ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ.  КОМИССИЯИ ҲУКУМАТӢ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНИРО ВУСЪАТ МЕБАХШАД

ВМКБ.  КОМИССИЯИ ҲУКУМАТӢ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНИРО ВУСЪАТ МЕБАХШАД

10 июл 2023, Душанбе
30
0
 
Бо супориши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ  дар ноҳияи Роштқалъа таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи ҳукуматӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карда, аз мавзеи зарардида дидан ба амал овард.
Нахуст, Сарвазири мамлакат ва гурӯҳи корӣ аз ҷараёни корҳои барқарорсозии роҳи сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки дар километри 42 – юми самти Хоруғ – Роштқалъа– Ҷавшангоз бар асари фаромадани сел хароб гардида буд, шинос гардиданд. Сарвазири мамлакат мутахассисони соҳаи роҳдориро вазифадор намуд, ки бо истифода аз техникаи роҳсозӣ, инчунин, бо ҷалби механизмҳои ширкатҳои сохтмонии НБО “Себзор” роҳро ҳарчи зудтар кушода, ҳаракати нақлиётро дар ин масир таъмин намоянд.   
Дар идома гурӯҳи корӣ аз деҳаи Анҷин, ки дар он қитъаи замин барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба хоҷагиҳои зарардида ҷудо гардидааст, дидан намуд. Мутобиқи нақша дар майдони се гектар замин 10 манзили истиқоматии замонавӣ бунёд карда мешавад. Сипас, Сарвазири мамлакат ба маҳали будубоши муваққатии сокинони аз офати табиӣ зарардида дар истироҳатгоҳи “Шабдез”-и деҳаи Анҷин омад. Дар ин ҷо ба хотири таъмини бехатарии сокинони деҳа 31 хоҷагӣ ҷой дода шудааст. Сарвазири мамлакат аз хобгоҳ, ошхона, беморхона ва шароити маишии сокинони зарардида аз наздик шинос гардида, аз шароитҳои муҳайёгардида изҳори қаноатмандӣ кард. Зимни мулоқот бо зарардидагон Сарвазир таъкид сохт, ки  вазъияти баамаломада таҳти таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва манзилҳои истиқоматии хоҷагиҳое, ки бар асари офати табиӣ хароб гардиданд, аз нав барқарор карда мешаванд. Дар ин росто, ба 15 хоҷагӣ, ки манзили истиқоматиашон қисман ва пурра хароб гаштааст, дар доираи 10 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супурда шуд. 
 
МАШВАРАТ ДАР ҲУЗУРИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
Дар маркази ноҳияи Роштқалъа таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода машварати корӣ баргузор шуд. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ оид ба вазъияти баамаломада иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки аз 22 то 24 июни соли ҷорӣ бо сабаби якуякбора гарм шудани ҳарорати ҳаво офати табиӣ рух дод. Бахусус, он сабаби омадани селу зериобмонии маҳаллаҳои аҳолинишин гардид. Аз ҷумла, дар таърихи 23 июн дар деҳаи Мулвоҷи Ҷамоати деҳоти ба номи Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим бар асари фаромадани сел як хонаи истиқоматӣ қисман ва ду иншооти ёрирасони  хоҷагиҳо зарар дида, 1,2 га замини кишоварзии сокинон корношоям гардид. Рӯзҳои  24 - 28-уми июн  бо сабаби пайи ҳам фаромадани сел 15 хоҷагии деҳаи Миденведи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа зарар дид. Дар баробари ин, иншооти иқтисодӣ, аз ҷумла бунгоҳи тиббии деҳа, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, роҳи автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба масофаи 2,5 километр, хатти интиқоли барқ ба масофаи 450 метр, хатти оби нӯшоӣ ба масофаи 2,5 километр, мағозаи тиҷоратӣ, 880 бех дарахти мевадиҳанда ва сояафкан, 3,5 га замини кишт зери селу лойқа монд. 
Баъд аз фаромадани селҳои такрорӣ дар деҳаи Миденвед ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ситоди вилоятӣ таъсис дода шуда, тавассути ҳашари дастаҷамъона бо ҷалби сокинони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Роштқалъа хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигии хоҷагиҳои зарардида аз селовард тоза ва хатти интиқоли барқ барқарор гардид. 
15 хоҷагии зарардида ва 16 хоҷагии зерихавфқарордоштаи деҳаи мазкур, ки дар маҷмуъ, 143 нафарро ташкил дод, ба минтақаи бехавф  кӯчонда, барои будубоши муваққатии онҳо шароит муҳайё гардид. Аммо рӯзҳои 27 - 28-уми июни соли равон дар ин минтақа такроран сел ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа, маҷрои дарёи Шоҳдара маҳкам шуда, ба баланд гардидани сатҳи оби дарё ва зери об мондани 8 хоҷагии деҳаи мазкур, Муассисаи таҳсилоти ибтидоии № 28, мағозаи тиҷоратии хусусӣ, 4 автомашинаи шахсӣ, шустану зери об мондани роҳи автомобилгард ва қатъ гардидани интиқоли неруи барқ боис шуд.
Зикр гардид, ки аз лаҳзаҳои аввали сар задани офати табиӣ дар ноҳияҳои вилоят Пешвои муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъиятро таҳти назорат қарор дода, аз тамоми имконият ва воситаҳои зарурӣ ҷиҳати расондани кумак ба сокинони зарардида ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дастур доданд. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба зарардидагони офати табиӣ ба миқдори муайян маводи хӯрока расонда шуд. Президенти ҷумҳурӣ аъзои Комиссияи давлатиро вазифадор намуданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат оқибатҳои офати табииро бартараф карда, зарардидагонро ба ҷойҳои бехавф кӯчонда  аз кумакҳои моддии Ҳукумат бархӯрдор намоянд. Ҳамчунин, то оғози моҳи сентябр сокинони зарардида бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин карда шаванд.
Қоҳир Расулзода ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба роҳбарияти вилояту ноҳия, аъзои Комиссияи ҳукуматӣ ва шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод. Вобаста ба таъмини аҳолии осебдида бо маводи зарурии рӯзгордорӣ, бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ, барқарор намудани инфрасохтори харобгаштаи деҳа, аз ҷумла роҳ, ҷӯйбору каналҳои обрасон, кушодани роҳ, таъмини барқ ва дигар масъалаҳои муҳим дар назди масъулини кумитаю вазоратҳои ҷумҳуриявӣ вазифагузорӣ шуд. 
 
БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР НБО "СЕБЗОР"
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Себзор” дидан намуд. Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки дар бунёди Неругоҳ кормандони "Тоҷикгидроэлектромонтаж" машғул буда, айни замон корҳои заминӣ бо ҷалби беш аз 44 техникаи ҳозиразамон пеш бурда мешаванд. Ба масъулон супориш доданд, ки корҳои сохтмониро вусъат бахшида, дар муҳлати муқарраргардида агрегати якуми Неругоҳро ба кор дароранд. Сарбанд 9 метр баландӣ ва 60 метр дарозӣ дошта, то имрӯз 90 дарсади корҳои заминӣ дар ин қисмати сохтмон иҷро гардидааст. Дар корҳои сохтмонӣ 210 сокини шаҳру ноҳияҳои ВМКБ банд мебошад. 
 
БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 
Дар идомаи сафари кории худ ба ВМКБ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмонии иншооти сохташаванда дар шаҳри Хоруғ  шиносоӣ пайдо намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили арзанда аз Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хоруғ бунёди беш аз 250 иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар маҳаллаи Теми шаҳр бунёди корхонаи коркарди санг идома дошта, дар иншоот қариб 95 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шудаанд.
 Сарвазир бунёди корхонаи саноатиро заминаи асосӣ барои таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содиротнигаронидашуда арзёбӣ кард.  Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи саноатӣ имкон медиҳад, ки барои амалисозии ҳадафи чоруми стратегии кишвар заминаи устувор гузошта шуда, сокинони вилоят бо ҷойи кор таъмин шаванд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаро дар пешбурди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва иншооти сохташавандаи калони ҳудуди вилоят истифода мекунанд. Дар зимн, Сарвазири мамлакат аз корхонаҳои саноатии истеҳсоли пойафзол ва обҳои ташнашикан низ дидан намуд.  Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи хурди пойафзолбарорӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ таъсис шуда, дар он айни замон 15 сокини шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидааст. Сарвазир таваҷҷуҳи коргаронро ба истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатпазир дар бозори дохилӣ ҷалб намуд. То ҳол зиёда аз 40 дастгоҳи ҳозиразамон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин барои истеҳсоли маҳсулоти босифат ворид шуда, насб гардидааст.
Инчунин, Сарвазири мамлакт аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои дармонгоҳи раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ, бинои истиқоматии 12-ошёна, бинои намояндагии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои корхонаҳои истеҳсоли оҳану маҳсулоти оҳанӣ ва коркарди гӯшту шир боздид ба амал овард.
Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикргардида Қоҳир Расулзода дигар шудани симои шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус маркази маъмурии онро, самараи сулҳу ваҳдат ва сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.07.2023 №: 140
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив