АВВАЛИН МАКТАБИ ТОБИСТОНАИ ТАЪЛИМИ ҲУҚУҚИ ИНСОН
Аз 6 то 8 июл дар маҷмааи «Сафеддара» аввалин Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон барои ҷавонон гузаронда шуд. Он бо мусоидати Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон дар асоси «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022 – 2026», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021 қабул гардидааст, роҳандозӣ гардид.
Дар Мактаби тобистона намояндагони ҷавонони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Барои ҷавонон дар доираи Мактаб оид ба асосҳои ҳуқуқи инсон, механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи он, санадҳои универсалии соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Тоҷикистон тасдиқ намудаанд, фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, нақшаҳои миллии амал оид ба иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, муқаррароти қонунгузорӣ барои ҷавонон ва тарбияи ватандӯстӣ дар байни ҷавонон машғулиятҳо гузаронда шуданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқ барои шиносоии бештари ҷавонон ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон як қатор маводҳои омӯзишӣ, аз ҷумла нашри сеюми Маҷмуаи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсонро таҳия ва нашр карда, барои иштирокчиён дастрас намуд.
Иқдоми мазкур зимни татбиқи “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022 – 2026” идома дода шуда, марҳила ба марҳила намояндагони ҷавони дигар муассисаҳои олии таълимӣ ба он фаро гирифта мешаванд.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 11.07.2023 №: 141
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
27 март 2023, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)