ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СОДИРОТ. БОЗТОБИ ҶАРАЁНИ ИҶРОИ ДАСТУРУ  СУПОРИШҲОИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР СОҲА

СОДИРОТ. БОЗТОБИ ҶАРАЁНИ ИҶРОИ ДАСТУРУ  СУПОРИШҲОИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР СОҲА

14 июл 2023, Ҷумъа
28
0
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, ҳамзамон, бо ин васила, мусоидат намудан ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ба масъулон дастуру супоришҳо медиҳанд. 
 
Ин таъкидҳо ва дастурҳои Сарвари давлат хеле муҳим ва саривақтӣ буда, ба амалигардонии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамоянд. Инчунин,  имкон медиҳанд, ки даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил шуда, сатҳи зиндагии мардум баланд гардад.
 
ТОҶИКИСТОН БА КИШВАРИ СОДИРКУНАНДАИ МАҲСУЛОТ ТАБДИЛ ЁФТ 
Таваҷҷуҳи пайваста ва тадбирандешиҳои Ҳукумати кишвар ба он мусоидат намуданд, ки корхонаҳои бузург давра ба давра ба фаъолият пардозанд. Ин аст, ки дар муддати кӯтоҳ кишвари мо тавассути  дастгирии ҳамаҷониба аз давлати воридкунанда ба содиркунандаи маҳсулоти гуногун табдил ёфт. Имрӯз  мо метавонем бо роҳи рушди тамоми соҳаҳои саноат бозори кишварро бо моли ватанӣ таъмин ва ба хориҷи мамлакат содирот намоем. 
Абдулло Маъруф, сардори раёсати содироти маҳсулоти кишоварзии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки дар 3 моҳи соли ҷорӣ ба 36 давлат ба маблағи 344,3 миллион доллари ИМА  молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ содирот гардидааст. Дар соли гузашта бошад, ба маблағи 2 миллиарду 142 миллион доллари ИМА маҳсулот содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,4 фоиз кам аст. 
Тибқи таҳлилҳо, айни ҳол шарикони асосӣ дар содироти маҳсулоти ватанӣ 10 мамлакат: Қазоқистон, Чин, Туркия, Россия, Ӯзбекистон , Эрон, Афғонистон, Шоҳигарии Британияи Кабир, Италия, Амороти Муттаҳидаи Араб мебошанд, ки 97 фоизи ҳаҷми умумии содироти кишвар ба онҳо рост меояд. 
 
ОМӮЗИШИ ҶИДДИИ БОЗОРҲОИ ҶАҲОН – ОМИЛИ  ПЕШБУРДИ СИЁСАТИ СОДИРОТИИ КИШВАР 
Лутфулло Саидмуродзода, мудири шуъбаи таҳқиқоти иқтисодии муқоисавии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, иброз дошт, ки таҳаввулоти иқтисодии анҷомдодаи Пешвои миллат дар бисёр асарҳои илмии иқтисоддонҳо то ҳол аз мавқеъ ва диди назариявии давраи гузариш аз низоми идоракунии маъмурӣ  ба низоми бозори озод арзёбӣ мешаванд ва шуда истодаанд. Ин табиӣ аст, аммо ба назари мо, барои дарку фаҳмиши аҳамият ва ҷиддияти масоили рушди истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, ки берун аз кишвар бевосита бо рақобати комил ворид мешаванд, бояд бо дарназардошти танҳо қонунҳои бозори озод ва рақобати солим баҳогузорӣ шаванд.   
Сарвари давлат борҳо зикр карданд, ки мо бояд дар чунин системаи бозорӣ кор карданро ёд гирем, ки шарти асосии он қонеъ гардондани талаботи афзалияти истеъмолкунандагон аст, зеро маҳз ҳамин шарт дар бозори берунаи кишвар ҳукмрон аст. Бинобар ин, барои пешбурди сиёсати содиротии кишвар, пеш аз ҳама, бозорҳои ҷаҳон ва минтақаҳоро бояд ҷиддӣ омӯхт.
Ҳангоми интихоби модели стратегияи содироти кишвар на танҳо иқтидори мавҷудаи захиравӣ, истеҳсолӣ ва молиявии мамлакат, балки вазъи геоиқтисодӣ ва геополитикӣ дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин, самтҳо ва хусусияти муносибатҳо бо дигар кишварҳоро ба назар гирифтан зарур аст.
 
АГАР МУШКИЛОТ БАРТАРАФ  ШАВАНД…
Ба андешаи Л. Саидмуродзода, ҷиҳати бештар комёб гаштан дар рушди истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва афзудани ҳаҷми содирот ҳанӯз мушкилиҳо ҷой доранд. Ташаккули шароити мусоид барои васеъ намудани базаи истеҳсолии ба содирот нигарондашуда, ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла тавассути қабули барномаҳои махсус оид ба дастгирии соҳаҳои дахлдор, ташкили платформаҳо ва минтақаҳои иқтисодӣ барои истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва такмилу навсозии инфрасохтори энергетикӣ, технологӣ, саноатӣ ва нақлиётӣ, ба анҷом нарасидаанд.
Агар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот ва баланд бардоштани рақобатнокӣ» қабул мегардид, ба мақсад мувофиқ буд. Механизми комилан камхарҷ – ташкил ва баргузории Озмуни миллии «Беҳтарин содиркунандаи Тоҷикистон» низ, барои ҳавасмандии соҳибкорони содиркунандаи маҳсулот мусоидат хоҳад намуд. Инчунин, ҳанӯз низоми ягонаи миллии дастгирии содирот ташаккул наёфтааст, баъзе ҷузъҳои он мавҷуданд, ки бояд бо дарназардошти афзалиятҳои сиёсати иқтисодӣ тариқи институтҳои пешбурди содирот муттаҳид ва тақвият дода шаванд.
Дар назди Ҳукумати мамлакат Агентии содирот таъсис дода шуд, аммо рушди институтҳо, механизмҳо ва воситаҳои дастгирии давлатӣ, алалхусус чораҳои ҳавасмандгардонии молиявӣ, ки шароити содиротии рақобатнокиро барои содиркунандагони ватанӣ таъмин мекунанд, ҳанӯз амалӣ нагаштаанд. Рӯйхати номҳои маҳсулоти «Тоҷикистон Toп-20: Содирот»-ро бояд тасдиқ кард ва бахши хусусӣ барои иҷрои он манфиатдор бошад.
 
РУШДИ СОҲА ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕХОҲАД
Баҳри расидан ба ҳадафҳои судманду наҷиб таваҷҷуҳи асосӣ бояд ба тадбирҳои дастгирии давлатии содирот тавассути тақвияти чораҳои институтсионалии ҳавасмандгардонии содирот, истифодаи воситаҳои молиявӣ барои дастгирии фаъолияти содиротӣ, суғуртаи хавфҳои содиротӣ, такмил додани чораҳои ғайримолиявии пешбурди содирот ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ-логистикӣ равона карда шавад.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,      
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 14.07.2023 №: 144
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив