ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

24 июн 2023, Шанбе
43
0
ПОРА
Ду корманди як вазоратро ба толори суд бурд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ду корманди Вазорати молия баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Парвиз Наимов, сармутахассиси шуъбаи иҷозатномадиҳии раёсати ҳуқуқи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Далер Мирзоев, сардори ҳамин шуъба, зимни фаъолияти кориашон ҳамчун шахси мансабдор барои мусоидат намудан ҷиҳати гирифта додани иҷозатномаи машғул шудан ба фаъолияти идораи букмекерӣ аз шаҳрванд “А” ба сифати пора 3000 доллари ИМА талаб намудаанд. Онҳо аз ин миқдор 1000 долларро пешакӣ гирифта, зимни гирифтани боқимондаи маблағи талабнамуда, дастгир шуданд.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Парвиз Наимов ва Далер Мирзоев бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора...) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ то ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ солро пешбинӣ мекунад.
 
 
 
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ
Нисбат ба сарбозони бадрафтор парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ М. Исмоилов ва А. Давлатов бо моддаи 391 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ин хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ адои хизмат мекарданд, дар пайи паҳн гардидани аксе, ки дар он ҳолати паст задани шаъну шарафи сарбозон ифода мешавад, оғоз гардидааст. М. Исмоилов ва А. Давлатов дар риоя накардани талаботи Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дағалона вайрон кардани қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, ки ҳангоми тамйиз кардани мӯйи сари сарбозони навдаъватшуда ба амал омадааст, айбдор мешаванд. 
 
 
 
ҚАЛЛОБӢ
Анҷоми муомилае, ки дар он фикри фиребу орзуи фоида гирифтан буд
Кормандони мақомоти милитсия марди 44-солаи сокини шаҳри Бӯстонро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, боздоштшуда аз моҳи августи соли 2019 то моҳи майи соли 2020 дар ширкати электронии “Юник Фейненс” фаъолият намуда, ба бовари марди 43-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даромада, ӯро фиреб додааст. Аз ҷумла, гумонбар аз ин мард моҳҳои апрел-майи соли 2021 дар ду маврид 2 ҳазор доллариашро гирифта, тариқи электронӣ саҳмияҳои ширкатҳои гуногуни хориҷиро оид ба минбаъд ба даст овардани фоида пешниҳод намудааст. 
Дар робита ба ин ҳолат, бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 
 
Санаи нашр: 24.06.2023 №: 130
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив