ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАФАРОБОД.  БЕОБӢ АЗ МУШКИЛОТИ № 1 БОҚӢ МЕМОНАД

ЗАФАРОБОД.  БЕОБӢ АЗ МУШКИЛОТИ № 1 БОҚӢ МЕМОНАД

23 июн 2023, Ҷумъа
64
0
 
ОБ, ОБ, ОБ... 
Ин нидои аксари деҳқонони Зафаробод, яке аз ноҳияҳои аслии пахтакори шимолии Тоҷикистон, аст, ки ба далели танқисии оби полизӣ даҳҳо гектар киштзори пахтаашон “сӯхта” хисороти калони молӣ дидаанд. Деҳқонони шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев ва деҳоти Равшани ноҳия дар муроҷиате ба рӯзнома аз вазъи обрасонӣ изҳори нигаронӣ карданд, ки мо онро пайгирӣ ва ба ноҳияи Зафаробод сафар кардем.
Яке аз деҳқонон, ки нахост номаш зикр шавад, чунин иброз дошт: “Дар масоҳати 7 гектар пахта коридем, аммо бо сабаби норасоии оби полезӣ ҳамагӣ як гектараш қад кашиду боқимонда дар зери хок “сӯхт”. Зиндагиамон аз ҳисоби деҳқонист, вале чанд сол мешавад, ки заҳмати чандмоҳа ва маблағи сарфкардаамон дар пайи беобӣ талаф мешавад. Деҳқононе, ки чоҳҳои амудӣ надоранд чашмашон ба оби канал чор аст, вале... (оҳи сард кашид мусоҳиб)”. 


Бобои Раҳим низ, бо умед ба замин пули зиёде харҷ кард, ки ҳосили фаровон мегираду хонаводаашро таъмин мекунад. Ӯ гуфт, ки аз 5 гектар пахта бинобар камбудии об қариб ду гектар аз замин баромаду боқимонда насабзид. Барои додани нуриҳои минералӣ метарсанд, зеро дар сурати наомадани об боқимондааш низ, хушк мешавад. 
Заминдори дигар гуфт, ки 3 гектар гандумро даравидааст, вале аз кишти такрорӣ бинобар сабаби норасоии оби полизӣ ҳарос дорад.
 
ПРОБЛЕМАИ АСОСӢ ДАР ПОЙГОҲҲОИ ФАРСУДА АСТ!
Ноҳияи Зафаробод ноҳияи лалмӣ буда, умуман, оби худҷорӣ вуҷуд надорад ва заминҳо танҳо тавассути пойгоҳҳои обкашӣ, ки аз Сирдарё ба баландии то 360 метр бароварда мешавад, обёрӣ мешаванд. Мушкили норасоии оби полизӣ бештар дар хоҷагиҳои дур аз пойгоҳҳо ба назар мерасад, зеро пойгоҳҳои обкашӣ аз замони шуравӣ  боқимонда фарсудаю кори муназзам надоранд ва бо иқтидори пураашон кор намекунанд. Гузашта аз ин, дар чанд минтақа қубурҳои обгузар низ, сурох шуданд. Зимнан бояд гуфт, ки муҳаррикҳои пойгоҳҳои обкашии “Мирзочӯл-1”, “Мирзочӯл-2”, “Қизилӣ” ва қубурҳои онҳо солҳои 60-уми қарни гузашта истеҳсол шудаанд, яъне се бистсола дар хизматанд ва муҳлати истифодаашон гузаштааст. Ҳамин боис мешавад, ки ҳар лаҳза муҳаррикҳо аз кор монанд ё қубурҳо кафанд. Фарсудагии қубурҳо 11 май боиси сар задани садама дар қубури асосии обгузар, ки тавассути он об аз пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл-1” ба пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл-2” расонда мешавад, гардид ва аз фишори баланд қубур кафид. Ҳарчанд барои бартараф кардани садама бо дастури раиси вилояти Суғд ситоди корӣ таъсис ёфта, бо ҷалби мутахассисони соҳа қубури обгузар аз дарун ва берун кафшер шуда бошад ҳам, як муддат заминҳо беоб монданд. 
 
Пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл-1”, ки дар баландии 100 метр ба пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл-2” об мерасонад, аз 6 муҳаррик иборат мебошад. Ҳангоми шинос шуданамон бо пойгоҳ 4 муҳаррики фаъол дошт. Пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл-2” бошад, дорои 4 муҳаррики обкашӣ буда, он ба воситаи ду қубури обкашӣ ба баландии 95 метр ва ба масофаи 1070 метр об мебарорад. Зимни боздиди мо аз ин пойгоҳ ҳамагӣ як муҳаррик кор мекарду халос. Кормандон дар пайи таъмири як дастгоҳи дигар буданд. 


Зимнан, бояд гуфт, ки барои муҳаррикҳои пойгоҳҳои обкашӣ қувваи барқи зиёд сарф мешавад. Як муҳаррик дар як соат 8 ҳазор киловатт неруи барқ кор мекунад ва иқтидори обкашиаш 6 метри мукааб об дар як сония мебошад. 
Об тавассути ин пойгоҳҳо ба ду канал (ТЭМ 1 ва ТЭМ 2) ҷорӣ мешавад. Тибқи иттилои муовини якуми раиси ноҳия Некмурод Ҷумъазода, канали ТЭМ 1 барои шодоб кардани 11 ҳазор гектар ва ТЭМ 2 барои 18 ҳазор пешбинӣ шудааст. 
 
Аз сабаби ба таври зарурӣ фаъолият накардани пойгоҳҳои обкашӣ заминҳои поёноб бе об мемонанд. Мисол охири заминҳои обёришаванда аз саргаҳ 70 километр дур ҷойгир шудааст, ки то онҷо об, умуман намеравад. 
 
ЧОҲҲОИ АМУДӢ ТО АНДОЗАЕ  МУШКИЛОТРО ОСОН МЕКУНАД
Норасоии об боис гашт, ки даҳҳо хоҷагидорон барои обёрии заминҳо чоҳҳои амудӣ канданд. Аммо на ҳама деҳқонон имкони молии кофтани ҷоҳи амудиро доранд ва барои ҳамин ба умеди оби каналанд. Бино ба гуфтаи хоҷагидорони хурд, бо сабаби набудани об дар каналҳо маҷбуранд аз хоҷагиҳое, ки чоҳҳои амудӣ доранд обро харанд. Барои ҳар як соати обмонӣ 15 сомонӣ ба соҳиби чоҳ дода мешавад. 
 
Тибқи маълумоти раиси ноҳия, наздики 1000 чоҳи амудӣ заминҳои деҳқононро шодоб мекунад. Вале таҳлилҳо нишон доданд, дар сурати набудани оби каналҳо намнокии заминҳо кам гашта оби чоҳҳо низ, кам шуда, баъзеашон хушк шуда истодаанд. – Дар робита ба ин, мо кӯшиш дорем, ки оби каналҳоро зиёд карда, намнокии заминҳоро таъмин намуда, чоҳҳои амудиро аз хушкшавӣ ҳифз намоем, – гуфт раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода. 


 “ДАР СЕ СОЛИ ОЯНДА НОҲИЯ  ПУРРА ШОДОБ МЕШАВАД”
Раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода ҳолати буҳронии оби полизиро тасдиқ карда, иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои баромадан аз мушкилӣ ба маблағи 15 миллион сомонӣ як муҳаррики обкашӣ ворид кардааст. Тибқи нақша, бояд тирамоҳ насб гардад, зеро насби он бо ёрии мутахассисони чинӣ сурат мегирад. Гузашта аз ин, муҳаррикҳои дигар таҷдид мегарданд. 
– Дар ҳоли ҳозир ҳамаи имкони доштаамонро истифода карда истодаем, ки то қадри имкон деҳқононро бо оби полизӣ таъмин намоем. Дар пойгоҳҳои обкашӣ ситоди доимамалкунанда ташкил намудем, то мушкилиҳои бавуҷудомадаро сари вақт бартараф намоем. Ҳолати деҳқононро дарк мекунем, зеро онҳо барои гирифтани ҳосили фаровон маблағ сарф мекунанд, вале норасоии оби полизӣ боиси кам гаштани ҳосил мегардад, ки хароҷотҳояшонро намепӯшонад, – иброз дошт раиси ноҳия. – Новобаста аз мушкилии обёрӣ деҳқонони боиродаи ноҳияи Зафаробод соли гузашта 31 ҳазор тонна пахта супурданд, ки хеле натиҷаи баланд ба ҳисоб меравад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки пас аз насби муҳаррикҳои нав ва таҷдиди пойгоҳҳо Зафаробод шуҳрати пешинаро барқарор мекунад, – илова намуд Раҷаб Ашурзода.
Ӯ изҳори итминон кард, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар давоми се соли оянда ноҳия аз буҳрони норасоии оби полизӣ баромада, мушкилии деҳқонон ҳалли худро меёбад. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, Душанбе – Зафаробод – Душанбе


Санаи нашр: 23.06.2023 №: 129
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив