ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МТС. БАРДОШТ АЗ ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

МТС. БАРДОШТ АЗ ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

05 июл 2023, Чоршанбе
32
0
 
Тоҷикистон бо пешниҳоди стратегияи чорум таҳти унвони «Саноатикунонии босуръат ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум» вориди марҳилаи ҷадиди навсозӣ гардид. Ташаббуси чунин навсозии ҷомеа омили рушди иқтисодӣ ва беҳбудбахшии зиндагии мардум дониста мешавад.
Ин нукта дар Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ, ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Такмили самтҳои рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави саноатикунонии иқтисодиёт» бо иштироки намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдор, олимону коршиносони соҳавӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва хабарнигорони воситаҳои ахбори омма доир гардид, баён шуд. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш арзёбии вазъи кунунӣ ва корбурди тавсияҳои амалӣ дар такмили самтҳои рушди комплекси агросаноатӣ дар партави саноатикунонии иқтисодиёт мебошад.
Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, гуфт, ки пешниҳоди тарҳи саноатикунонии босуръати кишварро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (соли 2018) бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карда буданд. Барои ба воқеият пайвастани ҳадаф амалисозии босифати барномаҳои соҳавии қабулгардида, ҷалби васеи лоиҳаҳои  сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ зарур дониста мешавад. Бо ин мақсад, баҳри татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2026 як қатор барномаҳои соҳавӣ амалӣ шуда истодаанд, ки мақсад аз онҳо фароҳамсозии шароит барои гузариши иқтисодиёти ҷумҳурӣ батадриҷ аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ мебошад. 
 
Сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Марказ Имомназар Каримиён, дар мавзуи “Такмили самтҳои рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави саноатикунонии иқтисодиёт” баромад намуда гуфт: 
– Дар шароити ташаккулёбӣ ва тараққиёти муносибатҳои бозорӣ мавқеи комплекси агросаноатӣ ниҳоят баланд мешавад, чунки комплекси агросаноатӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меравад. Болоравии сатҳи некуаҳволии аҳолӣ маҳз ба пешрафти минбаъдаи соҳаҳои кишоварзӣ вобастагии калон дорад. Дар шароити гузаштан ба иқтисодиёти бозорӣ дар ин соҳа пеш гирифтани ислоҳоти аграрӣ зарур аст. Самтҳои асосии навсозии сохтори хоҷагии қишлоқ, пеш аз ҳама гузарондани ислоҳоти замин, ташаккул додани муносибатҳои бозорӣ, дар амал татбиқ намудани шаклҳои гуногуни моликият, такмил додани таркиби соҳавии комплекси агросаноатӣ, яъне диққати асосӣ додан ба тараққиёти соҳаҳое, ки барои саноат ашёи хом истеҳсол менамоянд, ташкил кардани корхонаҳои хурд ва муштарак оид ба коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ҷойгир намудани онҳо дар назди маҳаллаҳои аҳолинишини деҳот бо мақсади ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошанд.
Чуноне аз таҳлилу баррасии мутахассисони соҳа дар ҳамоиш бармеояд, бобати такмил ва рушди комплекси агросаноатии Тоҷикистон ҳамкорӣ ва дар мувофиқа бо якдигар такмил додани самтҳои рушди комплекси агросаноатӣ аз тарафи корхонаҳои масъул, аз ҷумла Вазорати кишоварзӣ, Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, бонкҳои хизматрасонӣ ва дигар корхонаҳои ёрирасон, дида намешавад. Барои фароҳам овардани имконияту шароит мебояд маблағгузорӣ ба корхонаҳои коркарди маҳсулот ба ноҳияҳои истеҳсолкунандаи ашёи хом наздикбуда бештар ҷудо гардад, то ки маҳсулнокӣ бештар ва қарзҳо тезтар баргардонда шаванд. Дар ин бобат зерсохторҳои Вазорати кишоварзӣ – раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо якҷоя бо бахшҳои бонкҳои хизматрасони шаҳру ноҳияҳо ва раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорат назорати доимӣ баранд. Ҳамчунин, шуъбаҳои иқтисодии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо муваззафанд, ки барои таҳияи лоиҳаҳо оид ба зарурати соҳаҳои хизматрасонӣ чораҷӯӣ карда, ба идораҳои дахлдор пешниҳод намоянд.
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.07.2023 №: 137
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив