ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ. ВАРЗИШГАРОН ХОТИРАИ ҚУРБОНИЁНИ САДАМАИ НАҚЛИЁТИРО ГИРОМӢ ДОШТАНД

ФУТБОЛ. ВАРЗИШГАРОН ХОТИРАИ ҚУРБОНИЁНИ САДАМАИ НАҚЛИЁТИРО ГИРОМӢ ДОШТАНД

11 август 2023, Ҷумъа
7
0


Бозии даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои “Хатлон” ва “Равшан” бо дақиқаи хомӯшӣ ба хотираи фавтидагони садамаи нақлиётӣ, ки 6 август дар шаҳри Кӯлоб рух дода буд, оғоз гардид.
Тибқи иттилои Лигаи футболи кишвар, дар ин вохӯрӣ мизбонон – “Хатлон” бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд. 
Дар қувваозмоии дастаҳои КМВА ва “Ҳосилот” ҳам бозигарон бо овезаи “Мардуми Кӯлоб мо бо шумо ғамшарикем” ҳамдардии амиқи худоро ба пайвандони нафарони ҳалокгашта расонданд.
Зӯрозмоии ин дастаҳо бидуни гол хотима ёфт. 
Рақобати клубҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” низ бо дақиқаи хомӯшӣ шуруъ шуд. Дар ин бозӣ мизбонон ба дарвозаи тими “Регар-ТадАЗ” панҷ голи беҷавоб заданд. 
Ду нерусанҷии дигар байни дастаҳои “Хуҷанд” – “Эсхата” ва “Кӯктош” – “Файзканд” 9 август баргузор мегардад. 
Бояд гуфт, ки пас аз рух додани ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоб дастаҳои футбол ҳам ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳори тасаллият баён намуданд. Дастаи маҳаллӣ – “Равшан” дар саҳифаи фейбукиаш навишт, ки “бо мардуми шаҳри Кӯлоб ғамшарикем. Худованд ба наздикону пайвандони гузаштагон сабр диҳад”. 
– Роҳбарияти дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор ба онҳое, ки азизтарин нафарони худро дар ин воқеаи мудҳиш аз даст додаанд, изҳори тасаллияти амиқи хешро баён намуда, ба наздикону пайвандони гузаштагон аз даргоҳи Худованди меҳрубон сабри ҷамилро хоҳонем, – омадааст дар саҳифаи  “Ҳосилот”.
Клуби футболи “Хуҷанд” зери унвони “Кӯлоб мо бо шумоем!” навишт, ки “мо ба сокинони шаҳри Кӯлоб, ки дар фоҷиаи дирӯз наздикони худро аз даст додаанд, таслияти амиқ баён мекунем. Ба осебдидагон шифои комил орзумандем”.
Ёдовар мешавем, ки дар фоҷиаи мудҳиши нақлиётӣ 11 нафар ҷони худро аз даст дода, чанд нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт. 

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш

Санаи нашр: 09.08.2023 №: 160 - 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив