СУҲБАТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУҲАММАД ИБНИ САЛМОН ОЛИ САУД
19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар ҳошияи нахустин нишасти сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ бо Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон оли Сауд мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон оли Сауд аз пазироӣ ва ба ҷониби Арабистони Саудӣ барои ҳусни таваҷҷуҳ ва меҳмоннавозии самимӣ сидқан изҳори сипос карданд.
Ҷонибҳо нишасти аввалинро дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Халиҷ” рӯйдоди муҳим дар таърихи муосири робитаҳои машваратии ду минтақа арзёбӣ карда, изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои он ба тақвияти риштаҳои дӯстӣ ва пешбурди ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо мусоидати муассир хоҳанд кард.
Дар рафти мулоқот тарафҳо аз роҳандозӣ ва тақвияти муколамаи стратегӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ҷонибдорӣ намуданд.
Зимни дидор масоили ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои барои ҷонибҳо судманд, таҳкими робитаҳои ҳасана, нақши хоссаи муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди ҷонибҳо муҳокима гардиданд.
Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ ба рушду густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ дар чаҳорчӯби Кумитаи муштараки дӯстии парлумонӣ, Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, Форуми сармоягузории ду кишвар ва Фонди рушди саудӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, ҳамчунин коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан, аз самтҳои барои ҳар ду ҷониб судовар арзёбӣ гардид.
Ҷалби сармояи саудӣ барои рушди бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, ки дорои захираву имкониятҳои фарох аст, зарур шумурда шуд.
Тавсеаи минбаъдаи робитаҳои фарҳангиву башарӣ омили муҳими таҳкими дӯстии безаволу бародарии байни мардумони ду кишвар маънидод гардид.
Ҷонибҳо зимни суҳбат, ҳамчунин, масъалаи рушду таҳкими ҳамкориҳоро дар соҳаҳои илму маориф, сайёҳӣ, тандурустӣ ва варзишу ҷавонон баррасӣ карданд.
Густариши ҳамкории кишварҳо дар арсаи амниятӣ, аз ҷумла ҷиҳати муқовимат ба хатару таҳдидоти муосир, аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо атрофи онҳо табодули афкор намуданд.
Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон оли Сауд даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.