СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
24 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев сиҳатмандӣ, хушбахтӣ, некуаҳволӣ ва комёбиҳои нави азим дар татбиқи нақшаҳои давлатиашон ба нафъи мардуми бародари Ӯзбекистон орзу намуданд.
Пешвои миллат нақши назарраси муҳтарам Шавкат Мирзиёевро дар рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвари ҳамсоя ва тақвияти мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуда, ба Ӯзбекистони дӯст пешрафту шукуфоӣ хостанд.
Дар идомаи суҳбат президентҳо ҷанбаҳои алоҳидаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд. Дар ин зимн, омодагии қатъии ҷонибҳо ҷиҳати таъмиқи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ ва рушди минбаъдаи босамари муносиботи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар мавриди таъкид қарор гирифт.
Сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ҳамзамон, ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.