«ТАЪРИХИ ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ИЛМ». САРЧАШМАЕ БО ФАРОГИРИИ 4144 АСАРУ МАҚОЛА
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, китоби «Таърихи тоҷикон дар оинаи илм» - ро ба нашр расонд. Асари мазкур ба 115-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бахшида шудааст. Фароҳамсози китоб ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Аюб Усмонзода мебошад.
Зимни муаррифии китоб яке аз муаллифони он доктори илмҳои филология Нуралӣ Нурзод таъкид мекунад: «Китоби мазкур шомили номгӯи асару мақолаҳои олимони ватаниву хориҷӣ дар бораи таърихи қадим ва муосири халқи тоҷик буда, аз рӯи сол ва забон дастабандӣ шудааст. Он барои истифодаи муҳаққиқони таърихшинос, шарқшинос, забоншинос, адабиётшинос, пажӯҳандагони таърихи илм ва кулли дӯстдорону иродатмандони таърихи бошукӯҳи миллат таҳия гардидааст».
Асари мавриди назар барои иштирокдорони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» роҳнамои судманд ба шумор рафта, имконият медиҳад, ки тавассути мутолиа ва истифодаи он ба аксар манобеи муҳим ва сарчашмаҳои омӯзиши таърихи гузаштаву имрӯзаи миллати мо дастрасӣ пайдо кунанд.
Дар китоб 4144 асару мақолаҳои донишмандони ватаниву хориҷӣ тавсифи мухтасари китобшиносӣ шудаанд, ки заҳмати мураттиби онро дар фароҳамоварӣ, тасниф ва муаррифии онҳо шарҳу тафсир мекунанд. Аз назари сохторӣ китоб дар умум, 12 бахшро фаро гирифтааст.
Нахустин бахши китоб «Осори Пешвои миллат марбут ба таърих, фарҳанг, адабиёт ва шинохти чеҳраҳои таърихӣ» унвон гирифта, дар он муҳимтарин таълифоти арзишманди Сарвари давлат дар бораи таърихи қадим ва ҷадиди тоҷикон муаррифӣ шудаанд.
Бахши дуюми китоб маҷмуи сарчашмаҳоеро фаро мегирад, ки бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр шудаанд.
Мураттиб нахуст, китобу осори нашршуда бо ду забонро таснифу тавсиф карда, баъдан, мақолаҳоро бо ин забонҳо муаррифӣ кардааст.
– Фароҳамсози китоб қабл аз таҳияи он давоми чанд соли охир силсилаи осори арзишманди илмӣ, дастури таълимӣ роҷеъ ба таърихи давлатдории Сомониён, хидматҳои бузурги Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва амсоли инро ба қалам овардааст, – навиштааст Нуралӣ Нурзод.
Лола РИЗОЕВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.08.2023 №: 155
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)