ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШУҒЛИ АҲОЛӢ. ТАТБИҚИ ТАДБИРҲОИ ТОЗА НУФУЗИ СОҲАРО БОЛО МЕБАРАД

ШУҒЛИ АҲОЛӢ. ТАТБИҚИ ТАДБИРҲОИ ТОЗА НУФУЗИ СОҲАРО БОЛО МЕБАРАД

26 июл 2023, Чоршанбе
15
0
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 23 декабри соли 2022 таъкид гардид, ки “бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб рафта, барои татбиқи он қабули барномаҳои соҳавию минтақавӣ зарур аст”. Ин таъкиди Сарвари давлат дар ҳолест, ки феълан дар мамлакат ба таъсиси ҷойҳои нави кор, самаранок гардондани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, касбомӯзии калонсолон ва дигар тадбирҳои марбут ба он аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Мутобиқи муқаррароти моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” давлат амалӣ гардондани сиёсати мусоидат ба шуғли пурраю самаранок ва озодона интихобшударо, ки ба фароҳам овардани шароит баҳри дар амал татбиқ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнат нигаронда шудааст, кафолат медиҳад. Мусаллам аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида, то кунун тадбирҳои амалишуда ба беҳтар гаштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намудааст. Чунончи, дар Паёми навбатӣ бо ишора ба ин масъала зикр шуд: "Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонда шуд. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ аз  27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш ёфт".
Муҳимтар аз ҳама, тибқи дастури Сарвари давлат қарор аст Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар кишвар барои давраи то соли 2040 таҳия, қабул ва мавриди амал қарор  гирад. Татбиқи Консепсия ва барномаҳои миёнамуҳлати он имкон медиҳанд, ки шуғли пурмаҳсул ҷойгоҳи муносиби худро дар раванди ташаккулёбии муносибатҳои меҳнатӣ ва рушди иқтисоди ҷумҳурӣ соҳиб гардад. Бо роҳандозӣ гардидани шуғли пурмаҳсул тарзу воситаҳои истифодаи захираҳои меҳнатӣ комилан тағйир меёбанд, зеро яке аз ҷанбаҳои он бо хароҷоти ками иҷтимоӣ таъмин намудани натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ ба ҳисоб меравад. Дигар ҷанбаи муайянкунандаи ин мафҳум, бадастовардани даромади кофӣ ва мувофиқи корманд аз натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ мебошад. Ба ибораи дигар, шуғли пурмаҳсул ҳамон кореро ҳисобидан мумкин, ки он тавассути даромади худ сатҳи қонеъкунандаи зиндагии кормандонро таъмин карда метавонад.
Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”  барои давраи солҳои 2022-2026 мавзуи илмии “Асосҳои иҷтимоӣ-меҳнатии таъмини шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро интихоб намудааст. Дар ҳамин ҳол, ҷиҳати иҷрои дастури Президенти мамлакат ходимони илмии пажӯҳишгоҳ дар раванди таҳияи лоиҳаи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин, барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он иштироки фаъолона доранд. Дар ин замина масоили зерини марбут ба шуғли пурмаҳсул мавриди таҳқиқоти илмӣ қарор хоҳанд гирифт:
– равандҳои демографӣ ва таъсири онҳо ба рушди шуғли пурмаҳсул;
– тағйирпазирии сатҳи шуғли пурмаҳсул дар иқтисодиёт;
– такомули ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии шуғли пурмаҳсул дар деҳот;
– дурнамои ташаккули низоми шуғли пурмаҳсул.
Дар рафти корҳои таҳқиқотӣ  ба нақши соҳаи саноат  аҳамияти хосса дода мешавад, зеро он дар таъмини сатҳ ва сифати  фаъолияти  самарабахши меҳнатӣ ва таъмини аҳолии қобили меҳнат бо шуғли пурмаҳсул мавқеи муҳим дорад. Ҳамзамон, такмили низоми музди меҳнат, вазъи кунунии сифати раванди таҳсилот ва касбомӯзии муассисаҳои таълимӣ, ки ба беҳбудӣ ниёз доранд, ихтисосу ҳунарҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва ғайра ба доираи таҳқиқоти илмӣ ворид гардидаанд.
 
Моёншо МАҲМАДБЕКЗОДА,
директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, 
номзади илмҳои сиёсӣ
Санаи нашр: 26.07.2023 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив