ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХИРАДМАНД ҲАРГИЗ НАКӮШАД БА ҶАНГ! ВАҲДАТГАРОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ХИРАДИ АЗАЛИСТ

ХИРАДМАНД ҲАРГИЗ НАКӮШАД БА ҶАНГ! ВАҲДАТГАРОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ХИРАДИ АЗАЛИСТ

24 июл 2023, Душанбе
46
0
Дӯстиву рафоқат, сулҳу оромиш ва ваҳдат дар меҳвари эҷоду осори мутафаккирони бузурги мо қарор дошт. Агар баъзе касони ноогоҳ Фирдавсии бузургворро ҷангноманавису «Шоҳнома»-и безаволашро ҷангномае беш намедонанд, сахт иштибоҳ мекунанд, зеро ғояҳои баланди ватандӯстӣ, ҳифзи марзу буми Меҳан аз душман, наварзидани кинаву адоват дарунмояи осори ин ҳакими тавоно аст. Мафҳуми меҳанпарастӣ (патриотизм) дар фарҳанги ҷаҳон маҳз аз «Шоҳнома» сарчашма мегирад, зеро ин шоҳасарро бузургони дунё дар баробари асарҳои «Иллиада», «Одиссея» ва «Троя»-и юнонӣ сутудаанду зикр кардаанд. Ин аст садои Пири Тӯс, ки аз паҳнои асрҳо ба гӯш мерасад:
Набояд, ки бошед бо сози ҷанг,
На з-ин бора ҷӯяд касе ному нанг.
Аз ин ду намунаи қадимтарин дарк мешавад, ки чаро вориси ростини ин абармардон Эмомалӣ Раҳмон ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ро хост бо роҳи осоишта ва музокираву гуфтушуниди тарафайн хотима бахшад. Яъне хиради азалии гузаштагон дар хуни ӯ туғён кард ва бо ин байти Абушакури Балхӣ гӯё сари кор омад:
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.
Ҳукумати Тоҷикистон дар он замон бо вуҷуди заъфҳои низомиву сиёсие, ки дошт, қодир буд, ки алайҳи силоҳбадастони зархарид аз артиш кор бигирад. Доираҳои манфиатхоҳ омода буданд, ба тарафҳои даргир силоҳу муҳимоти ҷангӣ диҳанд, то хостаҳои душманонаи хешро бароварда созанд. Аммо, Эмомалӣ Раҳмон дар мағз-мағзи сиришти худ дарк мекарданд, ки ба ҳар сӯе, ки гулула равад, ҳадаф тоҷик аст, шаҳидон, мухолифон, камондастон, аскарон, муҷоҳидон, коммунистон, демократҳо. Халқи бегуноҳ ҳамагӣ тоҷик ё ҳадди ақал тоҷикистонӣ буданд. Дар ин вазъи ҳассос мавқеи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон воқеан, корсозу башардӯстона буд, ки баъдтар таърих онро собит намуд. Аз кина ба меҳр, аз хашм ба гузашту бахшиш ва аз ҷанг ба сулҳ раҳ гирифтани ин абармарди таърихро Мирзо Бедил низ шоирона чунин таъкид кардааст:
Хасми саркашро фано соз аз мулоимтинатӣ,
Оташи сӯзон надорад чора ҷуз мурдан дар об.     
Мулоимтинатии бедилона тадриҷан раҳи зулмро мебаст. Меҳру муҳаббати ошноӣ бар душманиву бегонагӣ пирӯз меомад. Ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи номусу нанг ва талоши сулҳу ваҳдат танҳо буданд ва ба пойдории ин сулҳ кам касон бовар доштанд, аммо ин таъкиди Мавлоно ӯро неру мебахшид:
Ту магӯ: «Ҳама ба ҷанганду зи сулҳи ман чӣ ояд?»
Ту яке наӣ, ҳазорӣ, ту чароғи худ барафрӯз!
Филмҳои ҳуҷҷатӣ ва наворҳо бахшида ба ваҳдати миллиро агар бо таваҷҷуҳ тамошо карда бошед, ба хоки Тоҷикистон баргаштани гурезагон, муҳоҷирон ва пас аз ба дидори ҳам расидани ҳамхунон оғоз ёфтани гиряву навҳаҳои шодӣ чӣ қадар ваҷдовару муассир аст. Гӯё «дарахти дӯстӣ»-и Ҳофиз орзудошта бо ашки модарону ятимон ва хуни шаҳидон шинонда мешуд:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Албатта, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ доғу дард ва захму зарбаи фаровонеро «мерос» гузошт, ки ҳанӯз ҳам табобати онҳо идома дорад, аммо ба хотири мардуми бегуноҳ, ба хотири пос доштани қурбониёни роҳи сулҳ кинаву ранҷишҳоро фаромӯш кардем. Тоҷик тоҷикро бахшид. Чуноне ки Зебуниссо фармуда:
Гар ғубори хотире аз дӯстон бинӣ, маранҷ.
К-аз дуои душманон беҳтар бувад дашноми дӯст.
Оҳиста-оҳиста аз вартаи зулмоту нестӣ ба масири рӯшанӣ расидани тоҷикон бори дигар дар назари мардуми дунё собит намуд, ки ба қавли Бедил, сулҳ як сари мӯ, ҳатто ба ҷанг намерасад: 
Сулҳ агар як мӯ ба ҷанг расад,
Шишаи оламе ба санг расад.
 
Ин як чашмандози мухтасаре буд ба адабиёти классикии мо, ки саршор аз ғояҳои тавҳид аст. Дар ин росто, адабиёти муосири тоҷик низ дунболи тараннуму тарғиби ин ғояҳои ҷовидона қадам бардошт ва нахуст, устод Садриддин Айнӣ бо нидои «Инқилоб!» деҳқонону ҳунармандон ва ба истилоҳ, синфи коргари замони худро ба муттаҳидӣ ва талоши ба даст овардани озодӣ даъват кард. Ӯ, ҳатто аз забони мардуми кӯҳистону шаҳрнишини тоҷик вожаҳои ноби тоҷикиро сара кард, эҳтиёткорона дар забон истифода бурд ва дар натиҷаи ба ҳам овардану омехтани забону лаҳҷаву шеваҳои гуногун забони воҳидеро сохт, ки имрӯз забони меъёраш мегӯянд. Яъне, устод Айнӣ мафҳуми ваҳдатро дар илму маориф низ, татбиқ кард. 
Вуҷуди хоболуди адабиёти муосир саҳроро мемонд, ки шаҳчанораш устод Айнӣ буданд. Адибону пажӯҳишгарони навовар Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Бобоҷон Ғафуров, Ҷалол Икромӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Мирсаид Миршакар чун чашмасорони солҳо зери кӯҳу санг вомонда ба оғӯши ин саҳрои ташналаб шитофтанд. Дар байни онҳо Мирзо Турсунзода имтиёзи бештаре дошт. Чун ходими бузурги давлативу ҷамъиятӣ тавонист суруди сулҳро ба гӯши халқҳои Осиё, Африқо ва Аврупо низ, бирасонад. Лоиқ бо нафаси тоза гулхани ҳазорсолаи адабиётро фурӯзонтар кард, то ба чашми порсизабонони дунё битобад. Сарвари давлат исбот карданд, ки тоҷикон ҳаргиз ва дар ягон давру замон ҷонибдори ҷангу пархош ва нооромӣ набудаанд:
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне
Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина
Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст.
Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих
Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб
Бар фарқи саре найзаю ханҷар накашидаст…
 
Ва замоне, ки ин бузургворони фарҳехта аз таъриху тамаддун ва ваҳдату истиқлол, озодиву ободӣ сухан мегуфтанд, кишвари абарқудрати шуравӣ рӯ ба таназзул овард ва оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ то домани Ватани мо ҳам расид. Ҷанг аз хонаву хонумони мардум то дафтару девони шоирон ҳам расид. Адибони барҷастаи мо тавассути барномаи «Хоки Ватан» ҳамватанони гурезаи худро ба Тоҷикистон мехонданд, шоҳномахонӣ мекарданд. 
Дар он рӯзгори вазнину хатарзо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои фарҳангӣ арҷ гузоштанд ва аз ҳунармандону шоирон даъват ба амал оварданд, ки тарҳи Парчаму Нишони давлатӣ, матни ҷадиди Конститутсия ва Суруди миллӣ таҳияву эҷод шаванд. Ба ин маънӣ, сухану қалам боз ҳам корсоз афтод. Дар натиҷа, конститутсияи нав, ки то имрӯз аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳонист, таҳия гардида, аз байни садҳо шеър шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар ба унвони Суруди миллии Тоҷикистон пазируфта шуд. Матни суруди миллӣ армуғони замони истиқлол буда, воқеан, фарогири орзуву ормонҳои халқи тоҷик аст. 
Дар ҳақиқат, ҳастии Тоҷикистон аст, ки ҳастии моро эътироф мекунанд. Ваҳдатсароиҳо, ба сулҳу субот даъват карданҳо бенатиҷа намонд. Соли 1997 дар Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид ва вақте ҳуҷҷати сарнавиштсози Ваҳдатро Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун нӯшдору ба мардуми тоҷик оварданд, суруди Ашӯр Сафар дилу дидаҳоро мунаввар кард:
Ҷомаи сулҳ ба тан омадаӣ,
Ба даҳан қанди сухан омадаӣ.
Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо?
Сар-сари дидаи ман омадаӣ.
 
Устод Муъмин Қаноат ҳамчун пири хирад ҳушдор дод, ки ваҳдати бадастомада беҳтарин дарси ибрат барои имрӯзу фардост. Оини ҳақиқати имрӯзаамон аз бишкастану пора гаштанҳои дирӯза ба даст омадааст ва ба осонӣ аз даст додани он хиёнати бузурге ба миллату мардум хоҳад буд: 
Ту ваҳдат аз дили бекина омӯз,
Намуди ростӣ з-ойина омӯз.
Нигаҳдории ойини ҳақиқат,
Зи бишкан-бишкани порина омӯз!
 
Метавон хулоса кард, ки адабиёти тоҷик ҳамеша ниёзи мардумро бароварда, дар рӯзҳои шодифизо ва пурҳасрат дархӯри дилу дидаи онҳо будаст. «Ман шоиронро дӯст медорам», - гуфтани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ, идомаи ҳамон дилбастагии тоҷикон ба шеъру сухан аст, ки ҳамеша бо он нафас мекашиданду имрӯз ҳам мекашанд.
 
Ба дил гуфтам, кадомин шева 
душвор аст дар олам,
Нафас дар хун тапиду гуфт: 
поси ошноиҳо!
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 24.07.2023 №: 150
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив