НАХУСТИН НИШАСТИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА КИШВАРҲОИ АРАБИИ ХАЛИҶ
19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин вохӯрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози суханронӣ Пешвои миллат ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ, Ходими ҳарамайни шарифайн Аълоҳазрат Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд ва Валиаҳд, Раиси Шурои Вазирони Арабистони Саудӣ Волоҳазрат Муҳаммад ибни Салмон барои даъват ба нишаст ва меҳмоннавозӣ миннатдории худро изҳор намуда, ҳамзамон ҷониби Арабистони Саудиро барои сатҳи баланди ташкилӣ ва бомуваффақият баргузор намудани мавсими Ҳаҷ дар соли ҷорӣ табрик гуфтанд.
Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ Эъломияи муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ қабул гардид.
Санаи нашр: 20.07.2023 №: 148
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)