ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҲҚИҚОТ. «ТАШАББУСҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  ДАР РОБИТА БА ТАНЗИМИ ҚАЗИЯИ АФҒОНИСТОН» НАШР ШУД

ТАҲҚИҚОТ. «ТАШАББУСҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  ДАР РОБИТА БА ТАНЗИМИ ҚАЗИЯИ АФҒОНИСТОН» НАШР ШУД

19 июл 2023, Чоршанбе
19
0
 
Чанде пеш, китоби олими шарқшинос, доктори илмҳои таърих, профессор Муҳаммадӣ Сафолзода таҳти унвони «Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба танзими қазияи Афғонистон» соли 2016 китоби ҳаштум аз чоп баромад. Монографияи илмии мазкур идомаи таҳқиқоти фарогири муаллиф бахшида ба силсилаи ташаббусҳо ва ибтикороти созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли қазияи Афғонистон, минҷумла дар замони ҳузури неруҳои Эътилофи байналмилалӣ дар ин кишвар (ISAF) ба ҳисоб меравад.
Чуноне аз таҳлили илмии равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар нимаи аввали соли 2016 бармеояд, дар ин давра ҷонибҳо талош ба харҷ доданд, ки дурнамои рушди ҳамкориҳо ва тавсеаи равобити ду кишвар ба таври самаранок амалӣ карда шаванд. Ин дар ҳоле буд, ки Афғонистон дар самти бозсозӣ ва эҳёи иқтисоди баъдиҷангӣ ба дастгирии молиявии ҷомеаи байналмилалӣ шадидан ниёз дошт.
Дар таълифоти нав зикр мешавад, ки заминаи рушди ҳамкориҳои ду давлат дар асоси санадҳои имзошуда дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кобул, дар моҳи апрели соли 2005 фароҳам гардида, дорои аҳамияти хос мебошанд. Дар асоси ин аснод, ҷониби Тоҷикистон дар доираи имконоти мавҷуда омодагии худро ҷиҳати эҳёи иқтисоди баъдиҷангии Афғонистон, аз ҷумла оид ба тайёр намудани кадрҳо ҷиҳати ҳифзи сарҳадот дар ҳамбастагӣ бо дафтари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон нишон дода, дар ин самт як қатор корҳои амалиро анҷом дод. 
Муаллифи асар дар идома ба таҳлили тарҳҳои бузурги муштарак, аз ҷумла лоиҳаи CASA-1000 пардохта, нақши неруҳои Эътилофи байналмилалӣ дар амри таъмини субот ва саркӯб намудани гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро зери суол бурдааст. Ба таъкиди ӯ, неруҳои Эътилофи байналмилалӣ дар 16 соли ҳузури худ дар кишвари ҳамсоя муваззаф буданд, ки Афғонистонро аз хатари терроризми байналмилалӣ озод созанд: “Ҳарчанд дар муборизаи Эътилофи байналмилалӣ бо терроризми байналмилалӣ дар соли 2016 баъзе дастовардҳое ҳам ҳаст, аммо, на он ҳама мақсад ва вазифаҳое, ки Шурои амнияти СММ дар робита ба Афғонистон ва мубориза бо терроризми байналмилалӣ тарҳрезӣ карда буд, иҷро гардиданд”.
М. Сафолзода бо таҳлили амиқи вазъ аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эътидоли вазъи Афғонистон иқтибос оварда, таъкид менамояд, ки Пешвои миллат ҳаводиси Афғонистонро мунтазам пайгирӣ намуда, ба таври доимӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли қазияи ин кишвар ҷалб менамоянд. Олими тоҷик бо ишора ба ин таъкиди Сарвари давлат: “Дар мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ ва экстремизм, набояд бархӯрди дугона  сурат бигирад. Дар ғайри ҳолат, ин мушкилоти аср, метавонад, пайомадҳои нохуши фарогир ҳам дошта бошад”. Замони сипаригашта ва вазъи кунунии Афғонистон дурустии ин гуфтаҳоро нишон дод.
 
“ҶУМҲУРИЯТ”
Санаи нашр: 19.07.2023 №: 147
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив