ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ.  БАРДОШТ АЗ ЯК ҶАЛАСАИ МУҲИМИ ВАЗОРАТ

МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ.  БАРДОШТ АЗ ЯК ҶАЛАСАИ МУҲИМИ ВАЗОРАТ

30 август 2023, Чоршанбе
39
0
 
Дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе бо иштироки Шаҳноза Нодирӣ Анвар, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, сафоратҳо, шарикони рушд, донорҳо, созмонҳои байналмилалӣ, олимону коршиносони соҳавӣ, масъулони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва хабарнигорони воситаҳои ахбори омма ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар самти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид. 
 
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Шаҳноза Нодирӣ Анвар гуфт, ки ҳадафи асосии ҷаласа ҷалби донорҳо ва шарикони рушд ҷиҳати мусоидат ба раванди ислоҳоти соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муаррифии Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, тавсеаи шуғли пурмаҳсул барои сокинони ҷумҳурӣ, инчунин, фароҳам овардани имконият барои гузарондани таҳқиқоти равандҳои танзими муҳоҷират мебошад. 
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо мақсади иҷрои ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рақамикунонии босуръати иқтисоди миллӣ ва ташаккул додани заминаи технологии он дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди инфрасохтори ҷумҳурӣ ва хизматрасонии рақамӣ дар доираи ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо тадбирҳои амалӣ андешида истодааст. Дар ин самт соли дуюм аст, ки Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар самти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолият дошта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ ҳамкории бисёрҷонибаро бо шарикони рушд амалӣ менамояд. 
Таъкид шуд, ки Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 якҷо бо нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли равон қабул гардида, мақсад ва вазифаҳо, таҳлили вазъи кунунӣ, мушкилот, нишондиҳандаҳо, самтҳои асосӣ ва механизмҳои амалисозии сиёсати давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. Аз тарафи Вазорат Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират то соли 2040 ва нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 муаррифӣ ва лоиҳаи барномаи рақамикунонии «Системаи ягонаи иҷозатдиҳии Хадамоти муҳоҷират» рӯнамоӣ гардид.
Зимни ҷаласа самтҳои нав ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ пешниҳод шуда, иштирокдорон, аз ҷумла шарикони рушд, оид ба амалӣ шудани онҳо ибрози назар намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва рушди минбаъдаи соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, таҳсили ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон пешниҳоду тавсияҳои судманд пешкаш гардиданд.
 
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 29.08.2023 №: 174
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив