ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОҲИЯИ СИНО. ТАҶРИБАЕ, КИ НАМУНАИ ИБРАТ АСТ!

НОҲИЯИ СИНО. ТАҶРИБАЕ, КИ НАМУНАИ ИБРАТ АСТ!

19 июл 2023, Чоршанбе
40
0
 
Дар 5 мавзеи сераҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қуттиҳои партовпартоӣ барои зарфҳои пластикӣ гузошта шуданд. Дар назар аст, ки чунин қуттиҳо дар дигар ҷойҳои серодам низ насб гарданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино хабар доданд.
 
Ба гуфтаи масъулон, ҳоло ин қуттиҳо дар назди Боғи ҳайвонот, Кӯли ҷавонон, Кохи Наврӯз, Филармонияи давлатӣ ва дар роҳи тарабхонаи “Латина” гузошта шудаанд.
– Ҳадаф аз насби онҳо тоза нигоҳ доштани пойтахт, ҷамъоварӣ ва коркарди дубораи зарфҳои пластикӣ ва, ба ин васила, коҳиш додани таъсири манфии зарфҳои пластикӣ ба табиат мебошад, – гуфтанд масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино. Ба таъкиди онҳо, дар шакли зарфи пластикӣ сохтани қуттиҳо таваҷҷуҳи сокинонро ба худ ҷалб мекунад. Ин метавонад барои баланд бардоштани маърифати сокинони пойтахт мусоидат намояд.
Таҳияи қуттии махсус барои зарфҳои пластикӣ ва насби он дар ҷойҳои серодам моҳе қабл дар ноҳия баррасӣ гардида, инак, он амалӣ мешавад. 
Зикр мешавад, ки ин қуттиҳо дар КВД “Нақлиёти махсуси партобҳои сахти маишӣ”-и ноҳия сохта шудаанд. 
Ёдовар мешавем, ки қаблан ба ин монанд қуттиҳо дар дигар минтақаҳои кишвар,  насб гардида буданд, ки таваҷҷуҳи сокинонро ба худ ҷалб намуданд. Ин маротибаи аввал аст, ки чунин қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар шаҳри Душанбе насб мегарданд.
 
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.07.2023 №: 146
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив