ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОФАРИНИШИ НАМОЗИ МОДАР

ОФАРИНИШИ НАМОЗИ МОДАР

13 феврал 2023, Душанбе
69
0
Бешак, ҳар як инсони комил ба модари хеш арҷ мегузорад ва сипосгузорон тамоми умр худро вомдори ӯ медонанд.
Модар аксари сухансароёну суратгарон, пайкартарошону таронасароёни ҷаҳонро илҳом бахшидааст, то асарҳои барҷаста офарида, бад-ин васила, меҳри бепоёни фарзандро ба модар бознамоён созанд.
Эҷодгарони барҷаста тавонистаанд меҳри тиранашавандаи модарро ба фарзанд дар офаридаҳои тасвирии хеш бозтоб намуда, пеши дидори тамошогарон гузоранд. Суратгарони овозаманди ҷаҳон Рафаэл, Микеланҷело, Рембрандт, Титсиан, Эл Греко ва чанде дигарон бо бозтоби  намоди модархудо Марям ишора бар зебоии осмонии зане доранд, ки пистон ба даҳони кӯдаки навзодаш ниҳода, ҳолаи худоӣ ба болои сари ӯ партавафшонӣ кардааст. Он чирамандони замонаҳо сеҳри мӯқаламро ончунон паямбарона рӯйи порчаҳои наққошӣ равона кардаанд, ки аз чашмони зебои модар нури худоӣ пош хӯрда, лабонаш атри гулҳои аз гармиву рӯшноии Офтоб нусхабардоштаро мегустурад ва фарзанди дар оғӯши гарми модар хуфта бо рухсораҳои арғувонӣ, пайкараки саршори тандурустиву оромӣ, модарро хушбахттарин зодаи Замин намоён месозад. Асарҳои ба ин олиҳаи меҳр бахшидаи он нобиғаҳо дар осорхонаҳои пуровозаи Аврупо, толорҳои пуршукӯҳи намоиширо зебанда ва пурмоя сохтаанд. Чанде аз он нигораҳо дар ҳарами миллиардорҳо овезон, сарватмандии соҳибхонаро гувоҳӣ медиҳанд, зеро он осори бебаҳо бо арзиши миллионҳо доллар харида шудаанд.
Сухансароёни шинохтаи ҷаҳон барои бозгӯ намудани паҳлуҳои нозуктарини рисолати модар, тобиши меҳри зиндагибахш ва худфидоии ӯ, талош доштаанд, ки зеботарин марворидҳои суханро аз жарфнои дарёи маънӣ берун оваранд. Модари дар чакидаҳо, таронаҳо, достонҳо сурудашуда. Модари зиндагибахш, ки омода аст дили худро ба кӯдакаш бибахшад. Бад - он сон ки ошиқи бехиради маст аз бодаву банг барои расидан ба висоли дилдодаи танноз бо шарти гузоштаи вай ба сарманзили модар рафта, дили ӯро аз сина барканда пеши маъшуқааш гузоштанӣ мешавад. Аммо чун шитоб дошт, пешпо хӯрда, дили модарро аз рӯйи каф ба замин меафтонад ва оринҷаш, каме харошида мешавад. Ва аз дили пурхуни модар, ки ҳанӯз ҷон дошт, садое оҳиста берун меояд:
Оҳ, дасти писарам ёфт харош!
Воҳ, пои писарам хӯрд ба санг!
Офаридаҳои бузурги пайкартарошону суратгарон низ дар фарҳанги бозтоби намоди модар аз ҷойи вижае бархӯрдоранд. Дар офаридаҳои онҳо рисолати гуногуни модар бознамоён гардидааст; гаҳе модар шамшер ба даст мардумро ба нигаҳдошти Ватан аз душманони ҳамлавару вайронгар вомедорад. Гаҳе кӯдаконашро аз зарбаи силоҳи душман пинҳон мекунад. Гаҳе дар сари пайкари беҷони писари ватанпарасташ рӯйканону мӯйканон нолаву фиғон бардошта, ашкҳои шашқатори сӯзон мерезонад.
Дар яке аз боғҳои Россия (Задонск) маҷмаае бунёд шудааст, ки дар он модари ба сар чодари азо, бо гардани хам воистодаро  ҳашт сутуни ёдбуд бо сабти номҳои писарони аз ҷанг барнагаштааш иҳота кардаанд. Ин ҳайкал ба сарнавишти зане бахшида шудааст, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 12 фарзанд 8 писарашро ба коми марг кашида буд. 
Ин модар бар ивази пирӯзӣ бар душман 8 фарзанди бавоярасондаашро талаф додааст, ки ниҳоят гарону дардолуд мебошад. Гумон мекунам дар ҷаҳон маҷмааи дигаре бо чунин дилгудозиву дилхарошӣ дида намешавад. Пайкараи зебои дигаре арҷгузории фарзандро ба модари хеш намоён сохтааст, ки писар ба зону зада, дар ҳолати бӯсидани хоки пойи модар аст. Он лаҳзаи таъсирбахш ин сатрҳоро ба ёд меоварад:
Замин хӯрдан чӣ зебост,
Агар ҳадаф бӯсидани хоки пойи модар бошад.
Дар кишвари мо солҳои гузашта бо назардошти вижагиҳои этникии тоҷикон, ки дуои модару падарро беш аз дигар мардумон гиромӣ медоранд ва ба ҳангоми сафар ё оғози корҳои хайр ба умеди комёбӣ аз онҳо дуо мехоҳанд. Ин расми миллии мо таъсири хубе ба фарзанд мерасонад ва бори дигар ӯро ҳушдор медиҳад, ки бояд тандурусту комёб ба хона баргардад ва ҳар гоҳ каме дуои падару модар аз ёдаш фаромӯш шавад, чеҳраи  зору низори модар бо дидаи пуринтизор ва дастони пажмурдаи ба дуо бардошта пеши рӯяш меояд. Дуои модар, ҳамзамон, супоришеро монад, ки писар иҷозаи иҷро накарданашро надорад; «Худоё, бачаамро сиҳату саломат ба маконаш бирасон ва сиҳату саломат ба дуконаш баргардон!», «Э, Худои меҳрубон, қомати баланди писарамро ҳаргиз хам набинам!», «Парвардигоро, бачам, хокро ба даст гирад, зар гардад. Писарам, асло хор нашавӣ!», «Худованди якаву ягона, мазори азизону бузургон, дуо мекунам, ки бачам ҳарчи зудтар бо чеҳраи хандон ба назди фарзандонаш баргардад!». Чунин дуоҳо хеле зиёданд ва онҳоро метавон рӯйи саҳифаҳои китобе гирд овард, то модарони оянда онҳоро аз бар кунанд.
Дар кишвари мо муҷассамаҳои ба модар бахшида аз замони шуравӣ то имрӯз дар ноҳияи Рашт ва шаҳри Ваҳдат бинандагонро аз меҳри бепоёни модар ёдовар мешаванд.  Ҳунарманди беҳамтои тоҷик Зафар Нозим навори телевизиониеро бо унвони «Модарам» сабт кардааст, ки дар он шеъри пургудози шоири эронӣ бо нағмаи ғамангези таронасарои беҳамто ҳамоҳанг гашта, дили касро доғ мекунад.
Ин нукта арзиши гуфтан дорад, ки бозтоби чеҳраи модар кори осон нест ва онро танҳо як ҳунарманди чирадасти рӯзгордида метавонад уҳда  кунад. Бозтоби дуруст, пеш аз ҳама, аз ҳунарманд мехоҳад то дар дидаҳои модар ташвишу изтироби доимии ӯро бознамоён кунад. Модар аз рӯзи дар пайкараш нутфа задани ҷисми навҷони кӯдак, то зода шудану раҳравиву ба бозӣ шуғл варзидан ва умуман, то нафаси охирини худ, ба ҳастии фарзанд дар дил изтиробу хатари нигаҳдоштаашро мекорад. Барои модар ҳатто фарзанди ба синни бобоӣ расидааш, кӯдак менамояд. Чуноне  модари Иосиф Сталини - ҳокими мутлақи Иттиҳоди Шуравӣ, ки паҳнаи он кишвар шашяки рӯи заминро фаро гирифта буд  ва ҳама сарварону давлатдорон аз қудрату ҷазабаи  ӯ бим доштанд, ҳатто Гитлери аҳримансиришти шикастхӯрдаро, ки лашкараш ҷони 24 миллион мардуми Иттиҳоди Шуравиро рабуда буд ва дар фарҷом он қотили даҳрро ба худкушӣ водошт, фарзанди худро дар кишвари бегона бесарпаноҳу танҳо ва гузашта аз ин, ҳамон кӯдаки ниёзманд ба нигаҳбонии модар медонист. Модари Сталин боре ба Серго Орҷоникидзе, вазири саноат ва ҳамшаҳрии доҳӣ, мегӯяд: 
- Серго, писарам, ту дар Маскав зиндагӣ дорӣ, Иосифи маро нигаҳбонӣ кун. Охир ӯ дар як мамлакати паҳновар таку танҳо зиндагӣ мекунад. Ӯ душмандор аст. Ҳамеша дилам дар ташвиш аст.
Инҷонибро солам ба он синни ҷавонӣ расида буд, ки на танҳо хонадонамонро, балки дар хидмати сарбозӣ ба 30 нафар русҳо сарварӣ мекардам, сипас, Донишгоҳро ба поён расонда, сарвари бахши тарбияи аҳолӣ дар кумитаи ҳизбии ноҳия будам ва гумон мекардам модар дигар аз ғамхориву ташвиши нигаҳбониву парастории мо осуда буд. Аммо ҳар гоҳ аз сафаре, ё зиёфате дар поси шаб ба хона бармегаштам, пай мебурдам, ки модарам пинҳонӣ аз ману хонавода дар пушти дарвоза истода, омадани мани мошинсаворро интизорӣ мекашад ва ҳамин ки чархҳои мошини ман ба сӯйи дарвоза тоб мехӯрд, модар зуд худро дар рахти хоб мепечонд, то пай набарам, ки модар дар пушти дарвозаи ҳавлӣ мунтазири баргаштанам  аст ва ман ӯро маломат накунам, ки чаро беҳуда худро ғам медиҳад. Бечора дили модари меҳрубон ҳатто дар зиёфатхӯриҳои писар низ ташвишу изтироб дорад. Ин ҳаяҷони доимӣ бештар дар дили модарони фарзандмурда хона дорад. На ҳар кас модари фарзандмурдаро мешиносад. Модари фарзандгӯронда ҳатто дар гӯшаи хаёли худ хатари доимӣ ва эҳтимолиеро ҷой карда, бо пай бурдани гарде аз он хатар ба сони модашере мегардад, ки ҳар нафас мепиндорад ваҳшие ба ҷони фарзандони ӯ даст бурданист. Модарони кӯдакиву навҷавонии мо хатари аз даст додани писарро бештар дар хидмати сарбозии ӯ медиданд ва гусели писарон бо нолаву ашкрезиҳои дарднок сурат мегирифт. Дар ин хайрбодҳо модарони писаронашон аз ҷанг барнагашта низ омада, нола сар мекарданд ба сони «очаи фалониҷон, ин қадар нолаву гиря накун, охир писари ту дар як замонаи орому осуда ба сарбозӣ меравад. Иншоллоҳ, бо як чашм задан аз хидмат сиҳату саломат баргашта, бо як хушбахтӣ арӯсашро ба хона меорем. Оҳ, аламҳои мо, ки писаронамонро дар ҷанг барбод додем ва дигар аз хоки бегона ҳаргиз нахоҳанд баргашт....» 
Аммо замони осудагиву оромӣ низ гаҳе бо расидани «хати сиёҳи» аскарон, кошонаи пурмеҳри модарро ғамхона мекард. Дар ин ҷо мехоҳам як лаҳзаи телевизиониеро ба ёд оварам, ки дар он симои модари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо як ҳунари воло ба навор гирифта шудааст. Мебояд таъкид кард, ки виростори чеҳрашинос дар ин навори телевизионӣ комёб гаштааст, то симои он модари тоҷикро, ки бо вуҷуди модари Пешвои миллат будан, он ҳама вижагиҳои талху ширини модариро чашида, дар чашмонаш изтиробу ташвиш ҳувайдост. Ӯ низ дар замони осудагӣ «хати сиёҳи аскариро» гирифта, умре дар азо нишастааст. Дар он лаҳзаҳои телевизионӣ модаре бозтоб шудааст, ки бо либоси ҳалилу рӯсарии малмалии (докагии) бо шеваи тоҷикони кӯҳистон ба сар, бо як фурӯтаниву хоксорӣ, бо чашмони моил ба изтиробу ташвиш ба сӯйи писараш дасти дуо бардошта, аз сафарҳои пайдарпай бо тани офият сарбаланд баргашта, хонадони тоҷиконро обод созад.   
Аз ин навори телевизионӣ бисёре аз эҷодгарон илҳом гирифтанд, ки ниҳоят омӯзанда мебошанд. Он лаҳзаҳо бидуни камтарин сохтакорӣ ва пардозҳои омодагирӣ сабт шудаанд, ки аз он самимият берун меояд. Бо тамошои он навор бисёре аз мардум симои модари худро дидаанд. Ва ҳамин аст ҷойгоҳи асари бо як истеъдоди баланд офарида.
Мо пиромуни намоди «Дуои модар» ва дар як замони кӯтоҳ дар кишвар пайдо кардани пайравони бешумор фурсати дигареро хоҳем бахшид, зеро офариниши намоди модар ва суханронӣ дар пиромуни он саҳифаҳои зиёдеро фаро хоҳад гирифт.
 
Зафар МИРЗОЁН, 
мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Санаи нашр: 13.02.2023 №: 34
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив