ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАРОТАР АЗ ЯК ФАРИШТА Ё ТАВСИФИ САРБОЗ АЗ МОДАР ДАР ХАТТИ МАРЗ БО ҲАМЯРОҚАШ

ФАРОТАР АЗ ЯК ФАРИШТА Ё ТАВСИФИ САРБОЗ АЗ МОДАР ДАР ХАТТИ МАРЗ БО ҲАМЯРОҚАШ

22 август 2023, Сешанбе
37
0
 
Ӯ офаранда аст, ки бо инояти Парвардигор мову туро ба олами ҳастӣ овард.  Ману ту парвардаи домони поку дастони гарм ва оғӯши нарми ӯ ҳастем. Ӯ бо ҳамин меҳрубонӣ дар ниҳоди ману ту меҳрро ҷорӣ кард. Ӯ бо тинати зебояш зиндагӣ ва ҳаётро зебо намуд. 
Ӯ дорои қудратест, ки бо як даст дунёи маву туро такон медиҳад. Танҳо ӯ қодир аст, ки барои ҳифзи ҷони ману ту, ҳатто бо шер дар набард шавад. 
Ӯ мубориз аст, муборизи роҳи рости зиндагии ману ту. Қудрати ману ту то соатҳо рост будан дар хатти марз аз бузургии ӯ сарчашма мегирад, зеро ӯ ягона касест, ки солҳо қудрати шабзиндадорӣ карданро дорад. 
Ӯ намунаи олии як ватандӯст аст. Ӯ бо муҳаббати худ меҳри Ватанро дар ниҳоди ману ту ҷо кард.
Ёд биёр! Вақте ки бо амри Ватан дар хатти марз саф кашидем, чеҳраи кӣ пеши назарат нахуст омаду ҳисси миллият боло гирифт? Бале, чеҳраи ӯ. Ту қодир будӣ ба хотири дифои ӯ ҷонатро диҳию ба ӯ газанде нарасад. Ҳамин хислат дар рагу пайванди ману ту маҳз аз ӯ сарчашма мегирад. 
Ӯ роздор ва бовари ману ту дар зиндагӣ аст. Вақте қариб буд, дар муҳосираи душман афтӣ, охирин хоҳишро ба ӯ кардӣ! Ба ӯ гуфтӣ, ки дар ҳолати ягон ҳодисаи нохуш рух додан, манаҳатро бо парчами Ватан банданду дафнат кунанд. Чаро ин ҳамаро аз ӯ хоҳиш кардӣ? Барои он ки ӯ намоди боварии ману туст. 
Туро намедонам! Вале ӯ барои ман фаришта дар рӯи Замин аст. 
Ӯ аввалин устодам аст! Ӯ касе аст, ки дар ҳама ҳолат бо ӯ такя мекунам, зеро аввалин бор болои по рост истоданро ӯ ба ман омӯхт. Ӯ бароям қадам заданро омӯзонд. Ӯ бо тинати зебояш баъди афтидан дубора боло шуданро бароям талқин кард.  Бо ӯ дар набарди зиндагӣ устуворам, зеро ягона касе аст, ки маро дар дилхоҳ ҳолат танҳо намемонад. Ман ба ӯ эътимод дорам! Ӯ тамоми камбудиҳои маро мебахшад, зеро ӯ бахшоянда аст. Ӯ фаротар аз як фаришта аст. Ӯ бароям зеботарини дунё аст, зеро ӯ модарам аст!
 
Шодихони НАЗАР,  рӯзноманигор
 
Санаи нашр: 22.08.2023 №: 169
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив