ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОБШАВИИ ПИРЯХҲО ОҚИБАТҲОИ НОМАТЛУБ ДОРАД

ОБШАВИИ ПИРЯХҲО ОҚИБАТҲОИ НОМАТЛУБ ДОРАД

09 август 2023, Чоршанбе
92
0
 
Дар шароити ҷаҳонишавиии муосир ва бархӯрди манфиатҳои миллӣ, ҳифзи муҳити солим ҳамчун заминае мебошад, ки ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро таъмин менамояд. Дар соҳаи муносибатҳои экологӣ ҳамаи проблемаҳои мавҷуда ба соҳаҳои алоҳида ҷудо карда мешаванд. Дар байни ин мушкилоти экологӣ, яке аз тамоюлҳои муосир ин проблемаи обшавии пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ мебошад. 
Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит кардааст, ки дар раванди ҳалли мушкилоти мавҷудаи экологӣ бо мақсади устувории экологӣ муваффақ гаштани кишварҳо дар алоҳидагӣ  имконнопазир аст. Барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти экологӣ зарур аст, ки тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дастаҷамъона амал намоянд. 
 Бояд гуфт, ки солҳои охир аз таъсири манфии гармшавии иқлим обшавии пиряхҳо мушоҳида мегардад, ки ин метавонад оқибатҳои номатлуберо ба мисли тақсимоти нодурусти об дар обанборҳои сунъӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, киштзорҳо, маҳалҳои аҳолинишин ба миён орад. 
Ҷанбаи дигари муҳими тағйирёбии ҷаҳонии иқлим таъсири он ба захираҳои оби тозаи ҷаҳон мебошад. Маълум аст, ки об манбаи ивазнашавандаи дорои аҳамияти бузург барои рушди устувор, таъмини ҳаёт, саломатӣ ва некуаҳволии аҳолии сайёра мебошад.            
Бинобар тағйирёбии иқлим, мушоҳидаҳои бесобиқаи ҳарорати миёнаи сайёраи Замин ва муайян намудани оқибатҳо барои ҳаёти инсон, олами набототу ҳайвонот ва пиряхҳои кишвар зарур аст, ки тадқиқоти муҳим анҷом дода шаванд. Дар шароити тағйирёбии иқлим, махсусан дар ноҳияҳои хушки сайёра масъалаи бо об таъмин намудани соҳаҳои иқтисодиёт, ки ба захираҳои оби тоза вобастаанд, хеле тезутунд мебошад. Ташвишовар ин аст, ки солҳои охир захираи оби тоза кам ва сифаташ бад мешавад. Дар робита ба масъалаҳои экологӣ, махсусан ҳифзи ғизо, токсикологияи ғизо мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, мустаҳкам кардани алоқаҳои берунӣ барои беҳтар сохтани вазъияти ҳозираи захираҳои пиряхҳо, нигоҳ доштан ва ҳифзи онҳо аҳамияти калон дорад. 
Бояд гуфт, ки тамоми ҳадафҳои мамлакати мо ҷиҳати рафъи оқибатҳои экологӣ барои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, характери олӣ доранд ва тамоми чорабиниҳо бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дурнамои миёнамуҳлат ва пешбинишудаи ин бахшро фаро мегиранд.
Масъалаҳои ҳалталаби муосир, аз ҷумла мушкилоти тағйирёбии иқлим, таваҷҷуҳи махсусро тақозо мекунанд, зеро таъсири он ба захираҳои об, махсусан пиряхҳо, хеле ташвишовар аст. Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором 23 апрели соли 2022 таъкид доштанд, ки Тоҷикистон низ дар доираи таъсири тағйирёбии иқлим тайи чанд даҳсолаи охир беш аз ҳазор пиряхро аз даст дода, ҳамасола аз обхезӣ, хушксолӣ, ки бо ин раванд вобаста аст, азият мекашад. Бо дарназардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки барои таваҷҷуҳ ба ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муайян ва эълон карда шаванд. Зимнан, ҳамаи кӯшишҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар натиҷа доданд. Боиси хушнудист, ки дар асоси қатъномаи махсус пешниҳодҳои Президенти кишвар дастгирӣ ёфтанд ва  соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуд, инчунин, аз оғози соли 2025 ҳамасола 21 март – Рӯзи ҷаҳонии  пиряхҳо таҷлил мешавад. Ғайр аз ин,  Фонди байналмилалӣ дар СММ барои мусоидат ба ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе соли 2025 баргузор мегардад.
 
Гулзода МУҲСИНҶОН, 
сармутахассиси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ёвон
Санаи нашр: 08.08.2023 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив