ВМКБ. 381 ИНШООТ ҲАНӮЗ АНҶОМИ КОР НЕСТ
Дар машварати васеи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон натиҷаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми сол мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини раиси вилоят Анвар Имматшозода зимни баромад зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон маҷмуи маҳсулоти дохилии вилоят 8,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 520 миллион сомонӣ баробар шуд. Ҳиссаи он ба ҳар сари аҳолӣ бештар аз 2,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар заминаи рушди иқтисодии вилоят дар давраи ҳисоботӣ музди миёнаи меҳнати кормандон ба 1725,5 сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 236,6 сомонӣ зиёд аст.
Гуфта шуд, ки алъон дар вилоят 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 238 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешавад. Маблағи азхудкардашуда 1,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Тасмим аст, ки дар панҷ соли оянда дар ҳудуди вилоят 92 корхонаи саноатӣ бо таъсиси беш аз 1400 ҷойи корӣ ба истифода дода шавад.
Дар Форуми сармоягузории «Помиринвест-2022», ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, 28 созишнома ва тафоҳумнома ба маблағи бештар аз 956 миллион сомонӣ ба имзо расид. Ба ҳолати якуми июли соли равон 10 созишнома бо маблағгузории 92,6 миллион сомонӣ амалӣ гардида, иҷрои 15 созишномаи дигар бо маблағгузории 732,9 миллион сомонӣ оғоз шуд.
Маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ бештар аз 149 миллион сомониро ташкил дод. Айни замон дар вилоят 243 гармхонаи мавсимӣ ва як гармхонаи доимоамалкунанда дар масоҳати умумии 5,51 га фаъолият доранд. Соли равон сохтмони 7 гармхонаи дигар дар масоҳати 420 метри мураббаъ ба нақша гирифта шудааст. Дар вилоят барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ чил анбор ва се сардхона дар ҳолати хуби корӣ қарор дорад.
Зикр гардид, ки дар самти соҳаҳои иҷтимоӣ дар нимсола пешравиҳои зиёде рӯйи кор омаданд. Аз ҷумла, таъмини муассисаҳои соҳаи маориф бо кадрҳо беҳтар гардида, дар ин давра аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 449 мутахассиси ҷавон ба вилоят фиристонда шуд. Дар ин муддат сохтмони 11 иншоот бо ҷалби 140 миллион сомонӣ оғоз гардид.
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода иброз дошт, ки маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба таври бесобиқа рушд карданд. Давоми соли равон беш аз 300 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Дар фарҷом раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни баромад зикр кард, ки бо вуҷуди буҳрони шадиди сиёсию молиявӣ, ки ҷаҳони имрӯза бо он рӯ ба рӯ буда, кишвари мо ҳам аз таъсири он дар канор нест, Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, тамоми уҳдадориҳои иҷтимоии худро иҷро ва инкишофи иқтисоди мамлакатро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дорад. Дар ин росто, ВМКБ, ба таври анъанавӣ, дар мадди диққати давлат ва Ҳукумат, алалхусус таваҷҷуҳи ғамхоронаи Роҳбари давлат қарор гирифта, вобаста ба рушди босуръати он корҳои зиёд анҷом пазируфтанд. Дар нимсолаи аввал мардуми заҳматписанди Бадахшон ва МИҲД мавриди имтиҳони ҷиддии табиат қарор гирифтанд. Бар асари фуромадани тармаҳо дар ҳудуди вилоят, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ, хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти муҳим хароб гардида, мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд. Моҳи июн бошад, дар натиҷаи обшавии босуръати пиряхҳо ва фуромадани сел даҳҳо манзили истиқоматӣ ва иншоотҳои иҷтимоӣ дар ноҳияи Роштқалъа вайрон гардиданд. Бояд зикр намуд, ки дар ҳар ду маврид аз дақиқаҳои аввали рух додани офати табиӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди ҳифзи аҳолӣ, расондани кумаки аввалия, ба ҷойҳои бехавф кӯчондани мардум, таъмин бо озуқа ва дигар амалҳои бетаъхирро таҳти назорати худ гирифтанд.
Дар доираи нақша – чорабиниҳои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва эълони солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат дар нимсолаи аввали соли равон дар вилоят 381 иншоот ба истифода дода шуда, сохтмони 470 иншооти дигар то охири сол анҷом меёбад. Корҳои бунёдӣ дар ду объекти бузург – қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма ва Неругоҳи барқи обии “Себзор” бомаром идома доранд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.07.2023 №: 150
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)