ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО И ЛЯНХУН  

ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО И ЛЯНХУН  

25 август 2023, Ҷумъа
16
0
  
23-юми август сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Ханҷоуи музофоти Чжэтзян идома ёфт.
Дар ин  рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Котиби Кумитаи ҳизбӣ, раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии музофоти Чжэтзян муҳтарам И Лянхун мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳбарияти ҳизбии музофот   барои истиқболу меҳмоннавозии самимӣ миннатдорӣ баён намуданд.
Иброз гардид, ки ба шарофати саъй ва талошҳои муштараки роҳбарони ду давлат шарикии стратегии Тоҷикистону Чин пайваста тақвият меёбад.
«Ба давлатҳои мо муносибатҳои мутақобилаи сатҳи баланду эътимодбахши сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ хос аст. Дар ин раванд, равобити байнипарламентӣ ва байниҳизбӣ мавқеи муассир доранд»,– таъкид шуд дар рафти мулоқот.
Ҷонибҳо ба сатҳи  ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байнидавлатӣ  баҳои баланд дода, барои  рушди минбаъдаи муносибатҳои байни шаҳрҳову минтақаҳои Тоҷикистону Чин изҳори омодагию ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Зимни мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои музофоти Чжэтзян дар бахшҳои аграрӣ, энергетика, тиҷорати электронӣ, роҳсозӣ, сайёҳӣ, саноати кӯҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Санаи нашр: 25.08.2023 №: 172
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив