ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. БОЗТОБИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲА ДАР СУҲБАТИ ИХТИСОСӢ

СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. БОЗТОБИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲА ДАР СУҲБАТИ ИХТИСОСӢ

30 август 2023, Чоршанбе
139
0
 
Дар ҷумҳурӣ то аввали моҳи июли соли равон шумораи нафақагирон ба 768976 кас расид, ки нисбат ба соли гузашта 7664 нафар беш аст. Талаботи моҳонаи нафақа низ дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда афзуда, 261,2 миллион сомониро ташкил кард. Ҳоло дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби пардохти нафақа қарздорӣ вуҷуд надорад. 

Аз шумораи нафақагирон 159443 нафарро маъюбон ташкил медиҳанд, ки дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли сипаришуда 236 кас кам аст. Ҳаҷми маблағи нафақаи маъюбон дар як моҳ ба 51,7 миллион сомонӣ баробар мебошад.


ЧОР ҲОЛАТИ ГИРИФТАНИ НАФАҚАИ ФАВТИДАГОН ОШКОР ГАРДИД
Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт, ки давоми нимсолаи аввали соли равон аз тарафи Агентӣ чор ҳолати гирифтани нафақаи фавтидагон аз тарафи наздикони онҳо ошкор гардид. Ҳолатҳои мазкур бинобар сабаби нофаҳмии наздикон ба миён омада, ҳангоми гузарондани санҷиш нафақаи онҳо бозпас гардонда шуд. 
Мувофиқи маълумот, ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тайи шаш моҳ аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, ки як миллиарду 928,2 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, як миллиарду 914,3 миллион сомонӣ ворид гашт. Тибқи таҳлилҳо, қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа як миллиарду 661,8 миллион сомониро ташкил дода, пурра иҷро гардид. 
 
294,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЁРИПУЛИҲОИ ИҶТИМОӢ
Барои маблағгузории саривақтии нафақаву ёрипулиҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Агентӣ 294,8 миллион сомонӣ ҷудо гашт. Дар натиҷаи тадбирҳои пайваста дар самти риояи низоми ҳисоботсупорӣ ва пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо андозсупорандагон, кормандони сохторҳои тобеи Агентӣ дар вилояти Суғд ба дастоварди назаррас ноил шуда, бе ҷалби ёрии молиявӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамарказондашуда ба иҷрои вазифаи пурра маблағгузорӣ намудани талаботи пардохти нафақа сарбаландона муваффақ гаштанд. Инчунин, Федератсияи иттифоқҳои мустақили касабаи Тоҷикистон барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд дар истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ, беш аз 3,8 миллион сомонӣ маблағгузорӣ кард.
Дилмурод Давлатзода таъкид намуд, ки хароҷоти ҳаққи хизматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба нафақагирон дар ҳаҷми 7,6 миллион сомонӣ аз тарафи Агентӣ ба КВД БАҶТ «Амонатбонк» пардохт гардид. 
Дар нимсола бо мақсади таъмини амалисозии саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли равон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз июли соли равон андозаи нафақаҳои шаҳрвандоне, ки  ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин шудааст, 20 дарсад аз андозаи нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақаи суғуртавӣ таъин гардидааст, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир 16 дарсад индексатсия шуд. Аз тарафи Агентӣ ҷиҳати иҷрои Фармони мазкур аз якуми июли соли равон нафақаи беш аз 748 ҳазор нафар бозҳисобӣ шуда, андозаи миёнаи нафақа ба 375,53 сомонӣ расид. 
– Бо мақсади таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, ки берун аз ҷумҳурӣ фаъолияти меҳнатӣ доранд, Агентӣ дар доираи ваколатҳои муқарраргардида ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо дигар кишварҳои ҳамсоя дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа силсилачорабиниҳо гузаронд. Ҷиҳати татбиқ намудани Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа «Созишномаи маъмурӣ байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия» оид ба татбиқи Шартнома миёни Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа сеюми марти соли равон дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. Созишнома бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз июни соли равон тасдиқ гардид. Илова бар ин, аз тарафи Агентӣ лоиҳаҳои Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа байни Вазорати сиёсати иҷтимоии Украина дар соҳаи таъмини нафақа ва Ҷамъияти саҳомии ғайритиҷоратии корпоратсияи давлатии Ҳукумат барои шаҳрвандон дар соҳаи таъмини нафақаи Ҷумҳурии Қазоқистон, тибқи тартиби муқарраргардида, таҳия ва дар баррасӣ бо вазорату идораҳои дахлдор аст.
Дар нимсолаи дуюми соли равон Агентӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, барои иҷрои ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ, пардохти саривақтии нафақаву ёрипулиҳои иҷтимоӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. 
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»

 

Санаи нашр: 30.08.2023 №: 175
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив