ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАҚЛИЁТ.  АГАР ПЕШИ РОҲИ РОНАНДАҲОИ БЕМАСЪУЛИЯТРО НАГИРЕМ...

НАҚЛИЁТ.  АГАР ПЕШИ РОҲИ РОНАНДАҲОИ БЕМАСЪУЛИЯТРО НАГИРЕМ...

21 июл 2023, Ҷумъа
61
0
 

Пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе рӯз ба рӯз симояшро зеботар мекунад. Дар ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр пешравиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, дар самти роҳу нақлиёт иншооти наву муосир бунёд гардида, хизматрасонӣ ба мизоҷон беҳтар шудааст. Дар баробари ин, ворид гардидани автобусу троллейбусҳои зиёди замонавӣ ба симои шаҳр ҳусни дигаре зам менамоянд. Воқеан, фаъолияти воситаҳои нақлиёт, хусусан автобусу троллейбусҳо, дар пойтахт хеле беҳтар гардида, рафтуомади сокинонро аз як нуқта ба нуқтаи дигар осон кардааст.  Бо вуҷуди ин, ҳолатҳое баъзан мушоҳида мешаванд, ки аз хунукназарии якчанд нафар диди сокинону меҳмонони пойтахт метавонад ба таври манфӣ тағйир ёбад.

 

Албатта, ҳоло ки дар саросари кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе, ҳарорати баланди   ҳаво ба мушоҳида мерасад, ҳифзи саломатии сокинон ва фароҳам овардани шароити мусоид мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ қарор дорад. Ҳамасола аз якуми июн Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо назардошти болоравии ҳарорати ҳаво, автобусҳои  пойтахтро  бо сӯзишвории  иловагӣ таъмин менамояд, то таҷҳизоти сардкунанда (кондитсионер) фаъол бошанд. Бо вуҷуди дастгириҳо  ва таваҷҷуҳи хосса ба беҳбуд бахшидани хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёт, бархе ронандаҳо ҳанӯз ҳам аз фаъол гардондани таҷҳизоти сардкунанда худдорӣ мекунанд.  
Вобаста ба ин масъала, аз чанд ронандаи автобусу троллейбусҳои   пойтахт пурсидем, ки чаро таҷҳизоти сардкунандаи дохили нақлиётро фаъол наменамоянд? Бархе ронандаҳо посух доданд, ки таҷҳизот  таъмирталабанд. Тавре мушоҳидаҳо нишон доданд, воқеан, дар баъзе аз автобусҳои мусофиркашонии  хатсайрҳои  2, 11, 18 ва 20  таҷҳизоти сардкунанда фаъол нестанд ё дар ҳолати хуби корӣ қарор надоранд. 
Лайло Бобоева, сокини шаҳри Душанбе, бо изҳори нигаронӣ гуфт:
“Сафар кардан аз як нуқта ба нуқтаи  дигари шаҳр,  ки  15-25 дақиқа тул мекашад, дар сурати кор накардани таҷҳизоти сардкунанда мушкил аст”. 
– Аз корхонаи нақлиётии мусофирбарӣ ҳамарӯза автобусҳо ба хатҳои сайр сафарбар карда мешаванд ва таҷҳизоти сардкунандаи онҳо дар  ҳолати корӣ қарор доранд. Мутобиқи қоидаҳои техникӣ,  таҷҳизоти сардкунанда бояд дар автобусҳо  аз соати  11:00 то 16:00 фаъол бошанд, аммо баъзе ронандагон ба ин масъала хунукназарона рафтор намуда, дар соати муқарраршуда таҷҳизоти сардкунандаро фаъол намесозанд, – гуфт муовини директор оид ба корҳои техникии Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии шаҳри Душанбе “Автобус-1” Абдувалӣ Қаюмов.
Аз МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” низ иттилоъ доданд, ки дар аксар мавридҳо фаъол гардондани таҷҳизоти сардкунанада аз тарафи ронандаҳо анҷом дода намешавад. Боз ҳолатҳое ҳастанд, ки бо сабабҳои техникӣ дар хатсайрҳо баъзеи онҳо корношоям мегарданд. Бо сабаби вайрон нагардидани ҷадвали ҳаракат дар хатсайрҳо фаъолияти чунин воситаҳои нақлиёт то анҷоми даври нақшавӣ ба роҳ монда шуда, баъди анҷоми кор барои таъмир ба маркази хизматрасонии техникии  “Сити Сервис ЛТД” равона карда мешаванд. Ҳоло дар ҳамаи автобусҳо ва истгоҳҳои пойтахт маълумотнома оид ба муроҷиати шаҳрвандон бо зикри телефони боварии чор корхонаи хизматрасон – КВД “Автобус-1”,  КВД “Автобус-2”,  КВД “Автобус-3” ва  КВД “Троллейбусҳо” насб шудаанд.  Сокинони  пойтахт метавонанд дар сурати фаъол набудани таҷҳизоти сардкунанда дар автобусҳо бо телефонҳои 2-24-38-07 ва 93-999-85-10 муроҷиат намоянд.
 
Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.07.2023 №: 148
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив