ВМКБ. БАРДОШТ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Санъаткорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар моҳҳои наздик дар ҳайати иштирокдорони чорабинии минтақавӣ аз Тоҷикистон бо барномаи фарҳангӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҳунарнамоӣ мекунанд. Барои ин сафари ҳунарӣ санъаткорони вилоят бояд барномаи мукаммалу дидании фарҳангӣ омода намоянд. Дар ин бора раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар машварати назоратии назди раиси вилоят иттилоъ дод.
Раиси вилоят зикр кард, ки чорабинии мазкур бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегардад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳру деҳоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даҳҳо нафар ҳунармандони соҳибсалиқа дарёфт шудаанд, ки имрӯз на танҳо дар кишвари мо, балки берун аз он шуҳратёранд. Раиси вилоят дар назди масъулони шуъба ва бахшҳои фарҳанг, кумитаи кор бо занон, раёсати кишоварзӣ, раёсат ва шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таҳияи барномаи мукаммали фарҳангӣ, омода намудани намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастранҷи кишоварзони вилоят, аз қабили асали кӯҳистон, хучу ангат, тути Помир, маҳсулоти ширинӣ ва қаннодии хоси вилоят супоришҳои иловагӣ дод. Алишер Мирзонабот, ҳамчунин, барои омода намудани варзишгарон аз намудҳои шоҳмот, тенниси калон, шиноварӣ ва давидан барои мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, дастурҳо дод.
Дар машварат раиси вилоят ба фаъолияти идораҳои нигаҳдории роҳҳои вилоят эроди ҷиддӣ гирифт. Зикр гардид, ки имрӯз дар ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа барои ободонии роҳҳо маблағҳои иловагӣ равона гардида, корҳои таъмирӣ идома доранд. Вале аз беназоратии идораҳои роҳсозӣ ва раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт истифода бурда, дар маҳалҳои аҳолинишин баъзе шаҳрвандон ба роҳҳо об сар медиҳанд, аз байни роҳ бе мувофиқа бо идораҳои дахлдор лӯлаҳои об мегузаронанд. Роҳсозон бошанд, ин ҳолатро мушоҳида намоянд ҳам, пеши роҳи ин қонуншиканиҳоро намегиранд.
Раиси вилоят ба масъулони соҳа, бахусус кормандони раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, супориш дод, ки аз ҳолати роҳҳо ва нигаҳдории онҳо назорати доимӣ бурда, байни мардум дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд.
Дар машварат, ҳамчунин, таваҷҷуҳи масъулон ба масоили тозагии шаҳру деҳот, муҳофизати дарахтон аз ҳашароти зараррасон, рафти корҳои ободонӣ, ҷалби ҷавонон ба кор дар сохтмони неругоҳҳои барқи обии “Роғун” ва “Себзор”, таъмири варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ, ташкили мактабҳои типи нав дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят ҷалб гардид. Масъалаи дигари ҷаласа омодагии ҳамаҷониба барои баргузор кардани як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ, вусъати корҳои ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ буд.
Ҳамчунин, дар машварат бобати рушди соҳаи маориф, бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои олии кишвар, фароҳам овардани шароит барои истироҳати тобистонаи хонандагон ва таъмини онҳо бо либоси мактабӣ, фаъолгардонии корхонаҳои дӯзандагӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру деҳот, таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар масъалаҳо табодули назар карда шуд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.06.2023 №: 130
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)