ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “СУРУД ВА МУСИҚӢ  ОЁ ФАННИ БЕАҲАМИЯТ АСТ?”

“СУРУД ВА МУСИҚӢ  ОЁ ФАННИ БЕАҲАМИЯТ АСТ?”

16 август 2023, Чоршанбе
88
0
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Суруд ва мусиқӣ оё фанни беаҳамият аст?»-ро, ки дар шумораи №80 (24691)-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 18 апрели соли 2023 чоп шудааст, мавриди омӯзиш қарор дод.
Тибқи Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024, минбаъд фанни “Суруд ва мусиқӣ” дар зинаи ибтидоӣ (синфҳои 1-4) 1 соат дар як ҳафта ва таҳсилоти умумии асосӣ дар синфҳои 5-6 низ 1 соат дар як ҳафта дар асоси стандарт ва барномаи махсус таълим дода мешавад. Дар синфҳои ибтидоӣ ин фанро омӯзгорони ихтисосманди  соҳа, ки маълумоти олӣ ва ё миёнаи касбии тахассуси синфҳои ибтидоӣ доранд, таълим медиҳанд. Ин омӯзгорон дар раванди таҳсил дар муассисаҳои миёна ва олии касбӣ асосҳои методикаи таълими “Суруд ва мусиқӣ”-ро ҳам омӯхтаанд.  Дар синфҳои 5-6 дар аксари муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои кишвар фанни мазкурро мутахассисони дорои маълумот ва ихтисоси соҳаи санъат ва мусиқӣ дарс медиҳанд. 
Иштироки фаъолонаи хонандагони кишвар дар ҳама даврҳои Озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” шаҳодати маҳорат ва малакаи онҳо дар суруд ва мусиқӣ мебошад.
Дар боғча ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба кӯдакону наврасон суруду оҳангҳое омӯзонда мешаванд, ки хусусияти миллӣ ва фарҳангӣ дошта, дар тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии онҳо ёрӣ мерасонад. 
Дар Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 дар баробари фанҳои физика, химия, биология, география, математика ва технологияи иттилоотӣ фанни суруд ва мусиқӣ низ ворид шудааст, ки илова ба кабинетҳои мавҷудаи ин фан ва асбоби то ин давра харидоришуда то соли 2025 барои 1440 кабинети суруд ва мусиқӣ харидории асбоби мусиқӣ ба маблағи 1 440 000 сомонӣ дар назар аст. 
Вазорати маориф ва илм пайваста навиштаҳои рӯзноманигорон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро мавриди омӯзишу корбарӣ қарор дода, пешниҳодҳои судмандро дар фаъолияти ҷорӣ мавриди истифода қарор медиҳад.
 
«МТС. ОМӮЗГОР НАМЕРАСАД.  ЧӢ БОЯД КАРД?» 
Масъулони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «МТС. Омӯзгор намерасад. Чӣ бояд кард?»-ро, ки дар шумораи №128(24739)-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 21 июни соли 2023 чоп шудааст, омӯхтанд. 
Тибқи дархости пешниҳодкардаи сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсати маорифи вилоятҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар муассисаҳои кишвар барои соли таҳсили 2022-2023 ба 3434 нафар кадри омӯзгорӣ эҳтиёҷ доштанд. 
Дар ин робита тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм 4347 мутахассиси ҷавон (равияи омӯзгорӣ) ба муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба кор фиристода шуданд, ки ба ҳолати 14 апрели соли ҷорӣ 2808 (64,5%) мутахассис ба ҷойи кор ҳозир гардид.
Ҳамзамон, ҷиҳати бартараф кардани норасоии кадрҳои соҳа ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» дар соли 2022 аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маълум гардид, ки 128 омӯзгори ҷавон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтани хонаи истиқоматӣ, 9  кас бо қитъаи замин барои боғдорӣ ва полизкорӣ ва 315 кас бо қарзи имтиёзнок таъмин шуданд. Дар маҷмуъ, 452 мутахассис аз имтиёзҳои муқарраргардида  бархурдор гардид. 
Ҳамчунин, аз ҳисоби хатмкардагон ва донишҷӯёни  гурӯҳҳои ғоибхон ва шартномавӣ, аз нигоҳубини кӯдак баргашта, омӯзгорони собиқадор ва аз муҳоҷирати меҳнатӣ омада 7858 омӯзгори ихтисосманд ба кор баргаштаанд. Аз ин теъдод ба  ВМКБ 271, Хатлон 3481, Суғд 1701, шаҳри Душанбе 331 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2074 омӯзгор рост меояд.
 
 “ДАР ОБОДӢ АЗ ВАЙРОНӢ МЕГӮЕМ”
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як масъалаи дар матбуот матраҳшударо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор медиҳад. Дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз 15 майи соли 2023, №100-101 таҳти унвони “Дар ободӣ аз вайронӣ мегӯям. Чанд сухан аз ҳоли табоҳи Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров” мақолае нашр гардидааст, ки муҳтавои он дар сарлавҳа дарҷ аст.
Мутаассифона, мақолаи мазкур ба самти фаъолияти Вазорати маориф ва илм ва сохторҳои он алоқаманд набуда, дар ҳолати зарурӣ ниҳоди мо омода аст, то ҳамоишҳои илмиро вобаста ба ҳаёту фаъолияти адабиётшинос Соҳиб Табаров дар донишкадаву донишгоҳҳои кишвар ташкил ва баргузор кунад.
 
“РАВОНШИНОСӢ. НАБУДАНИ МУТАХАССИСОН МОНЕИ ДАСТОВАРДҲОИ БУЗУРГИ ВАРЗИШӢ АСТ”
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Равоншиносӣ. Набудани мутахассисон монеи дастовардҳои бузурги варзишӣ аст»-ро, ки дар шумораи №103 (24714)-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 17 майи соли 2023 нашр гардидааст, омӯхт.
Дар асоси талабот ва пешниҳоди сарраёсату раёсат ва шуъбаҳову бахшҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 2 то 31 майи соли 2022 дар 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 13 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тақсимоти мутахассисони ҷавон (равияи омӯзгорӣ) баргузор гардид. 
Дар асоси ин тақсимот, 52 кас бо ихтисоси равоншиносӣ, 65 кас бо ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва 150 кас бо ихтисоси омодагии дифои ҳарбӣ ҷиҳати фаъолият ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд.
Қобили зикр аст, ки айни ҳол дар 11 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисоси равоншиносӣ мутахассисон омода карда мешаванд.
 
Раҳим САИДЗОДА, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Санаи нашр: 15.08.2023 №: 164
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив