ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ФОРМУЛАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ФОРМУЛАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

05 июл 2023, Чоршанбе
49
0
 
(Таҳлили ду соли нахустини ваҳдатгустарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Дар саргаҳи ҳар як амали наҷиб, албатта, ягон фарди боҳушу рой ё гурӯҳи одамони ҳамфикр ва соҳибтадбир меистад. Бемуҳобо, дар саргаҳи ваҳдати миллии мо баъди сар задани он ҳама гирудорҳои бемаънӣ ва аз сояи якдигар душмантарошиҳо, ё ба як ибора: дасти барои оштӣ дарозшударо рад кардан, Эмомалӣ Раҳмон – ин фарзанди ному насабаш барои ҳар як хонадони тоҷик азиз, меистад. Одамоне, ки ваҳдати миллатро мехостанд, шояд кам набуданд, аммо дар он замон, ки ба масал “шер метарсид аз хонааш бурун шавад”, аз хостан то ҷуръати як-ду ҳарф ба фоидаи миллату давлат заданро ҳар кас надошт. Ин нуктаро ҳоҷати баҳс нест.
Ҳоло ки мо наздики се даҳсола боз шукри ваҳдати миллӣ, шукри фазои амну ороми кишвар, шукри пешравиҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳар шаҳру маҳалро мекунем, ба ёд овардани он рӯзҳои барои ҳар сокини Тоҷикистон шуми солҳои 90-и асри гузашта аз манфиат холӣ нест.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронияшон гуфта буданд, ки аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз ҳама бештар Хатлонзамин зарари молию ҷонӣ дида буд. Бале, ҳарчанд алангаи хонумонсӯзи он ҳаводиси мудҳиш кулли Тоҷикистонро фаро гирифта буд, вале хоинони миллат, гурӯҳҳои манфиатдор тавониста буданд, ки аз софдилии мардуми ин гӯшаи диёр истифода бурда, онҳоро зуд ба гирдобу гирдбоди тираву торики ҳадафҳои зишташон бикашанд. Он рӯзҳоро, ки ба айёми ҷавониҳои мо рост омада буд, ба ёд оварда, ба чунин хулоса мерасам: азбаски мо қадр, қимат, ҳашамат ва манфиати Истиқлоли давлатиро сари вақт дарк карда натавонистем, бисёр осон фиреби душманони берунию дохилии миллат ва ҳуққабозони салла ва ҳам костюмпӯшро хӯрдем. 
Агар як бор ҷилди 1-и асари “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”-ро, ки аз маҷмуи ибтикорот, суханрониҳо, мусоҳибаҳо ва мақолаҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аст, варақ гардонем, яқин ҳосил мекунем, ки Эмомалӣ Раҳмон баъд аз Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан, аввалин гомҳои худро маҳз аз барҳам задани ҷангу хунрезӣ ва пойдор сохтани оромию осудагӣ сар карда буданд. Мавсуф 19 ноябри соли 1992 ба вазифаи болозикр интихоб шуда, 12 декабр ва 31 декабри ҳамон сол, 1 июн ва ҳам июли соли 1993 ба халқи Тоҷикистон, июли соли 1993 ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тавассути воситаҳои ахбори омма муроҷиат карда, силоҳбадастонро ба фурӯ гузоштану ба дасти намояндагони ҳукумати қонунӣ супурдани абзорҳои ҷанг, гурезаҳоро баргаштан ба мулки аҷдодӣ ва эътимод варзидан ба ояндаи осуда, халқи одиро ба рафъи оқибатҳои ҷанг, машғул шудан ба киштукор ва амалҳои созанда даъват кардаанд. Ин иқдомҳо дар ҷараёни суханронию мулоқот, мусоҳибаҳо ва дар мақолаҳои муаллифӣ низ, хеле босароҳат идома ёфтаанд. Хуллас, агар зиёд не, ҳамагӣ ба ин ду соли фаъолияти Роҳбари давлат, ки воқеан, он замон ҷавон буд, бо чашми таҳқиқ бингарем ва онро аз рӯйи инсоф баҳо диҳем, мефаҳмем, ки мавсуф дар баробари ҷон ба каф гирифтану сафару суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо ҷонибҳои даргир ва халқи одӣ дар масири даъвату ҳидоятҳои маънавӣ низ, заҳмати хеле зиёд кашидаанд. 
Ба ҳамдиёрони аз Ватан дурафтода муроҷиат карда, гуфтаанд: “Магар нолаи чуғзе нашунидед, ки манзилатон ба ёд намеояд? Ба Ватани худ баргардед. Хонаи шумо танҳо ба шумо насиб мекунад. 
Ман намедонам дар ғурбат шуморо чи нигоҳ медорад. Шояд бароятон мегӯянд ё касе фаҳмонданӣ мешавад, ки дар Тоҷикистон шуморо ранҷу шиканҷа интизор аст. Агар ҳамин хел бошад, ба ин кӯрдилон бовар накунед...
Ба Ватан баргардед. Аммо мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем. Ҳамин қадар мегӯем, ки як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем...
Ватан бе шумо холист, аммо донед, ки шумо ҳам бе Ватан пурра нестед...
Ёд доред, ки мегӯянд: “Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар” (Ҳамон асар, ҷилди 1, саҳ. 81-82).
Ба кулли мардум муроҷиат карда, таъкид намуданд: “Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърихи хешро аз сар мегузаронад. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллат гардиданд. Дар натиҷа будан ва ё набудани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зери хатар монд. Ранҷбарону деҳқонон ва равшанфикрони миллат, ки дар фазои дӯстиву рафоқат бо ҳам мезистанд, гирифтори фишору таъқиб шуда, ниҳоят иҷборан ба даст яроқ гирифтанд...
Имрӯз ҳар яки мо ба худ савол медиҳем: “Чаро ва аз баҳри чӣ ин фоҷиа ба сари халқ омад?”. Ҷавоби савол ба ҳама маълум аст: мубориза баҳри мансабу ҳокимият. 
Дар хотимаи муроҷиатнома суханеро гуфтанд, ки самимию қотеъ буданашро таърихи минбаъдаи миллату давлат исбот кард: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду соли аввали роҳбарии хеш кореро анҷом доданд, ки фақат чандин институтҳои пуриқтидор ва таҷрибадори сулҳофар ва иқтисодшиносӣ сахтии онро таҳаммул карда метавонистанд. Як чиз равшан аст, ки ҷаҳон то ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ расидани Тоҷикистон ин гуна таҷрибаи нодири сулҳофариро надошт. 
Ҳоло мо мардуми он замон азиятдида – шоҳидони бевоситаи беҳокимиятии муваққатӣ ва ниҳоят, рушди хурсандибахши Тоҷикистони азиз ба он ҳама мақсадгузорӣ, ҷасорат, талош, сабр, боварӣ ба фардои дурахшон, қалбҳои шикастаро ба оянда гарм кардан, ҳидоят ба бунёдкорӣ, ба қасам содиқ мондани Президентамон аз даричаи замон нигариста, бо корномаи беназири ӯ ифтихор мекунем ва аз ҳастии чунин фарзанди фарзонаи миллат меболем. 
 
Маҳмадҷон АБДУЛҚОДИРЗОДА,
сардори сарраёсати Хадамоти назорати давлатии 
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон
Санаи нашр: 05.07.2023 №: 138
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив