ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. МОҲИ МАРТ ТОҶИКИСТОН КОНФРОНСИ ОБ ДАР СММ-РО РОҲБАРӢ МЕКУНАД

ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. МОҲИ МАРТ ТОҶИКИСТОН КОНФРОНСИ ОБ ДАР СММ-РО РОҲБАРӢ МЕКУНАД

13 феврал 2023, Душанбе
241
0
 
Тоҷикистон 20 сол мешавад, ки дар саросари ҷаҳон ҳамчун кишвари калидӣ дар пешбурди масъалаҳои об дар Рӯзномаи оид ба рушди устувор эътироф гардидааст. Дар ин муддат ташаббусҳои муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои кишвари мо, балки барои манфиати тамоми мардуми дунё татбиқ гардиданд. 
Тавре медонем, бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи худ солҳои 2018 – 2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуд. Ҳадафи асосии Даҳсолаи мазкур ин мусоидат ба рушди устувор, идораи  самараноку ҳамаҷонибаи захираҳои обӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ноил гардидан ба ҳадафу вазифаҳо дар соҳаи об маҳсуб меёбад. Татбиқи ин ташаббусҳо имрӯзҳо ба як фаъолияти меҳварӣ дар умури иқтисодии кишварҳо мубаддал шуда, вобаста ба он, чорабиниҳои гуногунсатҳ аз маҳалҳои хурд сар карда, то миқёси ҷомеаи ҷаҳонӣ мерасанд. Аз ҷумла, вобаста ба ин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2017, № 487 қабул шуда буд, ки барои пайгирии раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсола дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ нигаронда шудааст. Тибқи қарори мазкур, Кумитаи тадорукот зери роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Даҳсола низ бо ҳамин қарор тасдиқ шуда, пайгирӣ мешавад. Ҳоло дар кишвар  дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” чорабиниҳои таблиғотию амалӣ, ба монанди дидору гуфтугӯҳо дар масоили об, дарсҳои кушод, намоишҳо, конфронсҳо, амалисозии лоиҳаҳои обёрию беҳдоштӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, гузаронда мешаванд. Ҳамзамон, дар сатҳи байналмилалӣ ҳамкориҳо ва ҷамъомадҳои васеъмиқёс бо иштироки роҳбарону намояндагони дипломатии баландпоя доир гардида истодаанд, ки аз татбиқи босамари Даҳсолаи номбурда дар мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Яке аз ин чорабиниҳои бонуфуз Конфронси дуюми Душанбе оид ба раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушд устувор, солҳои 2018 – 2028» аст, ки доираи бузурги сиёсатмадорону коршиносон дар соҳаи обро ҷалб намуда буд.  Натиҷаи он муайян намуд, ки кишварҳо то чи андоза дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсола муваффақ гардидаанд ва ё дар ин раванд ба кадом мушкил рӯ ба рӯ шуданд. Аз ҷумла, Конфронси дуюми оби Душанбе барои баргузории Конфронси оби СММ моҳи марти соли ҷорӣ дар Ню-Йорк нақши калидӣ дошт. Чунки чорабиниҳое, ки дар доираи татбиқи Даҳсола ва берун аз он марбут ба об баргузор шуданд, ҷамъбаст шуда, тавсияҳои асосӣ ба Конфронси имсола пешниҳод мегарданд. Мавриди зикр аст, ки як қисмати санади ниҳоии Конфронси дуюми оби Душанбе тавсияҳо ба Конференсияи оби СММ-ро дар бар мегиранд.   
22 – 24 марти соли 2023 Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид оид ба натиҷагирии миёнамуҳлати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» баргузор мегардад, ки корбарӣ дар ин самт ҳамаҷониба ҷараён дорад. Оид ба омодагӣ, иштирок ва амалҳои баъдии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Конфронси оби СММ Нақшаи чорабиниҳои он аз 27 августи соли 2022 аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ки тибқи он, вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати пайгирии масъалаҳои марбут ба таъсиси Гурӯҳи кории тоҷикистонӣ, ташкили ҷаласаҳои кумитаи тадорукоти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, таҳияи вазифаҳо барои сессияҳои махсус ва ташвиқу тарғиби Конфронси мазкур муваззаф гардидаанд.
20 декабри соли 2018 Ассамблеяи генералии СММ Қатъномаи худ дар бораи “Натиҷагирии ҳамаҷонибаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 – 2028”-ро қабул намуда буд. Мувофиқи он 22 – 24 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2023 баргузор карда мешавад. Конфронс ҷаласаҳои минтақавию глобалии омодагӣ алоқаманд ба обро дар бар гирифта, аз маросими кушодашавию пӯшидашавӣ, 6 ҷаласаи пленарӣ, 5 муколамаи интерактивӣ, ҷаласаҳои канории сатҳи баланд,  махсус ва дигар чорабиниҳои махсус, ки аз ҷониби тарафҳои манфиатдор доир мешаванд, иборат аст. Дар доираи Конфронс, ҳамчунин баргузории чорабинҳои фарҳангӣ низ, дар назар дошта аст.
Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2023 таҳти ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор гардида, Департаменти СММ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо дастгирии ниҳоди СММ – Об функсияи котиботи Конфронсро амалӣ менамояд. 
СММ чунин қоида дорад, ки дар ин гуна конфронсҳое, ки бо мизбонии ду кишвар баргузор мешаванд, яке аз ин давлатҳо аз доираи кишварҳои рушдёфта ва дигар аз доираи кишварҳои рӯ ба тараққӣ интихоб  мегардад. Бо назардошти талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маъмул будани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷавони пешбарандаи равандҳои ҷаҳонии об, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, ҳамраисии Тоҷикистон дар ин Конфронс мантиқӣ мебошад. Ҳамраис қабул шудани Подшоҳии Нидерланд баъд аз баррасии ҳамаҷониба сурат гирифта, аз як ҷиҳат, мувофиқат кардан ба талаботи СММ ва аз ҷиҳати дигар, дар масъалаи об фаъол будани ин мамлакат нақши муҳим бозидааст. Нидерланд дар ҳалли масоили марбут ба об барои кишварҳои гуногун ёрии зиёд кардааст. Бо вуҷуди он ки давлати рушдкарда ва дорои технологияҳои наву таҷрибаи бузург мебошад, ҳанӯз бо чолишҳои зиёде дар соҳаи об мувоҷеҳ аст.  Баланд гардидани  сатҳи оби уқёнус яке аз чолишҳои хеле ҷиддии Подшоҳии Нидерланд ба шумор меравад, ки ба минтақаҳои аҳолинишини соҳилии он таъсири манфӣ мерасонад.  
Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2023 аз рӯи принсипҳои фарогирӣ, ба амал нигарондашуда ва байнисоҳавӣ амал намуда, мақсад дорад, ки тавассути амал ва нақшаҳои мушаххас бо фарогирии  амудӣ ва уфуқӣ ба натиҷаҳои мушаххас ноил гардад. Конфронс бояд ҳамаи соҳаҳои дигарро барои беҳтар намудани идоракунӣ ва истифодаи захираҳои об сафарбар намояд. 
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд доир намудани ҷаласаи канорӣ таҳти унвони “Ҳамбастагии об – энергия-ғизо-муҳити зист”-ро дар нақша дорад, ки бобати омодагии ҳаматарафа ба он аз тамоми имкониятҳо истифода карда шуда истодааст. Бо омодагиҳои ҳамаҷониба ва хирадмандона, бовар аст, ки Тоҷикистон иштироки худ дар Конфронси дарпешистодаи СММ-ро дар сатҳи баланд таъмин карда, бори дигар ба ин масъалаи ҳаётан муҳими аҳли башару тамоми мавҷудоти зинда таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ҷалб менамояд. 
 
Далер АБДУРАЗЗОҚЗОДА, 
сардори раёсати сиёсати энергетика 
ва захираҳои оби Вазорати энергетика 
ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 10.02.2023 №: 33
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив