ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ЛИРА”. ИМКОНИЯТИ НАВ БАРОИ ИСТИРОҲАТ

“ЛИРА”. ИМКОНИЯТИ НАВ БАРОИ ИСТИРОҲАТ

21 июл 2023, Ҷумъа
32
0
 
Бо фарорасии фасли тобистон, мавсими таътили хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар ҷараён дорад. Истироҳатгоҳи “Лира”-и назди Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, варзиш ба сайёҳии Тоҷикистон низ бо мақсади тарбияи кӯдакону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, беҳсозии солимии ҷомеа, инчунин, барои ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифтани мактаббачаҳо  омода буда, дарҳои худро барои пазироӣ боз намуд.
Чунонки Қиёмиддин Иброҳимзода, директори Мактаб – интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев, иброз дошт, лагери мазкур ҳамасола кӯдаконро тибқи нақша қабул ва нигоҳубин менамояд. Дар ин баст  80 кӯдак аз ҳамаи қаламрави ҷумҳурӣ ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта мешавад. 
Дар фароғатгоҳ тамоми шароитҳо барои истироҳати кӯдакону наврасон фароҳам аст. Аз ҷумла, майдончаҳои варзиш барои бозии футбол, волейбол, баскетбол, тӯби дастӣ, шоҳмот, шашка, ҳавзи оббозӣ, инчунин, китобхона барои вақтхушии бачаҳо омодаанд. Ҳайати педагогӣ ва мураббиён  тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ мекунанд, то ки истироҳати кӯдакон дар сатҳи баланд  ва хотирмон гузарад.  
Тавре мушоҳида намудем, мураббиҳои пуртаҷриба ҳамарӯза бо кӯдакон мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, озмунҳои гуногун, аз қабили  «Расми беҳтарин”, ”Ровии беҳтарин”, “Шоҳмотбози беҳтарин”, “Қироати шеър”, “Офарин”, эстафетаҳо, рақсу сурудхонӣ  ва ғайраро  дар вақтҳои муайян мегузаронанд. Бачаҳо аз рӯи чанд намуди варзиш қувваозмоӣ менамоянд.       
Шаҳнозаи Исломиддин,  хонандаи синфи 2 аз шаҳри Ҳисор, иброз дошт, ки  тули  чанд рӯзе, ки дар  ин фароғатгоҳ  истироҳат  мекунам, таассуроти зиёд гирифтам.  Ин ҷо ба ман бисёр писанд аст, кормандон бо мо муносибат ва муомилаи хуб доранд, наврасонро   модарвор  эҳтиром мекунанд.  Давоми   чанд  рӯзе, ки мо дар ин ҷо ҳастем, беҳтарин  лаҳзаҳои хушу хотирмони умри мо  ба шумор меравад. 
– Номи ман Азиза, хонандаи синфи  4, аз шаҳри Душанбе мебошам. Ман бори аввал ба ин истироҳатгоҳ омадам. Тайи чанд рӯзе, ки дар ин лагер будам, бароям хушу хотирмон буд. Мураббиҳои мо ҳамарӯза бо мо машғулиятҳои гуногун  мегузаронанд. Муҳити ин мавзеъ ҷолибу дилкаш аст. Ман, инчунин, аз минтақаҳои гуногуни кишвар дӯстони зиёд пайдо намудам, –  изҳор дошт  наврас.   
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 21.07.2023 №: 149
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив