ФАРҒОНА. КОНИБОДОМ ВА БЕШАРИҚ ҲАМКОРИҲОРО ТАВСЕА МЕБАХШАНД
Тоҷикистону Ӯзбекистон ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар ва ҳамкорони стратегӣ мебошанд. Хушбахтона, ин ду мамлакат ба тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманд дар самтҳои гуногун таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.
Рушди ҳамкориҳои ду ноҳияи ҳаммарзи вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон – Конибодом ва Бешариқ, дар ин росто, метавонад ҳамчун мисоли равшан хидмат кунад.
Дар заминаи чунин ҳамкориҳо як гурӯҳ собиқадорони меҳнат ва наврасони конибодомӣ таҳти сарварии раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасинзода ба ноҳияи Бешариқ ташриф оварданд. Дар посгоҳи гумрукии "Андархон"-и ноҳияи Бешариқ меҳмононро зери садои карнайю сурнай ва дафу доира бо нону намак истиқбол гирифтанд. Парчамҳои ду кишвар болои сар парфишонӣ менамуданд ва шиорҳои талқинкунандаи дӯстиву рафоқати миёни тоҷикону ӯзбекон ҳар ҷо овезон буданд. Дар чеҳраи ҳамаи иштирокчиён нишоту сурур ҷилва мекард.
– Ҳамкориҳои ноҳияи Бешариқ ва шаҳри Конибодом рушд менамоянд. Бешак, натиҷаҳои он ба манфиати ду мамлакат ва ду халқи дӯсту бародар хидмат хоҳанд кард. Хусусан, аз тавсеаи робитаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мардуми ду самти марз хурсанду розианд. Риштаҳои дӯстиву рафоқат беш аз пеш мустаҳкам мегарданд, – гуфт дар маросими пешвозгирии меҳмонон ҳокими ноҳияи Бешариқ Расулҷон Ҷӯраев.
Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати даъвати меҳмонони тоҷик раиси Шурои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон дар вилояти Фарғона Эркинҷон Нуралиев саҳми калон гузоштааст. Ҳоло 10 нафар собиқадори меҳнат ва 50 нафар навраси тоҷик дар фароғатгоҳҳои ноҳияи Бешариқ истироҳат хоҳанд кард.
– Барои наврасон дар фароғатгоҳи тобистонаи «Товул» ҷой омода намудем. Дар ин фароғатгоҳ, ки “Фароғатгоҳи дӯстӣ” унвон гирифтааст, фарзандони ду миллат дар фазои дӯстиву рафоқат истироҳат хоҳанд кард. Барои хушу хуррам сипарӣ намудани муддати фароғати онҳо тамоми шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Дар нақша – чорабиниҳои маънавию маърифатӣ, бозиҳои шавқовар, мусобиқаҳои варзишӣ ва сайру саёҳат ба ҷойҳои тамошобобу таърихии вилояти мо низ, ворид гардидааст. Бачаҳои тоҷик, аллакай, бо ҳамсолони ӯзбеки худ дӯстӣ пайдо кардаанд, ки боиси сарфарозист, – гуфт ба хабарнигори “Ҷумҳурият” ноиби ҳокими ноҳияи Бешариқ Отабек Алиматов.
Ӯ афзуд, ки собиқадорони меҳнати шаҳри Конибодом дар маркази саломатии "Кӯли тиллоӣ"-и фароғатгоҳи Рапқон маскан гирифтаанд. Ба гуфтаи Отабек Алиматов, он ҷо низ, сояву салқин, табиаташ хурраму зебо, ҳавояш тоза мебошад.
– Меҳмонони тоҷикистонӣ 12 рӯз дар фароғатгоҳҳои ноҳияи мо истироҳат мекунанд. Онҳо дар ин муддат ба якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Фарғона ташриф меоваранд ва бо ёдгориҳои таърихӣ, осорхонаҳо ва ҷойҳои ҷолиби диққати он ошно мешаванд. Инро ҳам метавон нишонаи ҳамфикрӣ ва ҳусни тафоҳуми байни халқҳои ӯзбеку тоҷик арзёбӣ кард, – изҳор намуд Отабек Алиматов дар идомаи суҳбат.
Наврасони тоҷик рӯзи аввали ташрифи худро аз тамошои ҷойҳои дидании шаҳри Қӯқанд оғоз намуданд. Хусусан, тамошои осорхона, воқеъ дар Ӯрдаи Худоёрхон ва намоишномаи”Дилшоди баҳодур”-и Театри драмаи мусиқии шаҳри Қӯқанд барои наврасони тоҷик хеле таассуроти амиқ боқӣ гузошт.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни сафари корӣ ба вилояти Фарғона ба мутасаддиёни вилоят дастур додааст, то сохтмони пули болои рӯдхонаи Сирро дар фурсати наздиктарин ба анҷом расонанд. Гуфта мешавад, ки ин пул ноҳияи Бешариқро бо ноҳияи Ашт мепайвандад ва дар сурати анҷоми сохтмони он сокинони ноҳияи Исфара ба ҷои 200 километр 35 километрро тай карда, худро ба ноҳияи Ашт мерасонанд.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, вилояти Фарғона
Санаи нашр: 16.08.2023 №: 164
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)