ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН.  ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

ТОҶИКИСТОН.  ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

03 август 2023, Панҷшанбе
133
0
 
Соли 2024 Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро, ки моҳи майи соли 2008 мавриди амал қарор гирифтааст, ба тасвиб мерасонад. 
 
Дар ин бора Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод. Зимнан, бояд гуфт, ки Конвенсияи мазкурро 22 марти соли 2018 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи СММ (Ню-Йорк, ИМА) ба имзо расонда буданд. Перомуни ин мавзуъ, Умед Бобозода чунин илова намуд: “Вобаста ба ратификатсияи Конвенсия гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, фаъолият дорад. Ҳар як санади байналмилалии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасдиқ менамояд, ҷанбаҳои манфию мусбаташ мавриди омӯзиши амиқ қарор мегиранд. Дар иртибот ба ин, соли гузашта дар шаҳри Женева бо роҳбари Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон вохӯрӣ карда, доир ба қабули Конвенсия табодули афкор намудем. Итминон дорам, ки соли оянда кишвари мо ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ҳамроҳ мешавад”.
Бояд гуфт, ки барои тадриҷан тайёр намудани заминаи иҷтимоию иқтисодии муносиб ҷиҳати тасдиқи Конвенсия бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ “Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон” (27 феврали соли 2020) қабул гашт. 
Имрӯз дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” (29.12.2010) амал мекунад, ки ба андешаи Умед Бобозода ин санад бисёре аз талаботи Конвенсияро дар бар мегирад. 
Тибқи муқаррароти Конвенсия, давлатҳои аъзо уҳдадоранд, ки барои таъмини дастрасии маъюбон ба муҳити ҷисмонӣ, нақлиёт, иттилоот, алоқа, иншоот ва дигар хизматрасониҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. 
Барои амалӣ намудани ин муқаррарот дар кишвар Барномаи давлатии “Муҳити дастрас” барои солҳои 2021-2025 қабул шудааст. Барнома барои рушди тадбирҳои дастгирии иҷтимоии маъюбон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати иштирок дар ҳаёти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо таҳия гардидааст. Барои амалишавии ин барнома беш аз 15 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. 
Чанде қабл дар Маҷлиси намояндагон вобаста ба вазъи иҷрои Барномаи давлатии “Муҳити дастрас” барои солҳои 2021-2025 муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардида буд.
Зимни он муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки ҳифзи иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, пайваста барои дастгирии ин табақаи осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Шахсони имконияташон маҳдуд зери ғамхории давлату Ҳукумат қарор доранд.
То 1 январи соли 2023 дар ҷумҳурӣ 159 ҳазору 146 маъюб сабт шудааст, ки 32 ҳазору 382 нафари онҳо кӯдакон мебошанд. 
Амалишавии Барномаи давлатии “Муҳити дастрас” барои солҳои 2021-2025 вазорату идораҳои марбутаро вазифадор менамояд, то барои дастрасии бемамониати маъюбон ба иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ, инчунин, риояи қоидаҳои истифодаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, автомобилии байнишаҳрӣ ва нақлиёти мусофиркаш, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
– Сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда талаботи қонунгузорӣ дар баъзе маврид иҷро намешавад. Нақлиёти ҷамъиятӣ, ки хизматрасониашон шарти муҳимтарин ба ҳамгироии иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, дар бисёр ҳолат ба ниёзҳои маъюбон мутобиқ нест, – зикр карда буд Гулбаҳор Ашӯрзода, вакили Маҷлиси намояндагон.
Асадулло Зикрихудоев, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, дар як суҳбат вобаста ба мушкилоти ин қишри ҷомеа чунин ибрози назар карда буд: “Мушкилоти асосӣ вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии маъюбон мебошад. Дар баробари ин, вазъи душвори ҷисмонӣ барои фаъолияти маъюбон, ташкили муҳити зисти дастрасро ба таври таъҷилӣ тақозо менамояд. Сохтмони бинову иншоот дар ҳама гӯшаи кишвар зидёд шудааст, вале, мутаассифона, дар аксарашон талаботи шахсони маъюбиятдошта ба инобат гирифта намешавад. Ин дар ҳолест, ки меъёрҳои сохтмонӣ онро талаб мекунанд”.
Бино ба иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2022 зиёда аз 170 бинои истиқоматӣ бо назардошти шахсони имконияташон маҳдуд мавриди истифода қарор гирифтааст. 
Изҳори итминон менамоем, ки пас аз тасдиқ гардидани Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти ҷойдошта марҳила ба марҳила ҳалли худро пайдо менамояд, зеро тибқи моддаи 4 Конвенсия, давлатҳои иштирокчӣ уҳдадоранд татбиқи пурраи ҳамаи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосии маъюбонро бе ягон табъиз аз рӯи нишонаҳои маъюбӣ таъмин ва ҳавасманд гардонанд. Гузашта аз ин, таъсис ёфтани сохтори алоҳида вобаста ба шахсони дорои маъюбиятдошта дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар назар аст.     
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.08.2023 №: 156
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив