ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚАЛЪАНАК. АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ДЕҲОТ

ҚАЛЪАНАК. АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ДЕҲОТ

18 июл 2023, Сешанбе
10
0
 
Ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хеле рушд кардааст. Ҳудуди он аз 5 деҳа иборат буда, аҳолиаш ба 11803 нафар мерасад, ки аз ин 5868 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Аз замонҳои пеш дар ин макон косибон ва устоҳои гулдаст фаъолият доштанд, ки маҳсули дасти онҳоро на танҳо мардумони маҳал, балки аҳли дигар деҳаҳои ноҳия истифода мебурданд.
 
Раиси Ҷамоати деҳоти Қалъанак Мансурҷон Беков зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” изҳор дошт, ки деҳоти Қалъанак дорои имкониятҳои васеи кишоварзӣ, аз қабили картошкапарварию боғдорӣ ва чорводорӣ буда, дар он соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ босуръат рушд меёбанд. То ин давраи соли равон кишоварзон ва аҳолии заҳматпеша дар майдони  119 гектар кишти картошка гузаронданд. Тайи се соли охир дар майдони 10 гектар боғи нав бунёд шуд.
Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ низ, аз шуғли асосии сокинони деҳоти Қалъанак маҳсуб меёбад. Саршумори чорво ва оилаҳои занбӯри асал сол ба сол меафзоянд. 
Корҳои ободонию созандагӣ дар доираи барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт роҳандозӣ гардида, ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза гирифтанд. Бо дастгирии соҳибкорони баору номус ва фаъолон дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 61-и деҳаи Шаҳринав бинои нави таълимии дуошёнаи дорои 16 синфхона дар ду баст барои беш аз 640 ҷои нишаст сохта шуда истодааст, ки маблағи он беш аз 3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар назди МТМУ №49-и деҳаи Хуфак 4 синфхонаи иловагӣ, 1 кабинети корӣ ва китобхона мавриди истифода қарор гирифт. Сохтмони хобгоҳ барои 100 нафар хонанда аз ҳисоби маблағҳои буҷети дадвлатӣ дар назди Литсеи касбӣ - техникии №61 идома дорад. 
Бо мақсади таъмини аҳолии деҳаи Қалъанак бо оби нӯшокӣ аз масофаи 7 километр хатти оби нушокӣ оварда шудааст, ки иборат аз 18 нуқта буда, мардум аз он истифода мебарад.
Дар деҳаи Ялдамич сохтмони бинои нави китобхона ва майдони варзиш аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолӣ бомаром идома дорад. Дар маҷмуъ, беш аз 20 иншоот дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар аз тарафи сокинони деҳот ва соҳибкорони маҳаллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.  
Ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас диққати ҳамешагӣ дода мешавад. Бо мақсади татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар назди Ҷамоат комиссияи махсус амал мекунад, ки пайваста бо падару модарон ва наврасону ҷавонон вохӯриҳо доир менамояд. 
– Даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз масъалаҳоест, ки роҳбарияти ҷамоат ва фаъолон ба он диққати доимӣ медиҳанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки мо ҳамасола яке аз аввалинҳо шуда, дар ноҳия нақшаи даъвати ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ иҷро менамоем. Аксари ҷавонон мехоҳанд ихтиёран дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қарзи фарзандии худро адо намоянд, – гуфт раиси Ҷамоат. Ӯ иброз дошт, ки мардуми деҳоти мо, воқеан ҳам, меҳнатқаринанд. Шукрона мекунем, ки дар даврони бунёдкорию созандагӣ зиндагӣ дорем ва мо пайравони Пешвои миллат ҳастему мароми мо созандагист. Бовар дорем, ки бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо азму талошҳои ҳамарӯзаи сокинони меҳнатқарини деҳот зиндагиамон дар фазои сулҳу ваҳдат боз ҳам гуворотару мушкилоти соҳаҳои иқтисодии заҳматкашони мо бартараф ва дастовардҳо боз ҳам, назаррас мегарданд.
 
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.07.2023 №: 145
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив