ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД. ФАРОВОНӢ АЗ ДАСТУ ДИЛИ ГАРМИ ДЕҲҚОН АСТ

СУҒД. ФАРОВОНӢ АЗ ДАСТУ ДИЛИ ГАРМИ ДЕҲҚОН АСТ

21 июл 2023, Ҷумъа
22
0

 
Ҳосили фаровони меваю сабзавот ва полизӣ  дар хоҷагиҳои вилояти Суғд шароит фароҳам овард, ки  ҳам содироти хориҷии он беҳтар гардад ва ҳам корхонаҳои коркард  бо иқтидори пурра фаъолият намоянд. Бино ба иттилои Абдуаҳад Ҳакимзода Қурбон, сардори  Корхонаи фаръии “Идораи хӯроквории вилояти Суғд”, баҳори имсола пурфайзу бобаракат омада, боғҳои вилоят самари хуб доранд. 
Ҳамин аст, ки ҳамаи 12 корхонаи консервбарории  шаҳру навоҳии вилоят ҳоло  дар ду-се баст фаъолияти пурсамар дошта, ба ин васила, садҳо нафар бо ҷойи кори мавсимию маоши хуб таъмин мебошанд.  То оғози моҳи июл  корхонаҳои коркард аз хоҷагиҳои кишоварзии вилоят, сарфи назар аз шакли моликияташон,  2093 тонна ва аз хоҷагиҳои вилояти Хатлон  наздик ба 330 тонна  меваи донакдор (зардолу, шафтолу, олучаву олу)  баҳри коркарди ниҳоӣ қабул карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 1 ҳазору 681 тонна зиёд мебошад. Маҳсулоти тайёршуда, яъне консерв, то ба имрӯз, бо дарназардошти бахши хусусӣ, ба миқдори 5 миллиону 800 ҳазор қуттии шартӣ расонда шуд, ки нишондиҳандаи мазкур  аз соли қаблӣ наздик ба  400 ҳазор қуттии шартӣ зиёд аст.
Самти дигари фаъолияти корхонаҳои коркард захира намудани маҳсулоти нимтайёр барои фаъолият дар фасли зимистон мебошад, ки дар ин ҷода ҳам пешравӣ мушоҳида мешавад. 
Дар баробари коркарди ниҳоии меваю сабзавот дар  Корхонаи фаръии “Идораи хӯроквории вилояти Суғд” ба омодасозии меваи хушк, ки дар кишварҳои хориҷии дуру наздик  ба ин намуди маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ин аст, ки то оғози моҳи июл, дар маҷмуъ, зиёда аз 3 ҳазору 300 тонна маҳсулоти хушки зардолую шафтолу тайёр шудааст.
– Мо пайваста дар талошем, ки ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба афзунбахшии содироти маҳсулоти тайёри меваҷоту сабзавот ба хориҷи дур муваффақ шавем. Ба рушди ҳамаҷонибаи саноати хӯрокворӣ бо воридсозии хатҳои нави технологияи муосир ноил шуда, ба яке аз минтақаҳои муҳиму асосии истеҳсоли  консерву ҳама гуна нӯшобаю шарбатҳои аз лиҳози экологӣ тоза табдил ёбем ва ҷалби хуби сармояи мустақими хориҷиро  таъмин карда тавонем, –  гуфт Абдуаҳад Ҳакимзода, – барои расидан ба ин ҳадафҳо бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамаи шароитҳо муҳайё хоҳанд шуд.
Интизор меравад, ки дар мавсими имсола корхонаҳои коркарди вилояти Суғд наздик ба 33 миллион қуттии шартӣ консерв истеҳсол намоянд.    
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 20.07.2023 №: 148
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив