ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТО БА САНГ АНДАРУН БУВАД ГАВҲАР…

ТО БА САНГ АНДАРУН БУВАД ГАВҲАР…

21 июл 2023, Ҷумъа
21
0
 
Вақте ки  Ҳуснияро  ба мактаб гусел карданд, дуои модараш ҳамин буд:
– Ҷони оча, бидон, ки ту духтари директори мактабӣ, рафтор, кирдор ва хонишат бояд аз дигарон фарқ дошта бошад. 
Аз ҳамон лаҳза Ҳусния бо одобу ахлоқ ва дониши хуб аз дигар шарикдарсонаш фарқ мекард. Солҳо турнаосо гузаштанду Ҳусния МТМУ № 14-и маркази ноҳияи Мурғобро бо баҳои аъло хатм карду соли 1999  бо Квотаи президентӣ донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гашт. 
 
Баъди хатми Донишгоҳ Ҳусния бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар Муассисаи хатмкардааш ба омӯзгорӣ пардохт. Дар ҳақиқат, ин мактаб барояш азизу муқаддас буд, зеро падараш Ҳукуматшо Раҷабов ба ин мактаб бо роҳхат омада, аз омӯзгори одӣ то ба ҳайси  директорӣ фаъолият дошт. 
Ҳусния ба фаъолияти омӯзгорӣ сидқан ворид гашт. Аз муаллимони ботаҷриба маслиҳат мегирифт, дар як муддати кӯтоҳ дар қатори беҳтаринҳо ҷо ёфт. Дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буд. 
Донишу малака, масъулият, муносибати хуб бо мардум ӯро ба даргоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб овард. Аввал, бахши умумӣ, баъдан, бахши назорат, сониян, бахши кор бо занон ва оиларо сарварӣ кард.  
Маҳз муносибати дилсӯзона ба кор боис  шуд, ки соли 2010 Ҳусния Раҷабзода ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2011 хатм карда, ду сол дар вазифаи мудири шуъбаи умумӣ адои вазифа намуду соли 2013 муовини раиси ноҳияи Мурғоб интихоб гардид. Ҳусния Раҷабзода, ки дар идоракунии давлатӣ таҷрибаи бой дошт, ба комёбиҳои беш ноил гашт. Мардум дар симои ин бонуи некирода зани созанда, бунёдгар ва порсоро медиданд. Ҳар як маслиҳат, вазифа ва супоришро аз сидқи дил иҷро менамуд. Пирони рӯзгордида ӯро ҳамчун фарзанд, ҳамсолон ҳамчун хоҳар ва ҷавонон мисли модар эҳтиром мекунанд, ки аз ин давлати бузургтаре барояш нест. Ин маҳбубиятро Ҳусния Раҷабова дар муҳаббат ба мардум, дар хизмати ҳалолу нек ба ҳар як сокини ноҳия  ва бештар аз ҳама дар дуои неки модару тарбияи падари хеш мебинад. 
Аммо дуоеро, ки модар Савримоҳ  пеш аз қабули Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ дода буд, ҳеҷ вақт аз хотирҳо зудуда намегардад:  "Духтарам, дидору суҳбат бо Ҷаноби Олӣ на ба ҳар кас муяссар мегардад. Бовар дорам, ки суҳбати шумо ба некӣ меанҷомад ва насиҳати падаронаи ин марди Худоро дар замин магузор. Дар корат хайру баракат хоҳонам". 
Аз баракати дуои модар буд, ки 6 марти соли 2021 Ҳусния Раҷабзода раиси ноҳияи Мурғоб таъин шуд. Албатта, ба ин вазифа таъин гардидан  масъулияти ӯро афзуд. Сокинони ноҳия ӯро самимона пазируфтанд, ҳатто Шурои пиронсолон, ки дар ҷомеа нақши бориз доштанд. Раиси нав лозим донист, ки фаъолияти хешро аз  суҳбату мулоқот бо мардум оғоз созад.  Хуб медонист, ки Мурғоб як гӯшаи хеле ҳассос асту масъалаҳои зиёди ҳалталаб дорад. Аксари мардум, бахусус занон, бекоранд.  Онҳоро бо ҷойи  кор таъмин бояд кард.  
Сониян, дар наздаш вазифа гузошт, ки мақому манзалати зан - модарро тибқи қарори Ҳукумат ва супоришҳои Пешвои миллат дар ноҳия баланд бардорад. Бо кӯшиши ин бону имрӯз зан роҳбар, соҳибҳунару соҳибкор,  пешбарандаи ҷомеа, хуллас зан мақому манзалати хешро, пурра ёфтааст. 
Муваффақияти аввалини раис дар он аст, ки ӯ тамоми қишрҳои ҷомеаро ба кори ободонӣ ҷалб намуд, аз ин рӯ, эҳтироми хурду бузург нисбат ба  ӯ хеле зиёд гашт. Маҳз бо ташаббуси ӯ имсол дар Мурғоб, ки солҳои тулонӣ шинондани дарахтро имконнопазир меҳисобиданд,  1 гектар боғ бунёд шуд. 
Баъдан, хизмати беандозаи ӯ дар амалӣ гаштани забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ баръало ба назар мерасад. Бо кӯшиши ӯ имрӯз дар тамоми мактабҳои ноҳияи Мурғоб аз синфи як сар карда, таълими иловагии забони тоҷикӣ ташкил шуда, фарзандони қирғизтабор ба азхудкунии забони давлатӣ машғуланд ва ба забони тоҷикӣ озодона сухан мегӯянд.
Ҳусния Раҷабзода хуб медонад, ки роҳбарӣ кори осон нест ва он пасту баландӣ дорад, бедорхобиро талаб мекунад. 
–  Мурғоб фақат ба ном Мурғоб аст,  табиати сахти он метавонад ҳар лаҳза зиндагиро душвор созад, лекин бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ин ноҳияи дурдаст таваҷҷуҳи хосса   доранд, тамоми мушкилиҳо паси сар гаштанд, – гуфт Ҳусния Раҷабзода. 
Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳои бонуфузи давлатӣ иброз намуданд, ки мо ба қудрат, ҷуръати занони баномусу хештаншиноси ватанамон фахр дорем ва эҳтиромашон мекунем. Яке аз он бонувони ҷавон Ҳусния Раҷабзода мебошад, ки дар як минтақаи дурдасттарини мамлакат – ноҳияи Мурғоб роҳбарӣ мекунад. 
Маҳз ҳамин боварӣ ва дуои Сарвари кишвар буд, ки ин бонуи хирад як гӯшаи  Ватанро роҳбарӣ дорад ва аз имтиҳони Пешво ба хубӣ баромада тавонист. Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва ҷаҳду талоши раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода шаҳраки Мурғоб чунон ободу зебо шудааст, ки бинандаро дар ҳайрат мегузорад. 
Корҳои созандагиву ободонӣ  бомаром давом доранд. Даҳҳо иншооти нав, корхонаи коркарди нуқра, НБО «Тоҷикистон» ба кор шуруъ карда, дар пешрафти иқтисодиёти Мурғоб саҳми хешро мегузоранд. Албатта, метавон бисёр рақамҳоро аз фаъолияти ин бонуи хирад, роҳбари тавоною азизу ғамхори мардум овард, вале ҳаминаш басанда аст, ки доим мегуфтанд: зан дар Мурғоб роҳбарӣ карда  наметавонад, ботил баромад.  
Ҳусния Раҷабзода, раиси ноҳияи Мурғоб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо меҳнати ҳалолаш исбот кард, ки зан ба ҳама чиз қодир аст, агар кордону пуртаҷриба ва хештаншинос бошаду ҳастияшро ба мардум ва беҳбудии зиндагиашон сарф намояд. 
 
Шоҳтолиби ШОҲҚОСИМ,
барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи 
А. Лоҳутӣ, ноҳияи Мурғоб
Санаи нашр: 20.07.2023 №: 148
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив