ПЕШВОИ МИЛЛАТ. НАҚШИ РОҲБАР ДАР ТАШАККУЛИ СИЁСАТИ ЭКОЛОГӢ
Гарчанде ки давлатдорӣ дар ҷомеаи инсонӣ таърихи тулонӣ дорад ва давраҳои гуногунро дар бар гирифтааст, муносибати инсон ба табиат ҳамеша дар доираи меъёрҳои муайяннамудаи давлатдорӣ қарор дошта, мақсади ин маҳдудиятҳо таъмини истифодаи оқилонаю ҳифзи захираҳои табиӣ мебошад. Сарфи назар аз андешаи баёнгардида, рушди ҷомеа, афзоиши теъдоди аҳолӣ ва равандҳои дигар дар заминаи болоравии талаботи ҳаётӣ боиси шадидтар шудани истифодаи захираҳои табиӣ дар давоми ҷараёни таърихии рушди ҷомеаи башарӣ гаштааст. Хусусан, рушди босуръати соҳаи саноат ва урбанизатсияи (шаҳришавӣ) аҳолӣ, ки дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX зоҳир шудааст, боиси тазйиқи баланди антропогенӣ, яъне фаъолияти хоҷагидории инсон, ба муҳити табиӣ гардидааст.
Дар ин давра сиёсати экологии мамлакатҳои ҷаҳон қариб, ки ташаккул наёфта, асосан, тамоили истифодаи бемайлони захираҳои табиӣ бидуни меъёру андозаҳои муайянро доштааст. Аз ин лиҳоз, солҳои 70 – 90-уми асри XX мафҳумҳои «инқирози экологӣ», «офатҳои экологӣ», «мушкилоти экологӣ», «садамаҳои экологӣ» пайдо шуданд, ки инъикоси аёни муносибати инсон ба табиат ва оқибатҳои ногувори он буданд. Дар чунин вазъияти буҳрони ҷаҳонӣ, яъне вайроншавии табиат аз ҳисоби истифодаи нодурусти захираҳои табиӣ, ба ҳар як давлат муассиса, ташкилот ва ё сохтори алоҳидае зарур буд.
Дар кишвар сохторе бо номи Кумитаи ҳифзи муҳити зист фаъолият мекунад, ки ҳамаи масъалаҳои ҳифзи муҳити зистро ба танзим медарорад ва сиёсати экологии Тоҷикистонро таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал мебарорад. Солҳои аввали ташкили мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи ҳуқуқӣ ва муайяннамоии самти асосии сиёсати экологии мамлакатро танҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дигаре буданд, ки таъмини назорати давлатиро ташкил медоданд. Бори нахуст соли 1997 ҳуҷҷати муҳими стратегӣ “Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1998-2008” қабул гардид, ки самтҳои асосии сиёсати экологии кишварро муайян ва манбаъҳои маблағгузор, мақомотҳои масъул, муҳлати иҷрои тадбирҳои пешбинигардида ва ҷабҳаҳои дигари соҳаро амиқу мушаххас дар бар гирифтааст. Баъдан, қабул шудани “Консепсияи давлатии ҳифзи муҳити зист барои солҳои 2008 – 2013”, “Барномаи давлатии баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ барои солҳои 2006 – 2010”, “Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019”, “Барномаи давлатии комплексии рушди маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи солҳои 2020” ва ҳуҷҷатҳои дигари давлатӣ, самтҳои сиёсати экологии давлати соҳибистиқлолро инъикос намуданд.
Қобили зикр аст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муҳтавои стратегияи давлатӣ ба соҳаи ҳифзи муҳити зист равона гардид, ки, асосан, ба фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ такя менамуд ва мавқеи ҷомеа, шаҳрвандон, муносибат бо давлатҳои хориҷӣ дар самти ҳифзи муҳити зист аз мадди назар берун монда буд. Ҳуҷҷатҳое, ки баъд аз солҳои 2005 қабул гардидаанд, аллакай, дорои нақшаву тадбирҳои мушаххас баҳри таъмини сифати баланди муҳити зист буданд, ки мавқеи хоссаи моликияти хусусиро дар ҳифзи муҳити табиӣ муайян менамуданд. Сиёсати экологии Тоҷикистон зина ба зина такомул ёфтааст, ки аз сатҳи баланди татбиқи барномаҳои давлатӣ ҳувайдост. Ба ғайр аз ташкили заминаҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ, баъдан, самти асосӣ ба баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ равона гардид. Ҷорӣ намудани омӯзиши табиатдӯстӣ дар кӯдакистонҳо, ворид сохтани фанни «Экология» барои хонандагони синфҳои 9-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, пешбинӣ кардани фанҳои «Ҳифзи табиат», «Экология», «Консепсияи муосири табиатшиносӣ» дар нақшаҳои таълимии ҳамаи ихтисосҳои муассисаҳои олии касбӣ ва ғайра зинаи дигари рушду такомули сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки давоми солҳои 2000-2005 пурра татбиқи худро ёфтааст ва то имрӯз идома меёбад. Бар замми ин, соли 2020 таъсиси телевизиони “Илм ва табиат” ва дар он ташкили вохӯриҳо, семинарҳо, озмунҳо, суҳбатҳо ва тадбирҳои дигари тарғиботӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа хеле вусъат ёфт, ки заминаи онҳоро иқдомҳои наҷиб ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи захираҳои об ташкил медиҳанд.
Ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар эълон гардидааст, ки бо сиёсати экологии мамлакат ҳамрадиф аст. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ироаи Паёми солона бо эълон намудани ҳадафи нави стратегӣ таъкид доштанд, ки раванди саноатикунонии босуръати кишвар мебояд бо татбиқи технологияҳои муосири кампартов ва бепартов амалӣ гардад. Ин амал заминаи воқеии саҳми арзандаи Тоҷикистон дар раванди пешгирии тағйирёбии иқлими сайёра мебошад. Чунки, таваҷҷуҳи хоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии обшавии пиряхҳо бо ташкили Маркази пиряхшиносӣ, даъвати пайваста доир ба таъсиси консорсиуми байналмилалӣ ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои оби кӯли Сарез, бунёди обанборҳои сунъии танзимкунандаи маҷрои дарёҳои Вахшу Зарафшон ва ғайра шаҳодати сиёсати муваффақонаи экологии Тоҷикистон мебошад. Алалхусус, ба сифати асосгузори дипломатияи байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи захираҳои об шинохта шудани Тоҷикистон далели равшани сиёсати экологии Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Ҷомеаи мутамаддин мутмаинанд, ки сиёсати экологии кишвар минбаъд низ, такомул хоҳад ёфт ва ҳамеша баҳри ҳифзи муҳити зисти сайёра, аз ҷумла табиати рангини Тоҷикистон, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, равона мегардад. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номуси кишварро мебояд дар татбиқи стратегияҳои сиёсати экологии Ҳукумати мамлакат фаъолона иштирок намояд ва ба ҷаҳониён исбот созад, ки нишонаи олии фарҳанги қадимаи миллати тамаддунофар - ин табиатдӯстӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад.
Муҳаммадҷон ҲУСАЙНОВ,
муаллими калони кафедраи
таърих ва диншиносии ДДҲБСТ
Санаи нашр: 17.07.2023 №: 145
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)