ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ДАР СОҲАИ ТАЪЛИМИ ТОМАКТАБӢ

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ДАР СОҲАИ ТАЪЛИМИ ТОМАКТАБӢ

13 июл 2023, Панҷшанбе
48
0
Чанде пеш аъзои ҳайати густарда таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Зиёдуллоҳ Абдулзода ва муовини вазири молия Юсуф Маҷидӣ ба шаҳри Тошкент ташриф овард. Гуфта мешавад, ки ҳадафи сафар шиносоӣ бо вазъи соҳаи таълими томактабӣ дар Ӯзбекистон ва ба роҳ мондани табодули таҷриба мебошад.
 
Дар мулоқот намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Марко Мантованелли, мушовири Бонк оид ба маориф Шерри Ле Мотти, сардори департаменти минтақавии маорифи ЮНИСЕФ Алберто Бианколи,  намояндаи ЮНЕСКО Дилфӯза Ҳамидова, намояндаи Оҷонсии рушди байналмилалалии ИМА, мутахассиси соҳаи таълим Ҷоэл Ранелс ва муовини якуми вазири таълими томактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон Агриппина Шин ширкат намуданд.  
Ҳамчунин, дар доираи лоиҳаи «Дастгирии рушди барвақтии кӯдакони синни томактабӣ» бо ҳимояти молияви Бонки ҷаҳонӣ дар атрофи мавзуи «Сифати таълими томактабӣ» табодули назар ба вуқуъ пайваст. Иштирокчиёни мулоқот платформаи инноватсионӣ оид ба баланд бардоштани неруи омӯзгорони муассисаҳои таълими томактабӣ ва модули таълим дар асоси педагогикаи бозиро ба доираи баҳсу баррасӣ кашиданд. Хонум Шерри Ле Мотте платформаи наверо муаррифӣ намуд, ки метавонад барои баланд бардоштани иқтидор ва тахассуси кормандони системаи таълими томактабӣ истифода шавад. 
– Дар ҷумҳурии мо 72,3 дарсади кӯдакони синни аз 3 то 7-сола ба муассисаҳои таълими томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Дар баъзе манотиқи кишварамон ин рақам ба сад фоиз расидааст, – гуфт муовини якуми вазири таълими томактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон Агреппина Шин. Вай афзуд, ки ин нишондиҳанда сол ба сол боло меравад. Ба гуфтаи А.Шин, барои фарогирии ҳарчи бештари кӯдакони синни томактабӣ дар кишвараш тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар ҷараёни вохӯриҳо рӯнамоии лоиҳаҳое баргузор гардиданд, ки муаллифони онҳо Дилшод Ғаффоров (Ӯзбекистон) ва Нигора Обидҷонова (Тоҷикистон) мебошанд. Онҳо масъалаи беҳтар намудани рушди барвақти кӯдакони хурдсолро таҳти баррасӣ қарор додаанд.  
 
Мирасрор АҲРОРОВ,  “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.07.2023 №: 143
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив