои бостонии ориётаборон бидуни вобастагӣ аз ҳама гуна унсурҳои диниву мазҳабӣ дар миёни мардум маҳбубият пайдо карда,тадриҷан мақоми умумихалқӣ касб намудаанд”.
                                         
Беҳрӯзи ХАЙРУЛЛО, узви маҳфили “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат”-и Кумитаи кор
бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Санаи нашр: 21.06.2023 №: 128
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив